Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
«Иҷрои бандҳои Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022»
(Матолиби иштирокчиёни семинар)
Дар доираи семинари омўзишие, ки рўзҳои 17-18-уми августи соли 2020 дар осоишгоҳи «Сатурн» (Ҳисор) баргузор гардид, ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд, то оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матолиби иттилоотӣ омода намоянд.
Дар ин силсила ба таваҷҷуҳатон матолиби аз ҷониби иштирокчиёни семинар омодашударо пешкаш месозем.
“Шиканҷа ҳар амале, ки ба воситаи он ба ягон шахс қасдан ё бо дигар сабаби ба табъизи ҳама гуна хусусият асосёфта дарду азоби сахти ҷисмонӣ ё руҳӣ расонида мешавад, то ки аз у ё шахси сеюм маълумот ё баёнот гиранд, уро барои амалҳои содиркардаи ӯ ё шахси сеюм ё барои гумонбар шуданаш дар содир намудани ин амалҳо ҷазо доданд, инчунин ӯ ё шахси сеюмро тарсонанд ё маҷбур созанд, агар чунин дард ё азоб аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ ё шахси дигари расмӣ ё бо шурангезии онҳо ё бо огоҳӣ ё розигии хомушонаи онҳо расонида шавад (моддаи 1 Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғйриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф).
Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои ғайриқонунӣ ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (шиканҷа ва дигар муносибатҳои ғайриқонунӣ) ҳуқуқи мутлақ ва дахлнопазири инсон буда, амалияи мунтазами истифодаи он ҳамчун ҷинояти хусусияти байналмилалӣ, зидди инсоният ва вайронкунии ҷиддии ҳуқуқи инсон эътироф шудааст.
Созмони Милали Муттаҳид ва кулли ҷомеаи демократии ҷаҳони шиканҷаро ҳамчун як намуди амали ғаириинсонӣ маҳкум менамоянд ва тибқи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ истифодаи он қатъиян мань карда шуда, дар ягон ҳолат сафед карда намешавад.
Шиканҷа аз дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф бо аломатҳои мақсад, дараҷаи бераҳмӣ, вазнинии дарду алам, таъсир ва оқибат фарқ мекунад.
Шиканҷа ба инсон осеби бисёр сахт расонида, асосан бо усулҳои зерин амалӣ мешавад: задан, аз ҷумла ба панҷаи пой, дар об ғутондан, ба қувваи барқӣ мондан, кашидабарории нохунҳо, овезонидан, вонамуд кардани куштор, маҷбуркунӣ барои иштирок дар шиканҷа, паст задани шахсият, луч кардан, таҷовуз кардан, аз ҷумла бо истифода аз предметҳо ва дигарҳо. Оқибатҳои шиканҷа ин даҳшатовар, ҳисси тарсу шарм, муносибати бад бо наздикону дӯстон, дар оила ва дигарҳо мебошанд.
Дар муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф назар ба шиканҷа камтар азобу мусибат расонида шуда, дар амалҳо ягон мақсад дида намешавад.
Манъи шиканҷа дар Эъломияи ҳуқуқи инсон (Моддаи 5), Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳиои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (моддаҳои 7 ва 10), Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё тахқиркунандаи шаъну шараф (Конвенсияи зидди шиканҷа) ва Протоколи иловагии он, Эьломияи Вена ва Барномаи амали он, Кодекси рафтори шахсони мансабдор оид ба нигоҳ доштани тартиботи ҳуқуқи (1979), маҷмуи принсипҳои ҳифзи ҳамаи шахсоне, ки боздошт ё дар ягон шакл зиндонӣ мешаванд (соли 1988), Принсипҳои одоби тиббӣ (1982), Конвенсияи Женева аз соли 1949, Роҳнамо дар хусуси тафтишоти самаранок ва йуггаткунонии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (Протоколи Инстамбулӣ-соли 2004) ва дигар санадҳои байналмилалӣ пешбини шудааст.
Аз ҷониби Чумҳурии Тоҷикистон Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва протоколи иловаги ба паймони мазкур, конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ба тасвиб расонида шудааст.
Ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалӣ дар самти озодӣ аз шиканҷа - Эъломияи умумии ҳуқиқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (Конвенсияи зидди шиканҷа) аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва устодони факултаи хуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба забони давлатӣ тарҷума ва дар шакли китоби ”Маҷмуи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон” нашр карда шудаанд.
Моддаи 18 Конститутсияи Тоҷикистон, моддаи 143 (1) Кодекси ҷиноятӣ, моддаи 10 Кодекси мурофиавии чиноятӣ, моддаи 10 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, моддаи 12 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурӣ, Қонуни Чумҳрии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароитҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» (м. 3) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи истифодаи шиканҷаро манъ менамоянд.
Ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои ғайриқонунӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро ҳамчун воситаи иловагии ҳифзи ҳуқуқию озодиҳои инсон ва шаҳрванд бетараф гузошта наметавонад, Бо ин дарназардошт пешбурди фаъолият дар самти озодӣ аз шиканҷа яке аз афзалиятҳои Стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳисобида шудааст.
Бо мақсади пешгирии шиканҷа Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо макомоти давлатӣ ва сохторхои ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳоро дар самти санҷиши итгилоотӣ дар шикоятҳо овардашуда, мониторингу санҷишҳо дар муассисаҳои пушида ва нимпушида, пешниҳоди таклифҳо ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва қонунгузории амалкунанда, маърифатнокии аҳолӣ анҷом медиҳад.
Мушкилоти истифодаи шиканҷа мунтазам аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мавриди таҳлил қарор дида шуда, натиҷаҳои он дар Маърӯзаи ҳарсола инъикос мегарданд.
Бо мақсади таъсис додани механизми мустақили пешгирикунандаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои ғайриқонунӣ моҳи декабри соли 2013 дар назди Ваколатдор оид ба инсон Гуруҳи мониторинги чойҳои махрумӣ аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ташкилоҳои ҳуқуқҳимоякунанда — аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷкистон таъсис дода шуд.
Гуруҳи мониторингӣ тибқи таъиноти худ аз муассисаҳои пушида ва қисман пӯшида (муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдошти муваққатӣ, муассисаҳои табобати маҷбурӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар муассисаҳои дахлдор) боздид намуда, бо кормандони муассисаҳои зикргардида семинару мизҳои мудаввар доир менамояд.
Гуруҳи мониторингӣ аз оғози фаъолияти худ то имруз (ба ҳолати моҳи августи соли 2020) дар 70 муассисаҳои пушида ва қисман пушида ва 20 қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар умум 90 мониторинг гузаронид. Аз натиҷаи мониторингҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоту идораҳои дахлдор гузоришу тавсияҳо псшниҳод карда шуданд.
Бо мақсади бсҳтар намудани амалияи ҳуқуқтатдиқкунӣ дар самти пешгтрии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои ғайриқонунӣ ва аз байн бурдани онҳо, вазъи ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа зарур аст, ки сиёсати таҳаммулнопазирӣ нисбати амалҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои ғайриқонунӣ фаъол карда шуда, оид ба тафтиши фаврӣ, дақиқ, беғараз ва мустақили ҳамаи муроҷиатҳо дар бораи эҳтимолияти истифодаи шиканҷа ва дигар намудиои муносибатҳои ғайриқонунӣ, инчунин ба ҷавобгари кашидани шахсони гунаҳкор чораҳои саривақтӣ андешида шаванд.
Ашуров Муким Усмонович,
Сардори Шуьбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқиҳои шахрвандӣ ва сиесии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон”
Имло ва мавқеи муаллиф ҳифз шудааст.
Матлаби мазкур дар доираи семинари омўзишӣ барои рўзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисон оид ба робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ дар мавзўи "Ҳамкорӣ ва такмили малакаҳо дар масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона" дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амал оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст ва "Пешбурди ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона" бо дастгирии молиявии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад омода гардидааст.