Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.
Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.
Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад (22 майи соли 2016).