Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Бо натиҷаҳои мониторинги мурофиаҳои судие, ки аз ҷониби Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар се соли охир (2021-2023) гузаронида шудааст, дар зер метавон шинос шуд:
2021:
Дар давраи ҳисоботӣ дар мурофиаҳои судӣ аз рӯйи 4 парванда 23 мушоҳида гузаронида шуд.
Хулосаҳои асосӣ:
Аз 23 мурофиаи судӣ танҳо 5-тояш дар вақти эълоншуда оғоз ёфт. Сабаби кашолкорӣ дар аксар мавридҳо шарҳ дода нашудааст.
Дар 7 маврид ҷадвали баррасии парвандаҳои судӣ дар стенд дар бинои суд овехта нашуда ва ё дар сомонаи суд пахш нагардида, дастрасии маълумотро дар бораи раванд маҳдуд кардааст. Захираҳо (вақт, пул барои зангҳо) барои тамос бо суд, пайдо кардани котиб ва мушаххас намудани санаву вақти мурофиаи судӣ лозим буд.
Ҳуқуқҳои мурофиавии тарафҳо, аз ҷумла, ҳуқуқи пурсиши шоҳид маҳдуд карда шуд.
Айбдоршавандагон дар парвандаи Ёдгоров Ҳ. ва Нарзиқулова Ш. - кормандони собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таври мунтазам аз расонидани зарари ҷисмонӣ таҳдид намуда, нисбати ҷабрдидагон суханони таҳқиромез гуфта, фишор овардаанд. Суд на ҳама вақт чунин рафторро ба эътибор гирифтааст.
Баррасии парвандаҳо дар утоқҳои кории судяҳо сурат мегирад, ки ба талаботи мурофиаи кушодаи судӣ ҷавобгӯ нест.
Дастрасӣ ба бинои суд барои маъюбон ва одамони камҳаракат маҳдуд аст: пандус ё лифт вуҷуд надорад. Даромади худи бино аз зинапоя оғоз меёбад. Нозирон набудани нишастгоҳҳоро барои интизории оғози мурофиа мушоҳида карданд, ҳоҷатхонаҳои мавҷуда бошанд, барои меҳмонон баста буда, аз онҳо танҳо судяҳо ва кормандони суд истифода мекунанд ва оби ошомиданӣ вуҷуд надорад.
Нозирон инчунин мушоҳида карданд, ки дар бинои суд шароит фароҳам оварда нашудааст: дар зимистон толорҳои суд гарм карда намешаванд, иштирокчиён маҷбуранд бо либоси болопӯш нишинанд ва дар тобистон биноҳо салқин карда намешаванд.
Нобаробарии иштирокчиён: айбдоркунандаи давлатӣ (прокурор), котиб ва кормандони милитсия дар толори суд телефони худро истифода мебурданд, дар ҳоле ки дар дигар иштирокчиёни мурофиа ҳангоми ворид шудан кофтуков гузаронида шуда, дар ҷараёни он телефонҳои мобилӣ ва дигар асбобу анҷом гирифта шуданд. Сумкаҳои адвокатҳо низ мавриди тафтиш қарор мегиранд.
2022:
Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯйи 3 парванда 6 маротиба мониторинги мурофиаҳои судӣ гузаронида шуд.
Хулосаҳои асосӣ:
Умуман, дар рафти мурофиаҳои судӣ меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ риоя карда шуда, тарафҳои мурофиа дар доираи қонун амал намуданд. Бо вуҷуди ин, хатоҳои зерин муайян карда шуданд:
Дар ҳама мурофиаҳои судӣ, ки мониторинг фаро гирифт, баррасиҳо бо таъхири тӯлонӣ оғоз шуданд: аз 40 дақиқа то 1,5 соат. Сабаби кашолкориро дар ягон маврид шарҳ надодаанд.
Дар Суди вилояти Хатлон барои маъюбон пандус вуҷуд надорад.
Ҳангоми ворид гардидан ба бинои суд телефонҳои мобилӣ аз иштирокчиёни мурофиа гирифта шуданд.
2023:
Мониторинги мурофиаҳои судӣ. Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯйи ду парванда 7 маротиба мониторинги мурофиаҳои судӣ гузаронида шуд.
Хулосаҳои асосӣ:
Умуман, дар рафти мурофиаи судӣ меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ риоя карда шуда, тарафҳои мурофиа дар доираи қонун амал карданд. Бо вуҷуди ин, хатоҳои зерин муайян карда шуданд:
Аксари мурофиаҳои судӣ дер оғоз ёфтанд. Аз 7 маҷлиси судӣ панҷтояш бо таъхири то 30 дақиқа ва дутояш бо таъхири ҷиддии 1,5-2 соат оғоз шуд. Сабаби кашолкорӣ дар аксар мавридҳо шарҳ дода нашудааст.
Судяҳо аксар вақт ба суҳбат тавассути зангҳои телефонӣ бо дигар кормандони суд, ки ба мурофиаҳо алоқаманд нестанд, машғул мешуданд.
Барои маъюбон дастрасӣ ба бинои суд маҳдуд аст: пандус ё лифт вуҷуд надорад, даромадгоҳ бо зинапоя оғоз мешавад. Ҳоҷатхонаҳо барои меҳмонон бастаанд, оби ошомиданӣ нест.
Судяҳо қабули як қатор дархостҳои адвокатҳоро бо нақзи қонуни мурофиавӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ ба мурофиаҳои баъдӣ мавқуф гузоштанд.
Дар бинои суд шароити муътадил мавҷуд нест: дар зимистон толорҳо гарм карда намешаванд, тобистон бошад, салқин намешавад.
Нозирон нобаробарӣ дар байни иштирокчиёни мурофиаро муайян карданд: намояндагони давлатӣ ва кормандони милитсия аз телефонҳои худ истифода мекарданд, дар ҳоле ки дигар иштирокчиёни суд мавриди тафтиш қарор гирифта, дар натиҷа телефонҳои мобилӣ ва дигар асбобу анҷоми онҳо гирифта шуд. Сумкаҳои адвокатҳо низ тафтиш карда шуд.
Бо натиҷаҳои фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон инҷо метавон шинос шуд:
Дар соли 2021: https://notorturetj.org/activities/rezultaty-deyatelnosti-koalicii-grazhdanskogo-obshchestva-protiv-pytok-i-1
Дар соли 2022: https://notorturetj.org/activities/rezultaty-deyatelnosti-koalicii-grazhdanskogo-obshchestva-protiv-pytok-i-2
Дар соли 2023: https://notorturetj.org/activities/rezultaty-deyatelnosti-koalicii-grazhdanskogo-obshchestva-protiv-pytok-i-3
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ) мерасонад.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
E-mail: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ва ё хешовандонатон ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор шудед, метавонед ба мо тариқи WhatsApp ва Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат намоед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои «Тоҷикматлубот»
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, ҳуҷраи 117
Бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бипайвандед, то аз иттилоот огоҳ бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk