Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
«Иҷрои бандҳои Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022»
(Матолиби иштирокчиёни семинар)
Дар доираи семинари омўзишие, ки рўзҳои 17-18-уми августи соли 2020 дар осоишгоҳи «Сатурн» (Ҳисор) баргузор гардид, ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд, то оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матолиби иттилоотӣ омода намоянд.
Дар ин силсила ба таваҷҷуҳатон матолиби аз ҷониби иштирокчиёни семинар омодашударо пешкаш месозем.
“Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солхои 2019 — 2022» тавассути шабакаҳои телевизион ва радио як қатор корҳоро анҷом дод.
Дар робита ба ин, шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ гузоришҳои пешнҳодгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ-ро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ мунтазам пахш менамоянд.
Вобаста ба мавзӯи «Пешгирии шиканҷа» «Телевизиони Тоҷикистон» барномаҳои «Ахбори ҷахон», «Тоҷикистон», «Дар мавзӯи рӯз», «Тоҷикистон ва ҷаҳон», «Мавқеъ», «Қонун», «Мурофиа», «Меҳвари сиёсат», «Руирост», «Воқеият» ва «Тавсия»-ро бо иштироки мутахассисони соҳа аз вазорату идораҳои дахлдор омода ва манзури бинандагон намуд.
Муассисаи давлатии ”Телевизиони Сафина“ барномаҳои «Инсон ва ҳуқуқ», «Дар ин замона», «Ҳукм», «Дунё пур аз ҷавонист»-ро таҳия ва пахш намуд, ки дар ин барномаҳо судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зумрат Баротзода, муовини раиси Суди ноҳияи Шоҳмансур Баҳодур Исозода, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода ва ҳуқуқшинос Фаридун Исматуллозода фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо» оид ба масъалаи шиканҷа барномаҳои «Додгоҳ», «Назари хос» ва «Мистар»-ро бо иштироки намояндаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Холиқзода, корманди Суди Олӣ Зуҳуриддин Асрорзода ва муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода таҳия ва пахш намуд.
Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он вобаста ба мавзӯи мазкур барномаҳои «Фурсати баён», «Посухи ҳуқуқшинос» ва «Муошират»- ро ба самъи шунавандагон расонид, ки дар онҳо ҳуқуқщинос Хурсандмурод Саидмурод ва рӯзноманигор Раҳими Карим андешаҳои худро баён намуданд.
Масъалаи ”Пешгирии шиканҷа” дар оянда низ дар меҳвари барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радио қарор гирифта, дар робита ба он барномаҳои гуногуни телевизионӣ ва радиоӣ таҳия ва пахш хоҳанд шуд.
Салоҳзода Аҳлиддин
Кумитаи телевизион ва радиои
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Имло ва мавқеи муаллиф ҳифз шудааст.
Матлаби мазкур дар доираи семинари омўзишӣ барои рўзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисон оид ба робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ дар мавзўи "Ҳамкорӣ ва такмили малакаҳо дар масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона" дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амал оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст ва "Пешбурди ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона" бо дастгирии молиявии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад омода гардидааст.