Ҷазоҳои муносиб барои амалҳои шиканҷа

1. Ҳар як Давлати узв таъмин менамояд, ки тамоми ҳодисаҳои шиканҷа мутобиқи қонунгузории ҷиноии он ҳамчун ҷиноят арзёбӣ гарданд. Ин ба кӯшиши шиканҷа додан ва амалҳои ҳама гуна шахси ҳамшарик ё шарик дар шиканҷа низ дахл дорад.

2. Ҳар як Давлати узв барои чунин ҷиноятҳо бо назардошти вазнин будани онҳо ҷазои муносиб муқаррар менамояд.

Моддаи 4-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

NoTorture.Tj