Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар доираи чорабинии «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!» бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон 2-юми декабр дар радиои Asia-Plus (107 FM) барномаи мустақим ва онлайн-машварат баргузор мегардад.
Ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Шарипов Абдураҳмон ва Сайфуллоев Салимҷон дар мавриди Рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон баромад карда, ба саволҳои шунавандагон посух хоҳанд гуфт. Дилхоҳ нафари хоҳишманд метавонад дар ҷараёни барномаи мустақим бо роҳи фиристодани паёмак тариқи Viber +992880000107 суол пешниҳод намояд.
Барнома аз соати 18:00 то 19:00 идома меёбад.
Мақсади чорабинӣ роҳандозии фаҳмиши хислати умумии ҳуқуқи инсон аст. Интизор меравад, ки бо ин роҳ таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳуқуқи дигаронро коркард намудан мумкин аст.