Пойи луч рӯйи сабза

Қиссаҳоеро ба шумо пешкаш менамоем, ки оид ба қисмати фоҷиавии сенздаҳ сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ё “меҳтарсолорӣ” гардида, ки дар китоби “Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта” (муаллифон Ҷамшед Маъруфов ва Гузал Маҳкамова, муҳаррир - Хоҷаев Фазлиддин) ҷой гирифтаанд, нақл мекунанд.

Китоб аз ҷониби ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо мусоидати Эътилофи зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа -  26-уми июн омода карда шудааст.

Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст.

Пойи луч рӯйи сабза

Дар кӯдакӣ Шаҳбол сохтани тайёрачаҳои қоғазиро дӯст медошт. «Вақте ба воя мерасам, ҳатман лочин мешавам»,- орзу мекард писарак. Аммо қисмат ба таври дигар гардиш хӯрд...

Шаҳбол Мирзоеви 27-сола, сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд, мутахассиси дорои маълумоти олӣ, пас аз бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар хизмат зинда монд, вале то имрӯз дар рахти хоб аст.

Дар бораи тақдири сарбози маъюбшуда бисёриҳо навиштаанд. Шаҳбол то ҳол дар осоишгоҳ хоб асту табобат мегирад.

“Духтур навакак баромад. Метавонед ба назди ӯ дароед”,- хабар дод аз назди даромадгоҳи утоқ падари ӯ Нуъмон Мирзоев. Дар ҳуҷра назди Шаҳбол занеро дидем, ки эҳтиёткорона беморро нигоҳубин мекард. Ӯ Зайтуна - модари Шаҳбол буд.

Ҷавон хост, ки сарашро бардораду бо меҳмонон саломуалейк намояд, аммо натавонист. Зайтуна зери сари писараш як болишти дигар гузошт. Аввалин чизе, ки пеши назари нафари бори аввал Шаҳболро дида меояд, абрӯвони ғафсу зебо ва чашмони сиёҳи ӯст.

Се сол пеш, баъди ҷарроҳиҳо ва табобат табибон пешгӯӣ карда буданд, ки мизоҷ ба зудӣ ба по мехезад. Ҳоло дар ӯ ҳиснамоӣ пайдо шудааст ва ин нишонаи хуб аст. Барои Шаҳбол баъди шаш сол ҳис кардани пойҳояш хурсандии бузург аст. Барои расидан ба ин рӯз ба ӯ лозим омад, ки роҳи дурударозу душвор, озмоишҳои зиёдро паси сар намояд. Зиёда аз даҳ амалиёти ҷарроҳӣ дар дохили кишвар ва берун аз он. Замо

не баҳодури солиму зебо ҳатто тасаввур намекард, ки тақдири ӯ чунин хоҳад буд...

Соли 2013. Шаҳбол Мирзоев факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи тиҷоратии Хуҷандро хатм кард. Мехост дар гумруки фурудгоҳ кор пайдо кунад. Аммо барои ин ӯ бояд як сол ба хизмати ҳарбӣ равад. Ҳамин тавр, ӯ сарбози ихтиёрӣ шуд. Ӯро барои хизмат ба қисми омӯзишии қӯшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ фиристоданд. Шаш моҳ гузашт, ба наздикӣ меҳтар мешавад.

Баҳори соли 2014 дандони Шаҳбол дард кард. Ӯ хост, ки ба табиб, ба қисми тиббӣ муроҷиат кунад. Фелдшери навбатдор, ки рутбаи ҳарбиаш калонтар буд, ба ҷои ёрӣ додан ӯро таҳқир намуд ва талаб кард, ки як маросими пастзанандаи шаъну шарафро иҷро кунад. Шаҳбол қарор дод, ки ба таҳқирҳои фелдшер аҳамият надиҳад ва гузашта равад. Аммо фелдшер ӯро маҳкам дошт ва бо зӯрӣ аз болои сараш гузаронидаву ба замин зад. Пойи Шаҳбол шикаст, вале фелдшер ба ҳолати ӯ аҳамият надода, боз ва боз бардоштану ба замин задани ӯро идома дод. Тавре тафтишот маълум намуд, чунин бардоштану заданҳо понздаҳ маротиба будааст.

Фелдшер аз қувваи худ “роҳат” карда, сипас Шаҳболро дар қисми тиббӣ маҳкам намуда, ваъдаашро гирифт, ки дар бораи ин ҳодиса ба касе чизе намегӯяд. Баъдтар табибон ташхис гузоштанд: шикастани муҳраи панҷуми сутунмуҳра, осеби ҳароммағз, вайроншавии фаъолияти буғумҳои косу рон бо монеагӣ дар роҳҳои пешоббарор... Шаҳбол дигар роҳ гашта натавонист...

Парванда дар суд тӯлонӣ баррасӣ шуд. Пас аз ду соли ҳодиса,

 Прокуратураи ҳарбии шаҳри Душанбе фелдшерро ба муҳлати 9 соли маҳрумият аз озодӣ, навбатдори қисми тиббӣ, зан-афсарро, ки ҷойи корашро монда рафта буд, ба якуним соли корҳои ислоҳӣ бо мусодираи 15% музди меҳнат маҳкум кард. Аммо пас аз якуним сол муҳлати ҷазои фелдшери маҳкумшуда кам 

ва навбатдор пурра авф карда шуд.

Суди ҳарбӣ қӯшунҳои сарҳадиро уҳдадор кард, ки ба оилаи сарбоз барои зарари моддии расонидашуда ҷуброн пардозад. Ин маблағи на он қадар зиёд аст, ки наметавонад ҳатто хароҷоти як амалиёти ҷарроҳиро пӯшонад. Вале ҳамин пули ночиз ҳам ба оилаи Шаҳбол пардохта нашуд.

Барои ҷавони маъюбгардида бошад, ҷарроҳиҳои зиёд, табобату офиятбахшии тӯлонӣ дар пеш меистод. Барои ин ҳама маблағ лозим буд. Падари Шаҳбол муҳоҷири меҳнатӣ, модараш хонашин аст. Дар лаҳзаҳои душвор ба онҳо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дӯстон ва хешовандон дасти ёрӣ дароз карданд.

Пас аз ин ҳодисаи даҳшатнок, зарур аст, ки касе ҳамеша канори Шаҳбол бошад, зеро ӯ мустақилона на хӯрок хӯрда метавонад, на аз ҷой  хестан. Падараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро бас кард. Барои тоб овардан ба сахтии тақдир ва табобат кардани писар ба оила лозим омад, ки аввал тамоми ҳайвонҳои хонагӣ, баъд худи хонаро фурӯшанд. Онҳо муваққатан дар хонаи хешовандонашон ҷой гирифтанд. «Муҳим он аст, ки Шаҳбол ба пой рост шавад, тавонад мустақилона роҳ гардад»,- гуфтанд волидон.

Дар давоми шаш сол волидайн ҳамеша ва дар ҳама ҷо писарашонро ҳамроҳӣ мекунанд. Утоқҳои беморхона, табобатхонаҳо, осоишгоҳҳо барои оилаи онҳо хонаи дуюм шуданд. Ҳар рӯз падар ё модар Шаҳболро бо аробачаи маъюбӣ ба ҳавои тоза мебароранд. Сайругашт аз ду то се соат асосан дар саҳни ҳавлии осоишгоҳ ё беморхона идома меёбад. Шаҳбол сайругашт бо модар ва шунидани нақлҳои ӯро дар бораи даврони кӯдакии хушбахтона, ӯ чӣ хел буд, чиро меписандид ва чӣ орзу мекард, дӯст медорад. Дар чунин лаҳзаҳо ӯ чашмонашро мепӯшад ва ба хотираҳои неки он замон фурӯ меравад.

...”Бубин чӣ гуна баланд парид тайёрачаат,- бо хурсандӣ фарёд кард писарчаи ҳамсоя.- Он баланду баланд, то худи абрҳо парвоз мекунад!”. Шаҳбол хурсандона пойи луч рӯйи сабзаи баланд аз қафои тайёрачаи дар парвоз медавид...

NoTorture.Tj