Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
"Мушкилоти аз ҳама муҳим барои мо ин ба таври устувор мавҷуд набудани тафтиши самаранок ва саривақтии шикоятҳо оид ба шиканҷа мебошад. Ба фикри мо, афзоиши муроҷиатҳо ба ташкилотҳои чамъиятӣ барои ёрии ҳуқуқӣ бо он алоқаманд аст, ки шаҳрвандон на ҳама вақт аз натиҷаи муроҷиаташон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қаноатманд мебошанд. Мо қонунгузории хеле хуб дорем, яке аз қонунгузориҳои пешрафтатарин аз нуқтаи назари таъмин намудани кафолатҳои ҳуқуқи инсон дар низоми адолати судии ҷиноятӣ. Аммо дар амал чӣ рӯй медиҳад?"
Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Дунёи ҳуқуқ", роҳбари Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулчеҳра Холматова
Конфронси "Мубориза бар зидди шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо" аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ва Хазинаи Зигрид Раузинг ташкил шудааст. 25.10.2022, Душанбе.
Дар ҳолати поймол шудани ҳуқуқҳои Шумо, метавонед ба суроғаи зерин муроҷиат кунед:
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон: (+992 37) 235 – 11 – 11
Прокуратураи ш.Душанбе: (+992 37) 221 53 27
Прокуратураи вилояти Хатлон: (+992 3222) 22246
Прокуратураи вилояти Суғд: (+992 3422) 51818
Прокуратураи ВМКБ: (+992 3722) 22641
Прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ШНТБ (+992 37) 2270262
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 2212121
Рақамҳои телефони боварии Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон:
Почтаи электронӣ: Notorturetjk@gmail.com
Сомона: www.notorturetj.org
Оид ба масъалаҳои поймолшавии ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон тариқи телефонҳои (+992) 933331703, (+992) 933331803 муроҷиат намоед. Телефонҳо инчунин берун аз соатҳои корӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат ва ид дастрасанд.