Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 27-уми июли соли 2020. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз фаъолияташ дар шаш моҳи соли 2020 натиҷагирӣ намуд.
Дар ҳисоботи солонаи Эътилоф, ки дар торнамои www.notorturetj.org дастрас аст, дар баробари маълумоти умумӣ оид ба фаъолияти Эътилоф, фаъолияти Эътилоф ва ташкилотҳои узви Эътилоф оид ба пешгириӣ ва мубориза бар зидди пандемияи Ковид - 19 инчунин қисмҳои алоҳида дар мавриди фаъолияти гуруҳҳои кории Эътилоф - Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ, Гуруҳи офиятбахшӣ, Гуруҳи расонаӣ, Гуруҳи таҳлилӣ ва ғайра пешкаш гардидааст.