Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Гуруҳи ташаббускори ҷавонони “ҲРУ (Ҳадафҳои рушди устувор) – Тоҷикистон»-и назди ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, дар доираи маъракаи 30-рӯзаи «Озодӣ аз шиканҷа - ҳуқуқи мутлақи инсон. 10 сол - барои озодӣ аз шиканҷа!” рӯзи 26-уми ноябр бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр таҷлил мешавад, тренинг ва бозӣ-викторинаи зеҳнӣ баргузор намуд.
26-уми ноябр дар маркази таълимию фароғатии «Parking» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар мавзӯи “Озодӣ аз шиканҷа - ҳуқуқи мутлақи инсон” тренинг ва бозӣ-викторинаи зеҳнӣ баргузор гардид.
Ба ҳайси модераторҳо аъзои гуруҳи ташаббускори ҷавонони «ҲРУ-Тоҷикистон» (ГТҶ ҲРУ)-и назди ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, баромад карданд.
Дар чорабинӣ бист нафар фаъолони шаҳрвандӣ, донишҷӯёни макотиби олии пойтахт ва ҳуқуқшиносони ҷавон иштирок карданд.
Ба андешаи созмондиҳандагон, чорабинӣ бояд таваҷҷуҳи ҷавононро ба масъалаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, тарбияи онҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории кишвар дар самти озодӣ аз шиканҷа ҷалб намояд.
Ба гуфтаи роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” Шоира Давлатова, гузаронидани чунин чорабиниҳо барои муттаҳид шудани талошҳо ва талабот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ташаккули сиёсати “таҳаммулпазирии сифрӣ” нисбат ба шиканҷа дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
«Тавассути бозиҳо ба даст овардани маълумот, дониш ва малака хеле муассир аст. Маҳз ҳамин шакли баргузории чорабинӣ дар байни ҷавонон хеле маъмул аст. Ин як роҳи дар шакли бозӣ расонидани маълумот дар бораи аҳамияти озодӣ аз шиканҷа аст»,- мегӯяд Шоира Давлатова.
Дар қисми аввали чорабинӣ ҷавони фаъол Далер Ҳисомов ба ҳайси сухангӯ баромад намуд. Дар баромади худ ӯ оид ба кори ГТҶ “ҲРУ-Тоҷикистон» сухан ронд. Тренер дар рӯнамоии худ ба иштирокчиён дар бораи аҳамияти Эъломияи ҳуқуқи инсон ва таърихи қабули он нақл кард. Сипас, ӯ дар бораи мафҳуми “шиканҷа” ва таҷрибаи ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ дар самти мубориза бо шиканҷа суханронӣ намуд. Барои таҳкими донишҳои бадастомада бозии интерактивии «Ном ва ассотсиатсия» гузаронида шуд.
Дар қисми дуюми чорабинӣ бозӣ-викторинаи зеҳнии «Мантиқ куҷост?» дар мавзӯи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона гузаронида шуд, ки ба сифати барандаи он ҷавони дигари фаъол аз ГТҶ “ҲРУ-Тоҷикистон» баромад кард.
Ба ғолибони бозӣ-викторина туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуданд: гӯшмонаки беноқили SEVEN E-335B (Bluetooth, TWS) - 1 дона, гӯшмонакҳои бо баландгӯяки SEVEN E-505B (Bluetooth, TWS) - 2 дона, гӯшмонаки беноқили стерео SEVEN AP -B 650MV (Bluetooth) - 1 дона ва гӯшмонаки Sony WI-C400 - 1 дона.