Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Қиссаҳоеро ба шумо пешкаш менамоем, ки оид ба қисмати фоҷиавии сенздаҳ сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ё “меҳтарсолорӣ” гардида, ки дар китоби “Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта” (муаллифон Ҷамшед Маъруфов ва Гузал Маҳкамова, муҳаррир - Хоҷаев Фазлиддин) ҷой гирифтаанд, нақл мекунанд.
Китоб аз ҷониби ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо мусоидати Эътилофи зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа - 26-уми июн омода карда шудааст.
Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст.
Дар хона кӣ хӯҷаин аст?
Ӯ орзу дошт, ки хизматчии ҳарбӣ шавад ва дар ин ҷода рушди касбӣ дарёбад. Барои ин Рамазон фаъолона ба варзиш машғул шуд ва ихтиёран ба хизмати аскарӣ рафт. Касе намедонист, ки риштаи ҳаёти ӯ дар чунин синну соли ҷавонӣ канда мешавад. Ӯ ҳамагӣ 19 сол дошт...
Рамазон Забиров соли 1997 дар деҳаи Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Аз кӯдакӣ аз ҳамсолонаш бо қомати баланд ва ҷуссаи баҳодурона фарқ мекард. Дар синфи нуҳум бошад, ӯро аслан хатмкунанда гумон мекарданд. Шояд аз ҳамин сабаб писарак мехост дар оянда хизматчии ҳарбӣ шавад ва ба ватан хизмат кунад. Низомии оянда оё аз хизмат мегурезад? Албатта не. Барои ҳамин, пас аз хатми мактаб Рамазон ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ рафт.
Моҳи апрели соли 2016 Рамазон ба хизмати ҳарбӣ ба қӯшунҳои сарҳадии ноҳияи Зафаробод равон карда шуд.
Чор моҳ гузашт. 5-уми августи соли 2016. Сарбозон саф кашида, барои хӯрокхӯрӣ ба ошхона рафтанд. Аз ошхона бӯйи хӯроки муқаррарии сарбозӣ ва нони навпухта меомад. Яке аз куҳнасарбозон тасмим гирифт назди сарбозони навомада худнамоӣ кунад, ки «дар хона кӣ хӯҷаин аст?». 3 маротиба бо мушт ба тахтапушти Рамазон зад, ки пешопеш мерафт ва ӯро пешпоӣ дод. Шаъну шарафи ӯро назди дигарон паст зад ва ба ӯ осеби ҷисмонӣ расонд. Навсарбози пеши ҳама таҳқиршуда дандон ба дандон соид ва хомӯш истод. Куҳнасарбоз бошад, аз нигоҳи оҷизонаи сарбоз худро «гизала», «қаҳрамон» ё чизи аз ҳама даҳшатнок ҳис мекарду беҷазо мондани худро эҳсос менамуд.
Дар чашмони Рамазон ашк давр мезад, аммо сирр бой надода, бо табақчааш андармон шуда менишаст. Иштиҳояш дар як лаҳза гашт, аммо худро ба хӯрок хӯрдан маҷбур мекард, чунки то хӯроки шом хеле вақт монда буд. Дар сари мизи ҳамсоя нафари ӯро хафакарда менишаст ва бо қаноатмандӣ Рамазонро наззора мекард. «Бегоҳ такрор кардан лозим»,- чунин фикр омад дар сари куҳнасарбоз.
Аз набудани афсарон ва сардорҳо истифода бурда, ду сарбози калон бегоҳӣ ба ҳоҷатхонаи қисми сарҳадӣ панҷ навдаъватшударо ҷеғ заданд. Байни онҳо Рамазон ҳам буд. Яке аз онҳо аз сарбозон талаб мекард, ки як қатор истанд, дигараш бошад, бонавбат ба рӯяшон ва баъд бо қундоқи автомат ба тамоми аъзои баданашон мезад.
Навбати Рамазон расид. Ӯ байни навсарбозон аз ҳама қоматбаланд буд. Зарбаи башиддати қундоқи автомат ба гарданаш расид. Сарбоз афтод, аз захм хун фаввора зад ва пас аз лаҳзае ӯ аз ҳаракат кардан монд. Инро дида, куҳнасарбозон шах шуданд. Ба навсарбозон амр доданд, ки хомӯш бошанд ва ҳама пароканда шуданд. Ҳатто касе кӯшиши кумак расонидан ба Рамазонро накарду ҳеҷ касро ба ёрӣ ҳам нахонд. Вақте афсарону сардорҳо баргаштанд, ҷасади аллакай карахтшудаи сарбозро диданд. Табибони омада коре карда натавонистанд…
«Имкони наҷот додани ӯ буд! Вале ба писарам касе ёрии аввалияи тиббӣ нарасонд»,- бо таассуф мегӯяд падари Рамазон - Зокир Забирови 56-сола.
Сабаби марги Рамазонро аз хонаводааш пинҳон карданд. Он рӯзе, ки ҷасади писарро оварданд, волидайн аз ҳуш рафтанд. Чӣ шуд ва чӣ тавр шуд, онҳо намедонистанд. Ягона чизе, ки ба онҳо гуфтанд, дар гардани писарашон доғи калон буд. Дар аввал оид ба заҳролудшавӣ фарзия оварданд. Баъдан эълон доштанд, ки гӯё сарбоз гирифтори нафастангӣ будааст. Аммо касе ба ин фарзияҳои сафсаттамонанд бовар накард, зеро марги зӯроварона бараъло намоён буд.
«Ман бародарони худро худам калон кардаам,- мегӯяд Ҷумъагул, хоҳари калонии Рамазон.- Зиндагӣ мушкил буд. Падару модарам нигоҳубини бародаронамро аз ман хоҳиш мекарданд, чунки бегоҳӣ аз кор дер меомаданд. Рамазон хеле меҳрубон буд. Ҳеҷ гоҳ бо касе занозанӣ намекард, писараки ором буд. Ӯ кам гап мезад, вале ба ман дар корҳои хона кӯмак мерасонд. Ҳоло ҳам бовариам намеояд, ки ӯ дигар нест”.
Ҳоло Ҷумъагул соҳиби оилаи худ аст ва фарзанди хурдсол дорад. Аммо баъди вафоти Рамазон волидон бемор шуданду ӯ маҷбур аст бисёр вақт ба хонаи падараш ояд. Хӯрок мепазад, ҷомашӯӣ мекунад, хонаро рӯбучин мекунад ва танҳо баъди ин ба хонааш меравад.
Моҳи октябри соли 2016 мурофиаи судӣ доир гашт. Бо ҳукми суд ҳарду гумонбари марги Рамазон Забиров айбдор эътироф ва аз озодӣ мутаносибан ба муҳлати 18 ва 20 сол маҳрум шуданд. Сардорҳои онҳо бошанд, хизматро идома медиҳанд…