Фарзандони қурбонии шиканҷа ҷуброни зарар гирифтанд

Ҳамсари ҷабрдидаи ҳалокшуда дар натиҷаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона - Ҳотамова Г. санаи 12-уми декабри соли 2020 оид ба рӯёнидани ҷуброни зарар ба фоидаи кӯдакони хурдсол бинобар марги саробон ба миқдори 280 000 (дусаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ, нисбати Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи даъвогӣ ба Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе муроҷиат намуда буд.

Бояд гуфт, ки аризаи даъвогии мазкур баҳри рӯёнидани зарар, барои нигоҳдошт ва таъмини кӯдакони хурдсоли марҳум Хоҷаназаров Камол пешниҳод гардида буд.

Хотиррасон мешавем, ки шаҳрванд Ҳотамова Г. ҳамсари марҳум Хоҷаназаров Камол мебошад, ки моҳи октябри соли 2017 пас аз таҳқиру шиканҷа шуданаш дар РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, даст ба худкушӣ зада буд. Номбурдагон аз зиндагонии якҷояашон соҳиби ду фарзанд гардида буданд.

Комил Хоҷаназарови 31-сола ягона саробони оилааш ба ҳисоб мерафт ва акнун ду кӯдаки хурдсолаш ятим мондаанд. Ҳамсараш маълумоти тахассусӣ/олӣ надораду ҳоло ҳамчун фаррош кор мекунад, ки наметавонад барои кӯдаконаш зиндагии шоистаро фароҳам созад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳодисаи даст ба худкушӣ задани марҳум Хоҷаназаров Камол нисбати ду нафар корманди РВКД дар вилояти Суғд ва як корманди Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт парвандаи ҷиноятӣ бо моддањои шиканҷа ва ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан оғоз гардида, бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷанд ба муҳлатҳои гуногун маҳкум шуданд.

Дар суд ҳуқуқу манфиатҳои даъвогар ва кӯдакони хурдсоли марҳумро Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон намояндагӣ ва ҳифз менамуд.

16-уми марти соли 2021 бо ҳалномаи Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе даъвои Ҳотамова Г. қисман қонеъ карда шуда, аз ҷавобгарон ба фоидаи кӯдакони хурдсол бинобар марги саробон 5000 (панҷ ҳазор) сомони рўёнида шуд.

Бояд қайд кард, ки ҷуброни рўёнидашуда барои зарари расонидашуда, яъне марги шахси наздик нокифоя буда, ба зиён мутаносиб нест.

Ҷоизи қайд аст, ки дар таҷриба бори аввал дар қаламрави ҷумҳурӣ “аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани ҷуброни зарар ба фоидаи кӯдакон  бинобар гум кардани саробон” нисбати ду мақомот пешниҳод гардид.

NoTorture.Tj