Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эълони озмуни «Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон миёни ҳама хоҳишмандон, аз ҷумла рассомон, тарроҳон ва дигар нафарони касбу кори эҷодӣ дар мавзуи «Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа» озмуни тасвирҳову овезаҳоро мегузаронад.
Корҳо мустақиман рӯузҳои чоршанбе бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 137 то 15-уми июни соли 2021 қабул карда мешаванд.
Барои техникаву матолиб маҳдудият гузошта нашудааст. Ҳангоми таҳияи тасвир ё овеза бояд дар назар гирифта шавад, ки баъди гузаштани даври интихобии озмун ин корҳо аз ҷониби Эътилоф бидуни розигии муаллиф (истифодаи корҳо бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ бо ишораи муаллифи тасвир ё овеза) истифода бурда мешаванд.
Мукофотҳо:
1. Се ғолиб интихоб мегарданд, ки мукофотҳои пулӣ ба даст меоранд: барои ҷои якум 1000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 500 сомонӣ ва барои ҷои сеюм 300 сомонӣ.
2. Ба ғайр аз ин, ҳама иштирокдорони озмун, инчунин корҳои онҳо дар торнамои Эътилоф нашр мегардад.
Натиҷаҳои озмун дар арафаи Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа эълон карда мешавад.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, лутфан бо мо тавассути почтаи электронӣ тамос гиред: notorturetjk@gmail.com