Соҳибкори инфиродӣ (СИ) кадом намуди андозҳоро месупорад?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Соҳибкори инфиродӣ (СИ) кадом намуди андозҳоро месупорад?

ПОСУХ: Мувофиқи боби 3, моддаи 14, банди 7 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соҳибкори инфиродӣ - шахси воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома амалӣ менамояд. Соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ месупорад. Мувофиқи моддаҳои 370 ва 186 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон - меъёрҳои андоз аз намудҳои алоҳидаи фаъолият барои соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти коэффисиентҳои меъёрии минтақавӣ муайян карда мешаванд. Соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда андозро аз рўи низоми соддакардашуда ба андозаи 6 фоизи даромади умумӣ месупорад, агар андозсупоранда шартҳои даромадро бо назардошти харҷҳо интихоб намояд, дар ин маврид 13 фоиз. Мувофиқи моддаи 375, қисми 4 андозсупоранда бояд дар ин бора ҳангоми бақайдгирӣ ё аз 1-уми январи соли оянда хабардор намояд.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj 

NotortureTj