Ёрии ҳуқуқӣ дар Бохтар

Дар доираи маъракаи “Аз шиканҷа ва беҷазоӣ даст кашед!”, ки ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа бахшида шудааст ва ҳамасола санаи 26-уми июн ҷашн гирифта мешавад,  санаи 28 майи соли 2022 дар шаҳри Бохтар - аз ҷониби аъзоёни Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон якҷоя бо намояндагони филиали маҳаллии Эътилофи адвокатҳои ҶТ Назокат Маҳмадалиева и Иброҳим Каримов барои аҳолӣ машваратҳои ҳуқуқии ройгон дода шуданд.