Қазияи Хуршед Бобокалонов ва ҷуброни модараш: ҳимоятгарони ҳуқуқ ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ маълумот ирсол карданд

"Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон" имрӯз, 18-уми август ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ дар бораи раванди иҷрои мулоҳизоти 2707/2015-и КҲИ СММ аз ҷониби Тоҷикистон маълумот ирсол намуд.

Ёдовар мешавем, Кумита ба Тоҷикистон мулоҳизот ирсол карда буд, ки "давлати узв дар мавриди ҳолатҳои марги Хуршед Бобокалонов ва иддаои модараш Саодат Кулиева оид ба шиканҷа ва муносибати ғайриқонунӣ тафтишоти фаврӣ, беғаразона ва муассир анҷом надодааст".- Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон чанд банди Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро нақз карда, ҳамчунин " ба Саодат Кулиева осеби равонии калон расонидаанд,- гуфта мешуд дар мулоҳизоти КҲИ СММ.

КҲИ аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки дар муддати се моҳ тафтиши парвандаи ҷиноятии марги Хуршед Бобокалоновро аз сар гирифта, тафтишоти холисона ва воқеиро таъмин кардаву ба Саодат Кулиева ҷуброни муносиб пардохт намоянд.

Аммо сарфи назар аз тамоми талошҳои модари марҳум ва ҳимоятгарони ҳуқуқ, Тоҷикистон ҳеҷ гуна чорае барои амалисозии мулоҳизоти КҲИ наандешид: Прокуратураи генералӣ бори дигар изҳор намуд, ки барои баррасии парванда ягон асос вуҷуд надорад ва Суди ноҳияи И. Сомонии пойтахт даъвои Саодат Кулиеваро дар бораи беэътибор донистани қарори муфаттиш дар бораи қатъ намудани тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони милитсия аз рӯйи далели марги Хуршед Бобокалонов рад кард.

Аз ҷониби ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” охири моҳи феврали соли ҷорӣ дар мавриди ҷуброни зарари маънавӣ ба Саодат Кулиева дар робита ба тафтиши бесамари далели марги писараш Хуршед Бобокалонов ва иҷро нашудани мулоҳизоти Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвогӣ омода карда шуд. Дар аризаи даъвогӣ гуфта мешавад, ки тафтишоти далели марги Хуршед Бобокалонов дар санаи 27-уми июни соли 2009 бесамар буда, миёни солҳои 2009 то 2012 беш аз 7 маротиба қатъ карда шудааст.

«Ҳимояи писари ман Хуршед Бобокалонов аз шиканҷа, инчунин тафтиши саривақтӣ ва беғаразонаи марги ӯ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда нашудааст»,- омадааст дар аризаи даъвогӣ.

Баъди чор моҳ, 8-уми июни соли 2022 Суди ноҳияи И. Сомонӣ боз даъвои Саодат Кулиеваро рад кард.

5-уми июли соли 2022 “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” аз номи Саодат Кулиева ба марҳилаи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе бо талаби бекор кардани ҳалномаи Суди ноҳияи И. Сомонӣ бо сабаби беасос будани рад кардани қонеъ намудани даъвои Саодат Кулиева дар бораи эътироф намудани ҳуқуқи шикоят оид ба рӯёнидани ҷуброни зарари маънавӣ вобаста ба бесамарии тафтиши марги писараш Хуршед Бобокалонов ва риоя накардани мулоҳизоти Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи шикоятӣ омода кард.

Коллегияи судии Суди шаҳри Душанбе рӯзи 2-юми август таъиноти суди шаҳриро дар бораи бетағйир монондани ҳалномаи суди марҳилаи якум ва рад кардан аз қонеъ намудани шикояти кассатсионии Саодат Кулиева қабул кард.

«Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» тамоми имкониятҳоро истифода бурда, ба Кумитаи ҳуқуқи инсонии СММ маълумот ирсол намуд.

NoTorture.Tj