Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
«Иҷрои бандҳои Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022»
(Матолиби иштирокчиёни семинар)
Дар доираи семинари омўзишие, ки рўзҳои 17-18-уми августи соли 2020 дар осоишгоҳи «Сатурн» (Ҳисор) баргузор гардид, ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд, то оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матолиби иттилоотӣ омода намоянд.
Дар ин силсила ба таваҷҷуҳатон матолиби аз ҷониби иштирокчиёни семинар омодашударо пешкаш месозем.
“Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари қонунҳои амаликунандаи ҷумҳурӣ, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаҳои Кувваҳои Мусаллаҳ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки ба тавсиб расидааст, ҳамчунин тамоми қонунҳое, ки аз ҷониби ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷахонӣ, ки онро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, амал намуда, барои аз байн бурдани хушунату шиканҷа ва муносибатхои ғайриоинномавӣ пайваста чораҳои заруриро меандешад.
Барои пешгирй намудан аз шиканҷа дар ҷузъу томҳои Кувваҳои Мусаллаҳ камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуда, хар ҳафта рузи ҷумъа машғулиятҳои тайёрии давлатӣ-ҷамьиятӣ бо ҷалб намудани афсарону сарбозон гузаронида шуда, моҳияти Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, Консепсияи корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар Кувваҳои Мусаллаҳ, Консепсияи миллии тарбияи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазон бераҳмона, ғайриинсонӣ, ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Оинномаҳои Кувваҳои Мусаллаҳ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ фаҳмонида мешавад.
Ҳамчунин, вохӯриву семинарҳо дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ташкилоҳтои байдалмилалӣ пайваста гузаронида мешаванд. Ҳамарӯза аз ҷониби командирони ротаҳову отделенияҳо муоинаи бадан гузаронида шуда, ҳар ҳафта як маротиба аз ҷониби кормандони нуқтаҳои тиббӣ муоинаи бадан байни сарбозон гузаронида шуда, табибон ба командиру қисми ҳарбӣ расман гузориш пешниҳод менамоянд.
Дар ҳолати ошкор шудани муносибатҳои ғайриоинномавӣ аз ҷониби сарбозону афсарон ҷабрдидагон то ба итмом расидани тафтишот муваққатан ба қисмхои ҳарбии ба Прокуратураи ҳарбӣ наздикбуда, интиқол меёбанд ва пас аз ба итмом расидани тафтишот ба дигар қисми ҳарбӣ гузаронида мешаванд.
Бояд гуфт, ки қуттиҳои арзу шикояти сарбозон, телефонҳои боварии вазири мудофиа, Прокуратураи ҳарбӣ ва КДАМ аз ҷониби кормандони Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ санҷида мешавад. Дар тамоми қисми ҳарбӣ нуқтаҳои тиббӣ мавҷуданд, ки ҳар як ҳодисаи ғайриоинномавӣ санҷида шуда, чораҳои катъӣ андешида мешавад.
Маврид ба зикр аст. ки нисбат ба солҳои каблӣ имруз дар тамоми ҷузъу томи Вазорати мудофиа рафторҳои ғайриоинномавӣ кам ба назар расида, ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа барои пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар сафи Артиши миллӣ пайваста тадбиру чораҳои заруриро меандешанд.
Сардори Маркази матбуоти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковник Махмадализода Ф.”
Имло ва мавқеи муаллиф ҳифз шудааст.
Матлаби мазкур дар доираи семинари омўзишӣ барои рўзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисон оид ба робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ дар мавзўи "Ҳамкорӣ ва такмили малакаҳо дар масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона" дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амал оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст ва "Пешбурди ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона" бо дастгирии молиявии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад омода гардидааст.