Ба зане, ки мегуфт, "милисаҳо заданд", ҷуброн дода, вале узр напурсидаанд. ВИДЕО

Як зани шастсола, ки дар бораи боздошту латукӯб шуданаш аз тарафи маъмурони милиса шикоят карда буд, ҷуброни зарар гирифтааст, аммо мегӯяд, ҳанӯз касе узр напурсид.

Элобат Оғалиқова, сокини ноҳияи Спитамен, моҳи июни имсол иддао кард, ки барои шеваи либоспӯшиаш ба ҷашни расмии ваҳдат дар ноҳия роҳ наёфт ва дар идораи милиса зери латукӯб монд. Мақомот, бараъкс, ӯро ба итоат накардан ба амри маъмурони милиса муттаҳам медонанд.

"2,5 ҳазор сомонӣ доданд"

Оғалиқова охири ҳафтаи гузашта гуфт, охирин доруву дармонашро дар бемористони марказии ноҳия гирифта, ба зудӣ ҷавоб мешавад. Пас аз даъвоҳояш ба мақомот ва нашри шикояташ дар Радиои Озодӣ, ӯ кумак дарёфт кардааст.

“Ҳайдар Шарифзода, муовини сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ, барои дору ва сӯзандору ёрӣ кард. 2,5 ҳазор сомонӣ. Лекин ягон нафар омада, бахшиш напурсид ва нагуфт, ки мо хато кардем,” – нақл кард Элобат Оғалиқова рӯзи 15-уми июл.

Наворро дар инҷо бинед:

Мақомот эҳтимоли шиканҷа шудани занро рад намуданд. Масъулони ҳукумати ноҳияи Спитамен гуфтанд, солҳои пеш ду дафъа дар пайи муроҷиатҳояш барои беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ба Оғалиқова замини наздиҳавлигӣ дода буданд ва бо ӯ мушкиле надоранд.

Дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, нисбати зан бар асоси қисми якуми моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне “итоат накардан ба амри корманди милиса, ки ҳифзи тартиботро таъмин менамояд” санад тартиб доданд. Ин модда аз 5 то 15 шабонарӯз ҳабс ё тақрибан 200 сомонӣ ҷарима дорад.

Муовини раис: "Бо либоси мотамӣ омад"

Ҳодиса, ба гуфтаи Элобат Оғалиқова, субҳи 27-уми июни имсол дар наздикии Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен рух додааст. Ӯ хостааст, дар маъракаи расмии бахшида ба ҷашни ваҳдат ширкат кунад, аммо ғайриинтизор маъмурони милиса дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг дастгир карда, ба Шуъбаи корҳои дохилӣ бурдаанд.

Намояндагони ҳукумати маҳаллӣ мегӯянд, ӯро ба чорабинӣ даъват накарда буданд.

Дилрабо Раҳимӣ, муовини раиси ноҳияи Спитамен, гуфт: “Рӯзи 27-уми июн бо либоси мотамӣ рафта буд. Як рӯз пеш аз он ба қабули раиси ноҳия омада буд ва муроҷиаташ дар ҳоли баррасӣ қарор дошт. Ба сабабҳои ноаён дар назди Қасри фарҳанг бо маъмурони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия моҷаро бардоштааст. Ин ҳодиса ба муроҷиати шахсиаш ба унвони раиси ноҳия ягон рабт надорад.”

Маъракаҳои давлатӣ одатан бо даъвати намояндагони ҳукумат баргузор шуда, на ҳама ба онҳо роҳ дода мешаванд. Мақомот инро бахше аз чораҳои амниятӣ медонанд. Шаҳрвандони ҷудогона на танҳо ба қасрҳои фарҳанг, ҳатто гоҳе ба ҷашнҳои ба ном оммавӣ дар майдон ё варзишгоҳҳо низ роҳ дода намешаванд.

Оzodi.org