Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз 23 то 26-уми август бо адвокатҳои шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулови вилояти Суғд вохӯриҳои корӣ гузаронид.
Вазифаи асосии вохӯриҳои корӣ баррасии ҳамкорӣ дар самти муайян сохтани ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, масири минбаъдаи қурбониёни эҳтимолӣ ва ҳамкорӣ барои ҳимояи ҳуқуқи онҳо ба озодӣ аз шиканҷа дар доираи майдони ҳуқуқии Тоҷикистон ба шумор мерафт.
Гулчеҳра Ашурова - мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа дар вилояти Суғд ба адвокатҳо оид ба фаъолияти гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ ва гуруҳи офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва хешовандони онҳо вобаста ба самтҳои асосии фаъолият, шаклҳои хизматрасонӣ ва талаботи пешниҳоди он маълумот дод.
Дар рафти мубоҳиса масоили тартиби асосноксозӣ ва пешниҳоди ариза оид ба ҷуброни зарари маънавӣ ва раванди иҷрои қарори суд дар бораи барқарорсозии маблағи зарар аз мақомоти давлатӣ баррасӣ гардиданд. Адвокатҳо инчунин саҳми руҳшиносону равоншиносонро дар заминаи исботсозӣ аз рӯйи чунин аризаҳо баррасӣ намуданд.
Зикр гардид, ки мушкилоти муайян ҳангоми амалисозии қонунгузорӣ оид ба ҷуброни зарари моддиву маънавӣ, дастрасии адвокатҳо ба зерҳимояҳо, ки дар муассисаҳои пӯшида қарор доранд, пеш меоянд. Дар қисми дастрасӣ ба муассисаҳои пӯшида Ашурова Г. маълумот дар бораи фаъолияти гуруҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ироа намуд.
Иштирокдорони вохӯриҳо таваҷҷуҳи худро ба гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ оид ба масоили огоҳонӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона иброз доштанд. Пешниҳод карда шуд, ки барои табодули афкор бо иштироки адвокатҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин прокуратураҳо механизми майдони муколамаҳо таъсис дода шавад.
Адвокатҳо бояд бештар ба муколамаҳо ва бо ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла барои ҳимояи ҳуқуқи адвокатҳо махсусгардонидашуда ҷалб карда шаванд.