Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар шаш моҳи аввали соли 2021, сарфи назар аз пандемияи идомадори коронавирус, ба дафтари Ваколатдор 11 шикоят аз ҷониби аҳолӣ дар мавриди тафтишот ва истифодаи шиканҷа (дар ҳамин давраи соли гузашта 6 адад) ворид шудааст. Дар ин бора 15-уми июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Умед Бобозода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Дар умум, ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввал ба дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1 ҳазору 088 (1132 адад дар соли 2020) муроҷиат ворид гардидааст.