Шуҳрат Саидов: ман узви Эътилоф шудам, то ҷузъе аз фазои ҳуқуқҳимоякунӣ бошам

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид сохтааст. Бо муроҷиат ба аъзои Эътилоф, аз онҳо пурсон шудем, ки барои чӣ узви Эътилоф шудаанду кадом вазифаҳоро бар уҳда доранд ва дар замони пандемияи Covid-19 кадом корҳоро барои Эътилоф анҷом доданӣ ҳастанд? Инак, назари узви инфиродии Эътилоф - ҳуқуқшинос Шуҳрат Саидов дар ин маврид:

- Чанд сол пеш ман тасмим гирифтам узви Эътилоф шавам, то ин ки барои кори якҷоя дар самти пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар кишвар ҷузъе аз фазои ҳуқуқҳимоякунӣ бошам.

Дар доираи Эътилоф ман ба тарғиби ҳуқуқи инсон машғулам, миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ оид ба масоили ҳуқуқи инсон машварат медиҳам.

Дар давраи пандемияи COVID-19 ман метавонам барои Эътилоф дар самти ҳуҷҷатгузории нақзи ҳуқуқи инсон манфиатовар бошам.

NoTorture.Tj