Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо коршиносони ТҶ «Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир» барои рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО дар мавзуи «Инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи Нақшаи миллии амалҳо дар ВАО» семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
Имрӯз, 21-уми октябр, дар толори конфронси меҳмонхонаи «Лаъл» дар шаҳри Хоруғ семинари омӯзишӣ барои намояндагони ВАО ва рӯзноманигорон дар мавзуи «Инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи Нақшаи миллии амалҳо дар ВАО» доир гардид.
Дар чорабинӣ зиёда аз 15 рӯзноманигор аз ВАО-и давлатӣ ва мустақил, ТВ, радио, блогерҳо ва медиа-фрилансерҳо аз ВМКБ иштирок карданд.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, мақсад аз гузаронидани семинар амалисозии таҷрибаҳои рӯзноманигорӣ дар самти инъикоси озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо баҳри иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 ба шумор меравад.
Ба иштирокдорони чорабинӣ тавсияҳо ва дастурамалҳои инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона, барои робитаи самаранок бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ оид ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо, омодасозии матолиби рӯзноманигорӣ аз рӯи «парвандаҳои шиканҷа», дар ҳамкорӣ бо адвокат ё ҳуқуқшинос пешниҳод карда шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокдорони семинар имкониятҳо барои ҳамкориҳои оянда ва ҳамкорӣ бо ҳимоятгарони ҳуқуқро баррасӣ намуданд.