Иди касбиатон муборак!

Иди касбиатон муборак, муҳтарам кормандони мақомоти прокуратура!

Муҳтарам кормандони мақомоти прокуратура! Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ шуморо ба муносибати иди касбиатон табрик мегӯяд!

Рисолати шумо - назорати қонунмандӣ дар кишварамон, дарёфти далелҳои раднопазир ва исботи гуноҳҳост. Барои ҳамин, таманно дорем, ки дар ин кори душвору заҳматталаб донишҳои амиқи касбӣ, шарафу виҷдони бебаҳо ва андешаҳои солиму созандаатон доимо роҳнамоятон бошанд. Бигузор дар зиндагиатон ҳамеша бурдборӣ, шукуфоӣ ва некӯаҳволӣ таниндандоз гарданд!

NoTorture.Tj