Мурофиаи судии банақшагирифташуда аз рӯйи парвандаи ҷуброн барои модари қурбонии шиканҷа доир нагардид

Мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии даъвои Саодат Кулиева нисбати Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии ҶТ, ки рӯзи ҷумъаи 13-уми май дар Суди ноҳияи И. Сомонӣ соати 14:00 таъин шуда буд, баргузор нагардид.

Ба адвокати даъвогар хабар додаанд, ки бо сабаби «дар пайи супориш будан»-и ҷавобгар - намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ ва «бемор шудан»-и ҳамҷавобгар - намояндаи Прокуратураи генералӣ баррасии парванда дар суд ба 23-юми май гузаронида мешавад.

Саодат Кулиева рӯзи 22-юми феврал бо дархости ҷуброни зарари маънавӣ дар робита ба тафтиши бесамари ҳолатҳои марги писараш Хуршед Бобокалонов ва риоя накардани тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ ба Суди ноҳияи И. Сомонӣ муроҷиат кард.

Дар аризаи даъвогӣ гуфта мешавад, ки тафтишоти марги Хуршед Бобокалонов дар таърихи 27-уми июни соли 2009 бесамар буда, аз соли 2009 то соли 2012 беш аз 7 маротиба қатъ гардида, дар амали кормандони милиса аломатҳои ҷиноят ошкор нашудаанд.

«Ҳимояи писарам Хуршед Бобокалонов аз шиканҷа, инчунин тафтиши саривақтӣ ва беғаразона аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда нашуд»,- омадааст дар аризаи даъвогӣ.

Саодат Кулиева аз ВКД (ҷавобгар) ва Прокуратураи генералӣ (ҳамҷавобгар) ҷуброни зарари маънавӣ талаб дорад.

«Аз суд хоҳиш дорам, ки ҳуқуқи маро барои талаб кардани ҷуброни зарари маънавӣ дар робита ба тафтиши бесамари ҳолатҳои марги писарам Хуршед Бобокалонов ва риоя накардани тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ эътироф намояд. Талаб дорам, ки ВКД ҶТ ва Прокуратураи генералии ҶТ ба ман ҷуброни зарари маънавӣ пардозанд»,- зикр гардидааст дар аризаи даъвогии Саодат Кулиева.

Рӯзи 5-уми апрел дар Суди ноҳияи И. Сомонӣ баррасии дархости Саодат Кулиева нисбати ВКД ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон доир гардид. Дар ҷараёни мурофиа Саодат Кулиева даъвои худро тасдиқ кард, вале ҷавобгарон ин даъворо дастгирӣ накарданд ва аз суд талаб намуданд, ки он рад карда шавад.

Сипас, суд бо ташаббуси худ баррасии парвандаи гражданиро дар робита ба баргардонидани маводи парвандаи ҷиноятӣ оид ба марги Хуршед Бобокалонов бо мақсади омӯхтан ва арзёбии далелҳои тарафҳо боздошт.

NoTorture.Tj