Соли маърифати ҳуқуқӣ: машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ дар ҳудуди бозори «Кӯшониён»-и пойтахт

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мегардад, рӯзи 7-уми июн дар ҳудуди бозори «Кӯшониён»-и пойтахт машваратҳои сайёр гузаронид.

Дар давоми як соат - аз соати 08:00 то 09:00 ба 9 нафар муроҷиаткунандагон, ки ба масъалаҳои зерини ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ доштанд, кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд:

- Агар дар мавриди истифодаи шиканҷа парвандаи ҷиноятӣ боз шуда бошад ва суд мансабдоронро маҳкум кунад, оё ман ба ягон ҷуброн ҳақ дорам ва тартиби талаби ҷуброн чӣ гуна аст?

- Маро боздошт карданд, вале ҳуқуқи боздоштшудаҳоро нафаҳмониданд. Ба куҷо шикоят кунам?

- Оё ман метавонам аз амали шахсони мансабдор барои боздошти худсарона шикоят кунам?

- Ман ҷойи кор дорам, аммо мехоҳам дар ҷойи дигар ҳам кор кунам. Ин чӣ гуна ба расмият дароварда мешавад?

- Ман ҳамчун узви оилаи соҳиби хона чӣ ҳуқуқҳо дорам?

- Оё модари ман метавонад дар асоси шартномаи туҳфа сехонагии худро ба ман диҳад ва дар иваз ман бе пардохти иловагӣ якхонагии худро ба ӯ диҳам?

- Оё прокурор ҳуқуқ дорад, ки ба татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди гарав розигӣ диҳад?

- Ман факултаи ҳуқуқшиносиро хатм кардаам. Оё метавонам адвокат шавам?

- Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии милитсияро кадом қонун танзим мекунад: Қонуни ҶТ «Дар бораи милитсия» ё Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»?

«Ман тасмим гирифтам, ки барои дарёфти маслиҳати ҳуқуқӣ муроҷиат намоям ва аз ин хеле шодам. Ба саволам ҷавоби мукаммал дода, қадамҳои минбаъдаро муфассал фаҳмониданд. Хуб аст, ки чунин хизматрасониҳои сайёр вуҷуд доранд ва ройгонанд»,- мегӯяд яке аз иштирокдорони аксия.

Машваратчиён ба шаҳрвандон ҳуқуқу уҳдадориҳояшонро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмониданд. Ба ҳар нафаре, ки барои машварати ройгони ҳуқуқӣ муроҷиат карда буд, чатрҳо бо рамз ва суроғаи Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 28-уми декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва тарбияи шаҳрвандон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд.

NotortureTj