Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
«Иҷрои бандҳои Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022»
(Матолиби иштирокчиёни семинар)
Дар доираи семинари омўзишие, ки рўзҳои 17-18-уми августи соли 2020 дар осоишгоҳи «Сатурн» (Ҳисор) баргузор гардид, ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд, то оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матолиби иттилоотӣ омода намоянд.
Дар ин силсила ба таваҷҷуҳатон матолиби аз ҷониби иштирокчиёни семинар омодашударо пешкаш месозем.
“Прокуратураи генералии Ҷумхурии Тоҷикистон ҷихати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022, ки аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссия оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, таҳти № 32/3-14 аз 24 январи соли 2019 тасдик гардидааст, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои уҳдадориҳои худ дар самти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа оид ба даври сеюми Ҳисоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсияҳои Гузоришгари вижаи СММ оид ба масъалаҳои шиканҷа диққати ҷиддӣ равона месозад.
Аз чумла, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017 Нақшаи миллии амалҳо оид ба иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои СММ тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2017-2020 қабул карда шуд, ки таҳия ва қабули Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2025-ро пешбинӣ намуда, озодӣ аз шиканҷа яке аз масъалаҳои асосии он ба шумор меравад.
Ҳамчунин, 24 январи соли 2019 Нақшаи миллии амалхо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 тасдиқ гардид. Бояд зикр намуд, ки назорати прокурорӣ кафолати муҳими риояи ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз руи қонунгузорӣ дар ин соҳа мебошад. Масъалаи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона мунтазам мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дода шуда, натиҷаҳои он дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратураҳои вилоятӣ, Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, ҷаласаҳои байниидоравии фаврӣ баррасӣ гардида, ҷихати аз байн бурдани қонуншиканиҳои ошкоршуда чорахо андешида мешаванд.
Аз ҷониби прокурорхо баҳри пешгирии азобу шиканҷа ва дигар усулҳои номатлуби таҳқиқу тафтиш, мунтазам дар утоқҳои хизматии кормандони фаврӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ ва ҳуҷраҳои нигоҳдории муваққатии макомоти корхои дохилӣ санҷишҳои ногаҳонӣ гузаронида шуда, вобаста ба пешгирӣ намудани ин гуна ҳолатҳо ва ҷой доштани дастгоҳу таҷҳизотҳои махсус, ки метавонанд ба сифати олоти азобу шиканҷа истифода шаванд, чораҳои дахлдор роҳандозӣ карда мешаванд.
Дар як вақт корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар мавриди риоя намудани қонунгузорӣ дар самти пешгирии шиканҷа ва дигар тарзу усулҳои номатлуб ба роҳ монда шуда, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ 60 кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, Агентиҳои назорати маводи нашъаовар ва назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷиҳати пешгирӣ намудани азобу шиканҷа вохуриҳо гузаронида шудаанд.
Дар баробари ин, таҳлили қонунгузорӣ ва амалияи тафтиши ҷиноятҳо оид ба шиканҷа, ҷазои бераҳмона ва ғайриинсонӣ гузаронида шуда, баҳри беҳтар намудани фаьолият дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Аз руи ҳисоботи омори давлатӣ дар фаъолияти прокурор (шакли”П”) ҳар се моҳа баҳисобгирии омории муроҷиатҳо оид ба шиканҷа амалӣ карда мешавад.
Вобаста ба иҷрои зербанди 3 банди 1 дар бораи дохил намудани масъалаҳои маньи қатъии шиканҷа оид ба баромадҳои шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ба баромадхои онҳо дар ВАО қайд карданием, ки Прокурори генералӣ дар ҳама баромадҳо ва нишастҳои матбуотии худ норавоии шиканҷаро таъкид намуда, вазъи ошкоркунӣ ва натиҷаи тафтишу баррасии судии парвандаҳои ҷиноятиро оид ба истифодаи шиканҷа шарҳ медиханд.
Ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, бахусус дар раванди таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳо бинобар муҳим буданаш бо дастури Прокурори генералӣ яке аз самтҳои афзалиятноки назорати прокурорӣ ҳисобида шуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он чораҳои дахлдор роҳандозӣ карда мешаванд.
Ҷиҳати иҷрои сархати 4 банди 2-и Нақша-чорабинии мазкур оид ба огоҳсозии ҷомеа дар мавриди далелҳои марбут ба дилхоҳ тафтиши тасдиқи истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона дар соли 2019 ва нимсолаи аввали соли 2020 аз ҷониби кормандони Прокуратураи генералӣ дар зиёда аз 75 идораю ташкилот, муассиса ва ҷамоатҳои деҳот ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ, аз чумла шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона вохуриҳо гузаронида шудаанд.
Вобаста ба ин масъала ҳамчунин аз ҷониби кормандони дастгоҳи Прокуратураи генералӣ дар раёсатҳои кофтукови ҷиноятӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таҳқиқ ва тафтишотии ВКД ҶТ, РВКД дар шахри Душанбе ва вилояти Суғд, АНМН ва як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ вохуриҳо баргузор карда шуданд.
Баҳри иҷрои муқаррароти Нақшаи мазкур дар Прокуратураи генералӣ аз ҳисоби намояндагони Вазорати адлия, Суди Олӣ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи корӣ созмон дода шуда, масъалахои номбурда мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Дар натиҷа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 72, 73, 75 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон” омода карда шуда, ҷиҳати истифода ва коркарди минбаъда ба гуруҳи корӣ, ки тибқи Амри Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, № АП129 аз 30 апрели соли 2019 оид ба таҳияи лоиҳаи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст, пешниҳод карда шуд.
Зербанди банди 19 Нақшаи чорабиниҳо таҳлилу ҷамъбаст намудани ҳолати бақайдгирӣ ва содиршавии ҷиноятҳои марбут ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ, баррасии масъалаи бандубасти дахлдори кирдорҳо тибқи моддаи 1431 КҶ ва тафовутгузории кирдорҳои мазкур аз муносибатҳои ғайриоинномавӣ, инчунин ҷиноятҳои вобаста ба хунукназарӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва ғайраро пешбинӣ менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2015 Консепсия оид ба корҳои тарбиявӣ-сиёсӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.
Дар асоси ин Консепсия Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури методӣ оид ба барҳам додани муносибатҳои ғайриоинномавӣ, ҳолатҳои худкушӣ ва ҷиноятҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастур оид ба пурзур намудани интизоми ҳарбӣ тартибот ва қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудааст.
Ин ҳуҷҷатҳо тартиб, вазифаҳо ва роҳҳои муқобилият бо шиканҷа, тафтиш ва ҳуҷҷаткунонии он, сабабҳои ба муносибати бераҳмона дар артиш мусоидаткунанда, роҳҳои пурзур намудани интизоми ҳарбӣ, ҳамчунин тавсияҳо барои афсарон, ки чӣ тавр пешгирӣ намудани бузургсолорӣ, ба кадом тарзу рафтор бои бештар диққат диҳанд ва чӣ хел бояд пешакӣ амалияи муносибати бераҳмонаро дар қисмҳои ҳарбӣ ошкор намоянд, пешбинӣ менамоянд.
Бо мақсади пешгирӣ, ошкор, бақайдгирӣ ва тафтиши ҳолатҳои вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо ва аз ҷониби командирон баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки боиси расонидани зарар ба саломатии хизматчии ҳарбӣ гаштааст, бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2016 Дастури методӣ барои кормандони фаврии мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва таҳқиқбарандагони ҳарбии қувваҳои мусаллаҳ таҳия карда шудааст.
Ҳамчунин аз тарафи роҳбарияти мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ҳамасола нақша-чорабиниҳои мукаммал оид ба ҳамкории сохторҳои қудратӣ ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои шиканҷа, вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо ва аз ҷониби командирон баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки боиси расонидани зарар ба саломатии хизматчии ҳарбӣ гаштааст, таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудани шиканҷа ва ҳолатҳои лату куби хизматчиёни ҳарбӣ дар ҷойҳо мунтазам коркои тарбиявӣ-профилактикиро роҳандозӣ менамоянд.
Аз ҷониби кормандони прокуратура бо таҳқиқбарандагони ҳарбӣ дар як сол ду бор тренинг оид ба ошкор, пешгирӣ ва тафтиш намудани ҷиноятҳои ҳарбӣ, аз ҷумла вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ аз ҷониби афсарон, прапорщикҳо ва сержантҳо, ки боиси расонидани зарар ба саломатии хизматчиёни ҳарбӣ гаштааст, гузаронида мешавад.
Ба замми ин, аз ҳисоби кормандони прокуратураи ҳарбӣ гуруҳи кории доимоамалкунанда бо ҷалб намудани экспертҳои судӣ-тиббӣ созмон дода шудааст, ки мунтазам бадани хизматчиёни ҳарбиро ҷиҳати мавҷуд будани зарари ҷисмонӣ аз муоина мегузаронанд.
Тибқи қарори Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ ва ғайра аз соли 2012 камераҳои мушохидавӣ насб шудаанд. Дар асоси фармонҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ бо телефони боварӣ ва қуттиҳо барои арзу шикоятҳо таъмин шудаанд.
Прокуратураи генералӣ минбаъд низ дар доираи ваколатҳои худ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии шиканҷа ва амалигардонии тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон чораҳои зарурӣ хохад андешид.
Салимзода СА.
Прокурори Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ
дар мақомоти прокуратура”
Имло ва мавқеи муаллиф ҳифз шудааст.
Матлаби мазкур дар доираи семинари омўзишӣ барои рўзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисон оид ба робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ дар мавзўи "Ҳамкорӣ ва такмили малакаҳо дар масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона" дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амал оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст ва "Пешбурди ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона" бо дастгирии молиявии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад омода гардидааст.