Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Фаъолияти Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба мусоидат ба таъсиси системаи вокуниши муассир ба шикоятҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва механизми мустақили тафтишоти шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо оид ба расонидани ёрии амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо нигаронида шудааст.
Дар байни вазифаҳои асосии ГКҲ - муайян кардани дараҷаи паҳншавии шиканҷа ва муносибати бераҳмона; тартиб ва механизмҳои ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва муносибати бераҳмона, расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва/ё хешовандони онҳо, гузаронидани мурофиаҳои судии стратегӣ; таҳияи қоидаҳо ва шартҳои ҳамкорӣ бо адвокатҳо ҷиҳати расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва/ё хешовандони онҳо; ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои аъзои Эътилоф оид ба расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва/ё хешовандони онҳо; мусоидат ба эҷоди механизмҳои муассири вокуниш ба шиканҷа ва тафтишот меистанд.
Дар соли 2023 аз ҷониби Котиботи Гурӯҳи кумаки ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои аъзои Эътилоф 16 шикоят оид ба масъалаҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд, ки аз он 5 шикоят аз ҷониби занон ва 2 шикоят аз тарафи ноболиғон буд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз рӯйи се парвандаи солҳои қаблӣ кор идома ёфт.
Муроҷиаткардагон аз нақзи ҳуқуқи инсон дар ҷараёни боздошт ва тафтишот шикоят намуданд: боздоштҳои ғайриқонунӣ ва худсарона; зӯроварии ҷисмонӣ дар шакли латукӯб, шиканҷа тариқи ҷараёни барқ; таҳдиди таҷовузи ҷабрдида ва/ё аъзои оилаи ӯ; тарсонидан аз ҳабс, ҷазо додан, таҳқир.
Шиканҷа ва муносибати бераҳмона барои ба даст овардани нишондоди худиқрорӣ, ҷазо барои содир кардани кирдорҳои муайян ё ба сифати чораҳои оромсозӣ ва паст задани шаъну эътибори шахсӣ истифода шудаанд.
Синну соли асосии қурбониён 35-45-сола (7 нафар), 5 нафари муроҷиаткарда аз 46 то 60-сола, ду нафар аз 19 то 34-сола ва ду нафар ноболиғон мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи бештари шикоятҳо аз истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати мақомоти корҳои дохилӣ (15) ва як шикоят нисбати мақомоти бехатарӣ ворид шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯйи ду парванда 7 маротиба мониторинги мурофиаҳои судӣ гузаронида шудааст.
ГКҲ мушкилоти асосиеро, ки ҳуқуқшиносони ГКҲ ва қурбониёни эҳтимолии шиканҷа дар давраи ҳисоботӣ рӯ ба рӯ шудаанд, муайян кард: далели он, ки қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо аз шикояти минбаъда нисбати амалҳои ғайриқонунии кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар марҳилаҳои гуногуни парвандаи ҷиноятӣ даст кашидаанд; адвокатҳо аз имкони дастрасии фаврӣ бо зерҳимояи худ маҳруманд, зеро маъмурияти СИЗО иҷозати хаттии расмиро аз муфаттиш талаб мекунад; боздоштшудагонро ба гумроҳӣ мебаранд ё бо ваъдаи раҳоӣ дар сурати додани нишондоди худиқрорӣ фиреб медиҳанд; маҷбур кардан барои додани нишондод бар зидди худ бар хилофи моддаи 12, қисми 5 КМҶ ҶТ; дар мурофиаи судӣ дархостҳои адвокатҳо дар бораи пешниҳоди наворҳои видеоӣ, сабтҳои тиббии айбдоршавандаҳо ва маълумот аз дафтари боздоштшудагон сарфи назар карда мешаванд ва аксар вақт беҷавоб мондаву баъдан рад карда мешаванд; беасос кашол додани тафтишоти пешакӣ аз рӯйи далелҳои истифодаи шиканҷа; муфаттишон дархости адвокатҳоро дар бораи гузаронидани амалиёти тафтишотии иловагӣ мунтазам нодида мегирифтанд; бехатарии қурбониёни шиканҷа ва шоҳидони асосӣ таъмин карда нашудааст; аз адвокатҳо талаб мекунанд, то бо истинод ба моддаи 177-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва моддаи 361-и Кодекси ҷиноятӣ дар бораи ифшо накардани маълумоти дар рафти тафтишоти пешакӣ ба даст овардашуда шартнома имзо кунанд, ки ғайриқонунӣ аст ва чунин созишнома барои пешниҳоди маълумоти мукаммал ва объективӣ барои мониторинги ҳолатҳои ҳуҷҷатгузоришуда имкон намедиҳад; дар баъзе мавридҳо ҳуқуқшиносоне, ки бо масъалаҳои шиканҷа сарукор доранд, аз тарси фишори эҳтимолии тафтишот аз иқдомоти барзиёд худдорӣ мекунанд, ҳатто агар тибқи қонун ҳақи ин корро дошта бошанд.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ) мерасонад.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
E-mail: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ва ё хешовандонатон ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор шудед, метавонед ба мо тариқи WhatsApp ва Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат намоед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои «Тоҷикматлубот»
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, ҳуҷраи 117
Бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бипайвандед, то аз иттилоот огоҳ бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk