Шарҳи мавзуи COVID-19 ва ҳуқуқи инсон дар нишастҳои матбуотӣ

Дар нишастҳои матбуотии моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби ниҳодҳои масъули ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мавриди шароити давраи коронавирус ва таъсири он ба маҳбусон низ иттилоот ироа гардиданд.

Зимни нишасти матбуотӣ вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён иттилоъ дод, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар Тоҷикистон дар замони пандемияи коронавирус чораҳои зиддиэпидемӣ пурзӯр карда шуда буданд.

Музаффар Ашӯриён дар шарҳи суоли рӯзноманигорон марбут ба вазъи паҳншавии сирояти коронавирус дар муассисаҳои пенитенсиарии Тоҷикистон оид ба риояи чораҳои қатъии гигиенӣ изҳори назар кард: «Вазъият таҳти назорат аст. Дар ҳамаи муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон меъёрҳои санитарӣ-гигиении тавсиядодаи Вазорати тандурустии кишвар барои пешгирии COVID-19 қатъиян риоя мешаванд. Аз ҷумла, як давраи муайян мулоқоти маҳбусон бо хешовандонашон маҳдуд карда шуда буд».

Дар посух ба суол нисбати фавт, Музаффар Ашӯриён зикр намуд, ки аз пневмония соли гузашта 11 нафар маҳбус фавтидаанд. «Маҳбусон санҷиши маҷмуии коронавирус нагузаштаанд. Аммо дар он ҳолатҳое, ки гумонбарӣ ба беморшавӣ ба миён омадааст, тесту ташхис гузаронида шудааст»,- илова намуд вазири адлияи Тоҷикистон.

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бошад, дар нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш гуфт, ки дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ аз ҷониби прокуратура 4 435 санҷиш гузаронида шудааст. «Дар рафти ин санҷишҳо 848 ҳолати қонунвайронкунӣ маълум карда шуд. Аз рӯи натиҷаҳои санҷишҳо нисбати 34 шахси мансабдор санади прокурорӣ содир ва нисбати 5 нафар парвандаи ҷиноятӣ оѓоз карда шудааст»,- зикр намуд Прокурори генералии ҶТ.

Прокурори генералӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки барои назорати иҷрои қонунҳо аз ҷониби мақомоти прокуратураи Тоҷикистон 5764 санҷиш гузаронида шудааст. Дар натиҷаи ин санҷишҳо 11000 шаҳрванд ба ҷазои интизомӣ ва 4700 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ҷалб гардида, 3062 парвандаи ҷиноятӣ ва 2000 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оѓоз карда шудааст.

Дар шарҳи суоли рӯзноманигор дар мавриди таҳияи Кодекси нави ҷиноятии ҶТ узви гуруҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекси нави ҷиноятӣ, сардори яке аз раёсатҳои Прокуратураи генералии ҶТ Шариф Қурбонзода зикр намуд, ки лоиҳаи КҶ ҶТ омода аст ва барои баррасӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ пешниҳод карда шудааст. «Лоиҳаи КҶ ҶТ дар таҳрири нав бо дастури Президенти ҶТ омода гардида, ҳангоми таҳияи он андешаи олимони ҳуқуқшинос, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ омӯхта шудааст. Лоиҳаи Кодекси нави ҷиноятии ҶТ инсондӯстӣ, сабук кардани ҷазо барои содир гардидани ҷиноят аз ҷониби занон, маъюбон, пиронсолон ва вазнин кардани ҷазо барои терроризм, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро пешбинӣ мекунад»,- зикр намуд Шариф Қурбонзода.

Дар робита бо пандемияи коронавируси COVID-19 шаҳрвандон ба Дастгоҳи Ваколатдор кам муроҷиат мекардагӣ шудаанд. Дар ин бора Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода дар нишасти матбуотии марбут ба натиҷаҳои соли 2020 иттилоъ дод.

Дар шарҳи натитаҷаҳои соли 2020 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода зикр намуд, ки дар робита бо пандемияи коронавируси COVID-19 шаҳрвандон ба Дастгоҳи Ваколатдор кам муроҷиат мекардагӣ шудаанд. Ҳамин тавр, дар соли 2020 ба Институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ 1946 муроҷиати шахсони воқеиву ҳуқуқӣ (дар соли 2019-ум 3249 муроҷиат) ворид гардидааст.

«Аз ҷумла, дар Дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ 651 муроҷиати шаҳрвандон (дар соли 2019-ум 700 адад) ворид шудааст, ки аз онҳо244 адад хаттӣ ва 407 адад шифоҳӣ мебошанд. Аз шумораи умумӣ 47 муроҷиат ба таври мусбат баррасӣ гардидаанд»,- зикр намуд Умед Бобозода.

Ба гуфтаи Ваколатдор, шумораи ками муроҷиатҳо вобаста ба ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст. Мавзуҳои муроҷиатҳо шикоятҳо аз қарорҳо ё амалҳо (беамалии шахси мансабдор, норозигӣ бо гузаронидани тафтишот, эҳтимолияти истифодаи шиканҷа, муайянсозии макони боздошт) будаанд.

NoTorture.Tj