Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Гуруҳи кумаки ҳуқуқии (ГКҲ) Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми ноябр барои адвокатҳои вилояти Суғд дар мавзуи «Шартҳои тафтишу ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби санҷиши тиббии боздоштшудагон тибқи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои Протоколи Истамбулӣ» мастер-класс доир намуд.
Мушовир оид ба Протоколи Истамбулӣ дар ГКҲ Парвина Наврӯзова бо маърӯза дар мавзуи «Далелҳои тиббӣ, баҳогузории зарари равониву ҷисмонӣ. Қонунгузории миллӣ оид ба тафтиш ва ҳуҷҷатгузории тиббӣ дар Тоҷикистон аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ» баромад кард.
Мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа дар вилояти Суғд Гулчеҳра Ашурова дар бораи Дастурамал оид ба тафтиш ва ҳуҷҷатгузории самараноки шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо (тибқи Протоколи Истамбулӣ) маълумот дод. Ӯ инчунин ба адвокатҳо дар бораи фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон, оид ба иштироки адвокатҳо дар парвандаҳои бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона алоқаманд маълумот пешкаш намуд.
Таваҷҷуҳи адвокатҳоро масоили вобаста ба иштироки руҳшиносону равоншиносон дар ин намуди парвандаҳо ва чӣ тавр истифода бурдани адвокатҳо аз имконоти ҳамкорӣ барои исбот аз рӯи парвандаҳои марбут ба шиканҷа ҷалб кард.
Мастер-класс дар шакли муаррифӣ ва кор дар гуруҳҳо гузаронида шуд.
Дар охир адвокатҳо пешниҳоди ташкили роҳи тамосеро намуданд, то тавонанд бо кумаки он табодули иттилоъ кунанд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шуд.