Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар доираи маъракаи “Аз шиканҷа ва беҷазоӣ даст кашед!”, ки ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа бахшида шудааст ва ҳамасола санаи 26-уми июн ҷашн гирифта мешавад, санаи 28 майи соли 2022 дар шаҳри Бохтар - аз ҷониби аъзоёни Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон якҷоя бо намояндагони филиали маҳаллии Эътилофи адвокатҳои ҶТ Назокат Маҳмадалиева и Иброҳим Каримов барои аҳолӣ машваратҳои ҳуқуқии ройгон дода шуданд.