Пахшҳои радиоӣ ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дар доираи маъракаи «Нест бод шиканҷа ва беҷазоӣ!»

Дар «Авторадио» ва радиои «Азия-Плюс» дар мавзӯи озодӣ аз шиканҷа пахшҳои радио гузаронида шуданд.

Дар доираи маъракаи «Нест бод шиканҷа ва беҷазоӣ!», ки ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа бахшида шудааст ва ҳамасола санаи 26-уми июн қайд карда мешавад, дар Авторадио ва радиои «Азия-Плюс» пахшҳои радиоӣ оид ба мавзӯи озодӣ аз шиканҷа гузаронида шуданд.

Санаи 25 майи соли 2022 дар "Авторадио" дар барномаи "Росто" аз соати 11:00 то 12:00 ҳуқуқшиноси Фонди ҷамъиятии "Ташаббуси ҳуқуқӣ" Мутриба Алиҷонова дар меҳмонии студия буданд, ки аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошанд.

Санаи 26 майи соли 2022 дар пахши мустақими радиои «Азия-Плюс» аз соати 13:00 то 14:00, дар доираи барномаи рӯзонаи «Ҳуқуқҳои ман!» пахши радиоӣ баргузор гардид. Меҳмонон дар студия Ҳусниддин Нидоев аз шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Раёсати Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоира Давлатова сарвари иҷрояи ТҶ”Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” ва Абдураҳмон Шарипов - ҳуқуқшиноси ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон буданд.

Коршиносон дар бораи тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар бораи корҳои аз ҷониби давлат барои иҷрои тавсияҳо анҷомдодашуда маълумот доданд. Коршиносон инчунин ба саволҳои сершумори шунавандагони радио посух доданд, ки асосан дар бораи чӣ будани фарқияти байни шиканҷа ва бадрафторӣ, бо чӣ мақсад татбиқ шудани шиканҷа, дар куҷо мавҷуд будани имконияти зиёди татбиқи шиканҷа, оё афв барои шахсони гунаҳкор дар татбиқи шиканҷа татбиқ карда мешавад ва ғайра суол мекарданд.

Ҳадафи чорабинӣ тарбияи ҳуқуқӣ ва маърифатии аҳолӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти озодӣ аз азобу шиканҷа мебошад. Интизор меравад, ки чорабинӣ ба муттаҳидсозии ҷидду ҷаҳд ва талаботҳо ба мақомоти давлатӣ баҳри ташаккул додани сиёсати “таҳаммулпазирии сифрӣ” нисбат ба шиканҷа дар Тоҷикистон тавассути ВАО мусоидат хоҳад кард.

Чорабинӣ бо дастгирии молиявии фонди Зигрид Раузинг имконпазир гардид.

NoTorture.Tj