Чорабинии иттилоотии «Конститутсияи худро бидон!» (Моддаи 57) Эътилофи зидди шиканҷа оғози чорабинии иттилоотии «Конститутсияи худро бидон!»-ро эълон мекунад!

Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:

1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;

2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;

3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;

4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;

5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;

6. Таъини раъйпурсӣ;

7. Таъсиси судҳо;

8. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;

9. Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;

10. Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ;

11. Муқаррар намуданн рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;

12. Муайян намудани маоши Президент;

13. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад.

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хориҷӣ метавонанд суханронӣ кунанд.

NotortureTj