Қиссаи Баҳромиддин Шодиев

Шаҳри Душанбе, 17 октябри соли 2011. Он рӯз се нафар кормандони милитсия дар тан либосӣ гражданӣ ва бо ҳамроҳи нозири минтақавӣ Баҳромиддин Шодиеви 28-соларо дар даромадгоҳи хонаашон дастгир карда, ба шӯъбаи милитсияи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бурданд. Бади чанд муддат кормандони милитсия ба модари Баҳромиддин занг заданду талаб намуданд, ки ба онҳо 800сомонӣ, ки ӯ бояд он рӯз ба клиника барои муолиҷаи писараш мебурд, биёрад. Баҳромиддин аллакай муддати дароз аст, ки маводи нашъа истеъмол мекунад ва он субҳ, дарду азоби навбатиро аз сар гузаронида, аз модараш хоҳиш намуд, ки ӯро ба клиникаи норкологӣ барои муолиҷа барад. Аз афташ ӯ дар бораи пӯлҳои дар дасти модараш буда ба кормандони милитсия гуфтааст. Кормандони ШКД ба модари Шодиев гуфтанд, ки ин пӯлҳо дуздидаанд, ва ба сифати далелҳои шайъӣ бояд дар ихтиёри онҳо бошанд.

Зан танҳо хоҳиши як чизро дошт то-ки писарашро озод кунанд, бинобар ин дарҳол ба шӯъбаи милитсия омада 800 сомониро ба кормандони милитсия дод. Ӯ дар бораи ҳуқуқҳои худ маълумоти кофӣ надошт, бинобар ин фурсати талаб намудани ҳуҷҷатӣ дахлдорро надошт. Бо вуҷуди ин, минбаъд он пӯлҳо ғайб заданд, ва зан онҳоро дигар надид.

Давоми се рӯз Шодиев дар бинои ШКД нигоҳ дошта шуд, ба хешовандонаш иҷозат дода намешуд, ки ба назди ӯ дароянд. 20 октябр шахси дастгиршударо ба шӯъбаи  реаниматсияи Маркази миллии тиббии “Қараболо”дар ҳолати беҳӯшӣ оварданд. Барои фавран ҷарроҳӣ кардани Шодиев бинобар бардоштани ҷароҳати вазнини косахонаи сари ӯ розигии падару модараш зарур буд. Ба кормандони милитсия зарур омад, ки дар мавриди дар ҳолати вазнин ба беморхона овардани Шодиев ба модари ӯ хабар диҳанд.

 Дар рӯзи дуюми баъд аз ҷароҳӣ Баҳромиддин ба ҳуш омад ва таҳти назорати кормандони милитсия ӯро ба палатаи умумӣ гузаронданд. Тамоми ин рӯзҳо модараш дар наздаш буд, Баҳромиддин бошад, гӯё лаҳзаҳои охирини ҳаёти худро назди модар ҳис мекарда бошад, ӯро меҳрубонона ба оғуш гирифта гӯшашро  мемолид, тавре ки дар аёми дури кӯдакӣ инро дӯст медошт. Дили модар аз ҳисси хатар меларзид, вале ӯ аз сар фикрҳои бадро дур мекард.

Дар ин рӯзҳо онҳо ҳама вақт дар назди якдигар буданд, модар ва писар. Баҳромиддин бо беҳоливу дард мубориза бурда, мехост ба модараш дар бораи чизҳои зиёде нақл кунад. Модараш бошад аз вазъи саломатии писараш дар ташвиш буда, аз ӯ хоҳиш мекард, ки ӯ камтар гап занад ва худро хаста накунад.

Вале фурсат ёфта ба модараш нақл кард, чӣ тавр ӯро кормандони милитсия бераҳмона лату кӯб карданду маҷбур мекарданд, ки ӯ гуноҳоеро, ки содир накардааст, ба дӯш гирад. Ӯ нақл кард, ки нисбати ӯ қувваи барқ истифода намуданд, ва даҳонашро ба скоч маҳкам карданд, то ки садояшро касе нашунавад. Бо овози паст ӯ бо модараш гуфт, ки ҳангоми беҳӯш буданаш ӯ тавонист, ки гуфтугӯи байни кормандони милитсияро шунавад, “Агар ягон ҳодиса рӯй диҳад мегӯем, ки дастгиршуда дар натиҷаи аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро партофтан ҷароҳат бардошт”.

Кормандони милитсияе, ки назди ӯ навбатдорӣ мекард сӯҳбати онҳоро шунида дар ташвиш афтид. Ҳамин, ки модар бо писараш хайру хуш кард ва аз палата берун шуд, ӯ пойафзоли худро кашида бо он ба лабу даҳони Шодиев заданро сар кард.

Рӯзи дигар Баҳромиддин дар  мавриди ин ҳодиса ба модараш нақл кард ва аз ӯ тавалло намуд, ки дигар ба назди ӯ наояд, зеро “ӯро боз латукӯб мекунанд”. Баъд аз чанд рӯз вазъи саломатиии ҷавон бадтар шуд, ва ӯро дубора ба шӯъбаи реаниматсия гузаронданд. Ӯ ҳамин тавр ба ҳуш наомад ва 30 октябр аз дунё чашм пушид.

Аввалин шуда дар бораи ин ҳодисаи фоҷиавӣ рӯзноманигороне, ки аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба ин ҳодиса шарҳу эзоҳот ва оғоз намудани тафтишоти дақиқро талаб намуда буданд, навиштанд. ВКД-и Тоҷикистон дар ин ҳолат низ ба таври расмӣ ҷавоб дод, ки Шодиев баъд аз дастгир шудан худро аз ошёнаи дуюми бинои ШКД партофтааст. Хешовандону наздикони Баҳромиддин боварӣ доранд, ки аз онҳо асли воқеъиро пинҳон медоранд ва Баҳромиддинро дар шӯъбаи милитсия ба таври бераҳмона мавриди лату кӯб ва шиканҷа қарор додаанд.

4 ноябри соли 2011ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод, ки аз рӯи натиҷаҳои тафтишоти дохилӣ бинобар марги Баҳромиддин Шодиев се нафар корманди ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур аз кор озод карда шуддаанд. Инчунин аз вазифаи ишғолнамуда муовини сардори ин шӯъбаи милитсия озод карда шуд, ва бевосита ба сардори шӯъба танбеҳи ҷиддӣ дода шуд.

Нисбати муфаттиши ШКД Абдураҳмон Додов, ки аслан, танҳо бо бурдани тафтишоти айбдории Шодиев машғул буд ва инчунин нисбати ду ваколатдори оперативӣ, аз рӯи моддаи “Хунукназарӣ” парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Он рӯзҳо ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ фаъолнокӣ нишон дода талаб намуданд, ки тафтишоти дуруст гузаронида шавад. Дар дархости худ онҳо зикр намуданд, ки “ин аввалин ҳолате нест, ки ҳукуматдорон расман эълон мекунанд, ки марги дастгиршуда ҳангоми кӯшиши аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро партофтан ба вуқӯъ омада бошад”.

Он рӯзҳо хешовандони Баҳромиддин танҳо ба ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва журналистон умед доштанд. Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ба тарафи ҷабрдида ба таври ройгон хизматрасониҳои адвокати худро пешниҳод намуд. Ҷараёни муборизаи нобаробар бо сохторҳои ҳокимияти давлатӣ оғоз гардид. Адвокат кӯшиш кард, то ки дараҷаи кирдори содирнамудаи шахсони гумонбаршуда аз моддаи “Хунукназарӣ” ба моддаи “Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” тағйир дода шавад, вале дархост қонеъ карда нашуд.

17 феврали соли 2012 мурофиаи судӣ оғоз гардид, баъди чанд рӯз бошад судя бо дархости адвокати тарафи ҷабрдида парвандаро ба прокуратура барои анҷом додани тафтишоти иловагӣ супурд. Дар рафти тафтишоти барқароргардида, моҳи сентябри соли 2012, қисмҳои маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду ваколатдори оперативӣ “бинобар вуҷуд надоштани таркиби ҷиноят” қатъ карда шуданд. Ҳамин тариқ, ба суд танҳо парванда нисбати муфаттиш Додов, ки аз рӯи моддаи “Хунукназарӣ” гунаҳгор дониста мешуд, пешниҳод карда шуд. Ба нисбати ӯ ҳукми маҳрум карданаз озоди ба муҳлати 2 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи сукунат баробар шуд.

Адвокати тарафи ҷабрдида Гулчехра Холматова ҳукми судро “беасос ва ғайриқонунӣ” ҳисобид. Дар мусоҳиба бо ВАО ӯ гуфт: “Аз худи аввал арзёбии ҷиноят нисбати судшаванда ба таври дуруст анҷом дода нашуда буд. Илова бар ин, ду нафар ваколатдори оперативӣ, ки нисбаташон бинобар дар кирдорҳои содирнамудаашон мавҷуд набудани таркиби ҷиноят қарор оид ба қатъ кардани парванда  бароварда шуд, бе ҷазо монданд”.

“Баҳромиддин фарзанди нахустинам буд,- ба хотир меорад модараш Ниёзбибӣ Буриева. –Аз таваллуд шуданаш, ки 2 июли соли 1983 буд, ӯ кӯдаки ширинрӯяк буд. Духтурон ваҷд омада буданд, ки чунии писараки зебо ба дунё омадааст, ва бинобар ҳамин ба ман лозим омад, ки ба дасташ муҳраи чашмӣ бандам”.

Ӯ нақл кард, ки Баҳромиддин кӯдаки меҳрубон ва ба модараш хеле дилбаста буд, одате дошт, ки вақти хобравӣ гӯши модарашро мемолид, вақти аз хоб бедор шуданаш бошад, рухсораашро силла мекард. Ӯ ҳайвонотро низ дӯст медошт-саг ва гурбаҳои ҳавлигиро. “Онҳо низ мавҷудоти зиндаанд ва онҳо низ дард ҳис мекунанд”, -мегуфт Баҳромиддини хурдсол ҳангоми аз ҳамсолини бадахлоқи худ ҳимоят кардани онҳо.

Писарбача аз хурдсоли ба ҳар чизе, ки қулай меафтид мустиқӣ менавохт-китоб, тахтачаи ошхона, токчаи пешӣ тиреза, ва ӯ тавре менавохт, ки ба гӯши аҳли хонавода садои форам мерасид. Падараш мақбур шуд, ки ба Баҳромиддин таблак тӯҳфа кунад. “Хурсандии ӯ ҳадду канор надошт, он вақт ӯ дар синфи яккум мехонд, -ба хотир оварда мегӯяд Ниёзбибӣ. –Ҳамнгоми фикр мекарданд, ки ӯ калон шавад, таблакзан мешавад”.

Вале дар насибаш набудаст. Ғайр аз Баҳромиддин дар оила боз чор фарзанд буд. Сол аз сол ба падару модар таъмин кардани оила душвортар мешуд. Соли 2001, дар синни ҳабдаҳсолагӣ писарбача ҳамроҳи модараш бо мақсади коркунӣ ва ба даст овардани даромад ба Россия, ки дар он ҷо мисли ӯ ҷавонони ҳамватан ҳазорҳо нафар буданд, сафар кард.

Баъдан Баҳромиддин маҷбур шуд, ки ба ватан бар гардад, дар ватан ӯро бекорӣ ва ояндаи номаълум интизор буд. Писари гаправ буд, аз ин рӯ ба писарони бадахлоқ якҷоя шуда ба истеъмол кардани маводи нашъа шурӯъ кард. Барои дастрас кардани маводи нашъа маблағ надошт ва боре худаш нафаҳмида, ки ин чӣ тавр рӯй даст, ба дуздӣ мезанд. Ӯро ҳабс карданд, афв шуда аз ҳабс баромад. Баъдан боз барои содир намудани дуздӣ дастгир шуда, дубора ҳабс шуд. Ҳамин тавр метавон ба таври кӯтоҳ дар бораи ҳаёти Баҳромиддин сухан гуфт. Вале дар ҳаёти ӯ рӯзҳои хушбахтӣ ҳам рӯй даданд-тӯйи хонадоршавиаш, ба дунё омадани фарзанди нахустинаш.

Моҳи октяри соли 2011 Баҳромиддин аз модараш илтиҷо намуд, ки ба ӯ имконияти охирини ба ҳаёти солим баргаштанашро диҳад, аз модараш талаб кард, ки барои дар клиникаи наркологӣ табобат гирифтан ба ӯ пӯл диҳад. Ҳоло чунин менамояд, ки гғё ба амали гардидани ин нақшаҳо қисмати бад монеъ шуд....

“Барои ман ба хотир овардани он рӯзҳое, ки писарм аз дунё гузашт хеле мушкил аст.-муегӯяд модараш.-Бале ӯ дар зиндагиаш ба хатогӣ роҳ дод, вале ин наметавонист барои кормандони милитсия баҳонаи ба дӯши ӯ яку якбора “бор кардани”, 21 (!) далели дуздӣ гардид ва бо ҳамин тарз миқдори ҷиноятҳои ошкоргардидаро аз ҳисоби шахсони заиф ва қаблан судшуда зиёд намоянд. Шиканҷа-барои ба даст овардани баёнот ба бастани парвандаи ҷиноятӣ аз ҳама роҳи осон аст. Ва Баҳромиддинқурбонии чунин система гардид”.

Моҳи ноябри соли 2013 Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ВКД ҶТ-ро уҳдадор кард, ки ба модари Баҳромиддин Шодиев 14 ҳазор сомонӣ (он замон ҳудуди 3 ҳазор доллари ИМА) ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ пардохт намояд. Моҳи феврали соли 2014 Прокуратураи ноҳияи И. Сомонӣ хост аз болои қарори суд эътироз орад, аммо коллегияи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе эътирози прокурорро рад кард.

NoTorture.Tj