Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ аз ҷониби прокуратура 4 435 санҷиш гузаронида шудааст. Дар ин бора рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотии марбут ба натиҷаҳои соли 2020 Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иттилоъ дод.
Прокурори генералӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки барои назорати иҷрои қонунҳо аз ҷониби мақомоти прокуратураи Тоҷикистон 5764 санҷиш гузаронида шудааст. Дар натиҷаи ин санҷишҳо 11000 шаҳрванд ба ҷазои интизомӣ ва 4700 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ҷалб гардида, 3062 парвандаи ҷиноятӣ ва 2000 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Дар посух ба суол дар мавриди қарорҳои ғайриқонунии роҳбарони маъмурияти шаҳру ноҳияҳои кишвар оид ба ҷудокунии қитъаҳои замин, Юсуф Раҳмон зикр намуд, ки соли 2020 аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбати 1055 қарори раисони шаҳрҳову ноҳияҳои Тоҷикистон эътироз оварда шудааст, ки 865-тояш марбут ба ҷудокунии қитъаҳои замин аст.
Бо зикри омор, Прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки барои муомилоти ғайриқонунии замин дар соли 2020-ум 295 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд.
«Аз ҷумла, 22 нафари онҳо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, 27 нафар кормандони кумитаҳои замин, 49 нафар кормандони КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», 43 нафар роҳбарони ҷамоатҳои деҳот, 77 нафар муҳандисон-заминсозони ҷамоатҳо ва 77 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд»,- изҳор дошт Юсуф Раҳмон.
Дар шарҳи суоли рӯзноманигорон оид ба иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Юсуф Раҳмон зикр намуд, ки аз ҷониби прокуратура 4 ҳазору 435 санҷиш гузаронида шудааст.
«Дар рафти ин санҷишҳо 848 ҳолати қонунвайронкунӣ маълум карда шуд. Аз рӯи натиҷаҳои санҷишҳо нисбати 34 шахси мансабдор санади прокурорӣ содир ва нисбати 5 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст»,- зикр намуд Прокурори генералии ҶТ.
Дар ҳамин ҳол, Юсуф Раҳмон зикр накард, ки бо кадом моддаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.
Дар шарҳи суоли рӯзноманигор дар мавриди таҳияи Кодекси нави ҷиноятии ҶТ узви гуруҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекси нави ҷиноятӣ, сардори яке аз раёсатҳои Прокуратураи генералии ҶТ Шариф Қурбонзода зикр намуд, ки лоиҳаи КҶ ҶТ омода аст ва барои баррасӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ пешниҳод карда шудааст.
«Лоиҳаи КҶ ҶТ дар таҳрири нав бо дастури Президенти ҶТ омода гардида, ҳангоми таҳияи он андешаи олимони ҳуқуқшинос, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ омӯхта шудааст. Лоиҳаи Кодекси нави ҷиноятии ҶТ инсондӯстӣ, сабук кардани ҷазо барои содир гардидани ҷиноят аз ҷониби занон, маъюбон, пиронсолон ва вазнин кардани ҷазо барои терроризм, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро пешбинӣ мекунад»,- зикр намуд Шариф Қурбонзода.
ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»