Таҳмина Саидова, ТҶ «Солимии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон»: дар давраи пандемия мутахассисони тиббӣ ва равоншинос машварати онлайнӣ медиҳанд

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид сохтааст. Бо муроҷиат ба аъзои Эътилоф, аз онҳо пурсон шудем, ки барои чӣ узви Эътилоф шудаанду кадом вазифаҳоро бар уҳда доранд ва дар замони пандемияи Covid-19 кадом корҳоро барои Эътилоф анҷом доданӣ ҳастанд? Инак, назари намояндаи ТҶ «Солимии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон» Таҳмина Саидова дар ин маврид:

- Ҳуқуқҳои баробар барои ҳама ва дастрасии пурра ба тандурустӣ - ана ҳамин чиз сабаби ворид шудани ман ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон гардид.

Дар доираи Эътилоф ташкилоти мо маълумотноксозӣ дар самти ҳуқуқи инсон, Протоколи Истамбулӣ ва офиятбахшии қурбониёни шиканҷа, дастрасии қишрҳои осебпазири ҷомеа ба тандурустиро пеш мебарад. Мо машваратҳои равонӣ, тиббиву ҳуқуқӣ расонида, инчунин барои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона роҳнамоии иҷтимоӣ пешниҳод мекунем.

Дар давраи пандемия мутахассисони тиббӣ ва равоншинос машварати онлайнӣ мерасонанд. Дар давраи карантин ба мизоҷонамон кумаки хӯрока расонида шуда буд.

Бо пешниҳоди машваратҳои равониву тиббӣ, мо метавонем дар фаъолияти Эътилоф саҳми худро гузорем.

NoTorture.Tj