Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Чаро Рӯзи ҳуқуқи инсон муҳим аст?
То имрӯз ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки дар матни Эъломия инъикос ёфтаанд, дар он чун риштаи сурх мегузарад ва бетағйир боқӣ мондааст, инро ҳомиёни ҳуқуқи башари тоҷик, ки дар самтҳои гуногун ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро дар Тоҷикистонр тарғиб ва ҳимоя мекунанд низ мегӯянд. Инак назари онҳоро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон пешкаши шумо менамоем...
Наҷиба Ширинбекова, директори ташкилоти ҷамъиятии "Ҳуқуқ ва беҳбудӣ": “Дар Рӯзи ҳуқуқи инсон ёдовар кардан мехостам, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳад, то ҳуқуқи инсон ҳамаҷониба риоя карда шавад ва сатҳи маърифатнокии ҳуқуқӣ дар ин амал, ки пеш аз ҳама ба паҳнкунии дониш дар бораи ҳуқуқҳои дахлнопазир дар ҷомеа нигаронида шудааст, нақши муҳим мебозад. Насли ҷавон бояд на танҳо онҳоро донад, балки маълумот дар бораи амалияи татбиқ ва ҳифзи онҳо дошта бошад”.
Рақамҳои телефони боварии Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон:
Вилояти Суғд: 98 787 33 33
Вилояти Хатлон ва ВМКБ: 98 787 66 66
Шаҳри Душанбе ва ШНТҶ: 98 708 76 76
Почтаи электронӣ: Notorturetjk@gmail.com
Сомона: www.notorturetj.org
Оид ба масъалаҳои поймолшавии ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон тариқи телефонҳои (+992) 933331703, (+992) 933331803 муроҷиат намоед. Телефонҳо инчунин берун аз соатҳои корӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат ва ид дастрасанд.