Қиссаи Фирдавс Раҳматов

Рўзи июнӣ аз субҳ гарм буд. Дилором бо духтари хурди худ барвақт ба бозор рафт, барои пешвоз гирифтани меҳмонон тамоми чизҳои лозимаро харидорӣ кард. Он рўз ба хонаи онҳо бояд хешовандонашон меомаданд. Барои ҳамин, ў кўшиш мекард, ки аз анвои дар рўйхат қайдкардаашон чизеро фаромўш накунад. Зеро, тавре дар Шарқ анъана аст, дастурхон бояд пур бошад. Дар роҳ ба хона, ба дорухона даромад ва доруҳои заруриро барои писари миёнааш, ки бо сабаби вазъи саломатӣ аз хизмат ба муҳлати 10 рўз рухсатӣ фиристода буданд, харидорӣ намуд.

- Писари калониам Фирдавс чи хеле ки имрўз занг назад,- фикр кард ў.

Фирдавс Раҳматови 22-сола, донишҷўи курси 4-уми шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, аллакай «баъди панҷ дақиқа» мутахассис оид ба телекоммуникатсия, 7-уми майи соли 2015 ба чанги «облава» афтод. Волидонаш аз комиссари ҳарбӣ хоҳиши ба таъхир гузоштани даъватро карданд, чун он замон писари дуюмашон дар сафи артиш хизмат дошт. Вале бефоида. Гуфтан дар мавриди он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ «облава» кардаву ваколатҳои худро бештар намуданд ва волидон тарсиданд - боз аз ин бадтар нашавад… Зарур омад, ки ўро ба хизмат гусел намоянд. Писари онҳо забони русиро хуб медонист, бо таҷҳизоти компютерӣ озодона кор мекард. Ба ҳамин хотир, аллакай баъди ёд кардани қасамӣ ҳарбӣ ўро дар қисми низомии 04080-и неруҳои замингарди Вазорати мудофиа дар Конибодом котиб гирифтанд. Вале ана ҳамон ҷо ҳама чиз оғоз шуд - сарбозони зиёда аз як сол хизматкарда ба ин навдаъватшуда ҳасад бурданд, чун нав ба хизмат пайваставу ба назари онҳо, аллакай дар мавқеи хоса қарор дошт.

Барои куҳнасарбозон лаҳзаи мувофиқ фаро расид - оғози моҳи июн хизматчиёни ҳарбиро барои як ҳафта ба майдони таълимӣ ба Исфара бурданд. Рўзи якшанбе буд. Навбатдори қисм ва дигар афсароне, ки барои интизом ва назорати тартибот дар майдон уҳдадор буданд, бо вайрон намудани оинномаҳои амалкунанда, сарбозонро гирд оварда, қарор доданд «маросим»-и «Саф кашед!» гузаронанд. Баъди нисфирўзӣ 23 нафар навдаъватшударо ҷамъ оварда, 100 метр дуртар аз видеокамераҳои назоратӣ, назди теппаҳо бурданд. Як «бобо» гирду атрофро зери мушоҳида гирифт ва ду нафари дигар ҷавононро қатор карда, бо навбат ба латукўби онҳо оғоз намуданд - ба шикам, ба гулў бо пой ва қундоқи автомат. Миёни навомадаҳо ҷавони ҷуссааш бақувват ҳам буд, паҳлавони ҳақиқӣ, аммо ў ҳам аз «чашидани» як зарба ба беҳушӣ афтод. Вале «бобоҳо» натарсиданд, ба рўяш об пошиданд, ба рухсораҳояш торсакӣ заданд ва чун ба ҳуш омад, ўро боз ба «қатор» дароварданд.

Баъд онҳо қарор доданд чор нафар наваскарро, ки «зери таваҷҷуҳ» буданд, ҷудо намоянд ва онҳоро бо усулҳои махсус ҷазо диҳанд. Миёни онҳо Фирдавс ҳам буд. Пас аз зарбаи навбатӣ ў афтод, бо садои хирросӣ шиква кард, ки нафасгирӣ барояш мушкил аст ва ҳоло мемирад, аммо дар ҷавоб посухи кўтоҳе шунид: «Воҳима накун, кўдак». Латукўби ўро идома доданд ва Фирдавс аз ҳуш рафт. Кадоме аз навдаъватшудагон фарёд зад, ки кўмаки фелдшер лозим аст, аммо нагузоштанд табибро даъват кунад. Бист дақиқа мунтазир истоданд, аммо ҷавон ба ҳуш наомад. Баъд қарор доданд, ки аз пайи ёрии тиббӣ шаванд. Духтур марги сарбозро иқрор кард. «Бобоҳо» ба навдаъватшудаҳо ҷиддану қатъиян таъкид намуданд, ки дар бораи ҳолати воқеии рухдода нақл накунанд. Фавран афсона «бофтанд» - гўё Фирдавс афтодаву ба ҳалокат расид.

Сардорҳо қарор доданд ҷасади сарбозро ба хонаашон шабона бубаранд, то ғазаби одамонро наоранд.

… Вақте ки Дилором бо шавҳараш барои гусели меҳмонон ба ҳавлии «чорошёнаҳо» баромаданд, ҳаво аллакай нимторик буд. Хурсандона бо меҳмонон хайрухуш карданд, бо ҳамсояҳое, ки назди ҳавлӣ нишаста буданд, саломуалейк намуданд, аммо онҳо ба Дилором бо авзои аҷиб менигаристанд… Дар дилаш ташвиш афтод ва ў дигарбора фикр кард: «Охир, Фирдавс имрўз то ҳол занг назад». Вале ў ҳама фикрҳои нохубро аз сараш дур кард. Ба хона даромаданд, якҷоя ҳама ашёи болои мизро ғундошта, ба хоб кардан тайёрӣ диданд. Ногаҳон, тақ-тақи ғайриинтизори дар, гўё он нафароне, ки аз пушти дар истодаанд, бо пайки на он қадар хуш омадаанд. «Писаратон Фирдавс мурд. Ана ин ҷасадаш»,- ин суханҳоро Дилором гўё дар хоб мешунид. «Чӣ хел?? Барои чӣ??»,- пичиррос зад ў ва беҳуш шуд.

Аз он рўз як соли расо гузашт, аммо қалби захмини модарии ў дигар оромӣ надорад ва дар рўйи замоне малеҳаш акнун нишонаи ғам нақш бастааст. «Он шаб писари маро бо сарулибоси нав оварданд, зеро либоси худаш ғарқи хун буд. Намояндагони ҳукумат, комиссариати ҳарбӣ, ҳамсояҳо, милитсия ва ёрии таъҷилӣ ҳузур доштанд. Ҳамсояҳо аллакай рўзона аз ҳодиса огоҳ шуда будаанд, аммо ба қароре омада натавонистаанд, ки ба ман гўянд. Ҳама аз чизи дидаашон дар ҳаяҷон буданд. Сари писарам бо халтаи селофании сиёҳ баста ва аз болояш кўлоҳ пўшонида шуда буд. Тамоми баданаш дўхта шуда буд. Яъне, онҳо ташхисро бе иҷозати мо гузаронида буданд. Куртаашро бароварда, аз даҳшат шах шудем - тамоми бадан пур аз доғҳои хунин, дар як ҷой ҳатто изи мўза монда буд»,- нақл мекунад Дилором, ашкашро нигоҳ дошта натавониста.

Рўзи дигар сардорҳои қисми ҳарбӣ ба ҷаноза омаданд. Модар бо пурсишҳои зиёд ба онҳо дарафтод, ки чи тавр миёни хизматчиён ба ин кор роҳ додаанд? Аммо онҳо танҳо гуфтанд, ки гўё он рўз хеле гарм буд ва писарашон офтоб хўрдаву афтода, мурдааст.

«Дар хулосаи духтур низ ҳамин чиз навишта шуда буд. Мо қарор додем, ки ин корро ҳамин хел гузоштан лозим нест ва баъди гўронидани писарам шавҳарам барои навиштани ариза ба Прокуратураи ҳарбӣ рафт. Тафтишот оғоз шуд. Баъди ҳар ду рўз мо мерафтему ба рафти тафтишот таваҷҷуҳ мекардем. Аммо, аз рафти тафтиш норозӣ шуда, ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кардем. Онҳо намояндаи худро фиристоданд. Тафтишот як моҳ давом кард».

Бисту ду наваскар ҳамчун ҷабрдида гузаштанд. Нисбати се ҳамхизмати сарбоз - ду сержант ва як сарбози қаторӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Барои муносибати хунукназарона ба вазифаҳои хизматӣ се афсари қисми низомӣ низ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, аммо баъдтар онҳоро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карданд. Духтури қисми низомӣ ҳам, ки оид ба сабабҳои марг хулосаи бардурўғ дода буд, ба ҷавобгарӣ ҷалб карда нашуд.

Дар ниҳоят, 1-уми октябри соли 2015 суд сержантҳо Раббонӣ Сулаймонов ва Комрона Раҳимовро ба 18 ва 17,5 сол, сарбози қаторӣ Айём Назаровро ба муҳлати 17 сол бо иҷрои ҷазо дар колонияи низомаш пурзўр аз озодӣ маҳрум кард.

5-уми августи соли 2016 бошад, дар бинои Суди ҳарбии гарнизони Душанбе барои баррасии аризаи волидони хизматчии ҳарбӣ Фирдавс Раҳматов мурофиа баргузор шуд. Суд аризаи Раҳматовҳоро қисман қонеъ карда, барои пардохти 5 ҳазор сомонӣ, ҳудуди 700 доллари ИМА ҷубронпулии зарари маънавӣ ба волидони сарбози фавтида аз ҷониби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон қарор баровард. Адвокатҳо вобаста ба Қарори Суд шикояти кассатсионӣ овардаанд.

NoTorture.Tj