Баррасии шиканҷа дар парлумон ва Женева

Баррасии шиканҷа дар парлумон ва Женева

Дар моҳи феврали соли 2013 баҳсҳо атрофи қазияи ба Хуҷанд интиқол додани маҳбусон аз шаҳри Душанбе ва масъалаи истирдоди собиқ сарвазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов, ки эҳтимоли шиканҷа шуданаш дар кишвар гӯшрас мегардид, идома ёфт. Аммо ду воқеаи нав - фавти як маҳбуси дигар дар маҳбас ва моҷарои милиса бо ҳамкоронаш дар ноҳияи Рӯдакӣ ихтилофи назарҳоро бештар кард.

Рӯзи 8-уми феврал хабаргузории «Азия-Плюс» зери сарлавҳаи «Нигаронии ҳомиёни ҳуқуқи ОМ аз истирдоди имконпазири Абдуллоҷонов» хабаре пахш карда, ёдовар шуд, ки «рӯзи 6-уми феврал дар Ҳамоиши созмонҳои ҳомии ҳуқуқи минтақавӣ таҳти унвони «Ҳамраъйӣ, ҳамкории муштарак, дастгирӣ» дар Киев ҳомиёни ҳуқуқи минтақаи Осиёи Марказӣ аз истирдоди имконпазири собиқ нахуствазири ҷумҳурӣ Абдумалик Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд». Ба навиштаи хабаргузорӣ, дар изҳороти муштараки санаи 7-уми феврал интишоршудаи ҳомиёни ҳуқуқи ОМ зикр мегардад, ки истирдоди Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон, ки «низоми судии он як асбоби муҷозоти ҳукуматдорон барои сиёсатмадорону шаҳрвандони фаъоли мухолиф асту маҳбусон мавриди шиканҷаву азоб қарор мегиранд, ба ҷони ӯ хатар эҷод месозад».

Дар ҳамин маврид хабаргузории Би-би-си низ рӯзи 8-уми феврал хабаре бо номи «Дархости ҷилавгирӣ аз истирдоди Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Гуфта мешавад, ки Абдуллоҷонов бо дархости мақомоти тоҷик тавассути Интерпол боздошт шудааст. Давлати Тоҷикистон ӯро ба иртикоби ҷароими сангине чун терроризм, ҷиноёти созмонёфта ва фаромиллӣ муттаҳам кардааст. Аммо гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ҳушдор додаанд, ки дар сурати истирдодаш ба Тоҷикистон, оқои Абдуллоҷонов мумкин аст ҳадафи шиканҷаву озор ва ҳатто сӯиқасд ба ҷон ва саломатиаш қарор бигирад».

Ин ҳам дар ҳолест, ки 7-уми феврал ҳафтаномаи «СССР» номаи маҳбуси муассисаи ислоҳии Қӯрғонтеппа Давлатмурод Ҳалимшоевро таҳти унвони «Фиғон аз зиндон» ба табъ расонида буд. Ин маҳбус навиштааст, ки моҳи августи соли 2006 бо тӯҳмати яке аз шахсони воломақом перомуни қазияи 150 сомонӣ дар синни 31-солагӣ ба муддати 20 сол равонаи зиндон шудааст. Ӯ менависад, ки нахуст дар маҳбаси шаҳри Кӯлоб қарор дошту муносибати масъулон нисбат ба маҳбусон ҳирфаӣ ва падарвору ҷавонмардона буд. Аммо таҳти сарлавҳачаи «75 чӯби хӯрдаи Айнӣ ва 750 чӯби хӯрдаи ман» идомаи сарнавишташро чунин қисса мекунад: «Баъди 1 сол моро аз маҳбасхонаи Кӯлоб ба Қӯрғонтеппа оварданд. Ҳама оромии маҳбаси Кӯлоб бо ҷавонмардии акои Умаралӣ ва таблу дуҳули ҷашни 2700-солагӣ зери калтакҳои кормандони маҳбаси Қӯрғонтеппа Қурбонов Шер, Шарипов Гулмаҳмад ва Довуд батамом фаромӯш шуд. Дарк кардам, ки маҳз аъмоли чунин ашхосро муғризони ватани ман ба фоидаи сиёсати худ истифода мекардаанд. Он ҷо, дар Кӯлоб акои Умаралӣ дар утоқи кориаш аз рӯзгори талхи ман пурсида, раҳмаш омаду қариб ашк рехта буд, ин ҷо Шер бо чанд нафар бераҳми дигар чизе напурсида, шояд барои дилхушии худ, моро мурданивор латукӯб карданд. Худоё, инсон бо задан намемурдааст. Баъди зарбаҳои ин тӯдаи ҷоҳил расо 7 моҳ дар беморхона бистарӣ будам. Дар беморхона табиби ҳозиқ Бекназаров дар ниҳодам ҳамчун инсони комил ва башардӯст боқӣ монд. Бо муҷарради каме ба худ омадан ба маҳбас баргаштам. Баъд ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кардам. Барои ин густохиам Шер бо усулҳои фақат барои ману ӯ маълум, ки иборат аз иғво буд, бандаро ба маҳбасхонаи №1-и пойтахти кишвар равон кард. Он ҷо сегонаи сталинӣ Иброҳимов Юсуф, Ҷӯрабеков Фарзон ва Акбар (насабашро намедонам) - кормандони маҳбас маро танҳо барои шикоят бурдан ба прокуратура ончунон калтаккорӣ карданд, ки 75 чӯби хӯрдаи қаҳрамони миллат Садриддин Айнӣ дар назарам калтаки масҳкунии бадан намуд. Ӯ ҳамагӣ 75 чӯб хӯрда, инқилоб карду «Марши Ҳуррият» суруду ман, шояд 750 калтак хӯрда, сабр кардам».

Ин маҳбус меафзояд, ки баъд аз 6 соли «адои мӯҳлати ҷазо барои бегуноҳӣ» 11-уми марти соли 2012 ӯро дигарбора ба маҳбаси шаҳри Қӯрғонтеппа овардаанд ва акнун муносибати масъулони он хуб шудааст.

Аз ин пештар бошад, ҳафтаномаҳои кишвар бо истинод ба хабаргузориҳо атрофи марги як маҳбуси дигар дар муассисаи ислоҳии шаҳри Душанбе мақолаҳои таҳлилӣ ба нашр расонида буданд. Аз ҷумла, ҳафтаномаи «Нигоҳ» бо номи «Чароҳои марги як маҳбус» (№46 (322), 6-уми феврали соли 2013) мақолае чоп карда, дар сарсуханаш иттилоъ дод: «Боз як марги мармуз дар маҳбас. Маҳмадшариф Насриддинов, зиндонии 22-солаи маҳбаси №1-и пойтахт шаби 2-юми феврали соли ҷорӣ ба ҳалокат расидааст».

Ба навиштаи нашрия, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноиятии Вазорати адлияи ҶТ Баҳром Абдулҳақов марги маҳбусро худкушӣ унвон кардааст. Ҳамзамон дар мақола зикр мегардад, ки наздикони марҳум сарусадо дар бораи онро, ки гӯё Маҳмадшариф бо сабаби доштани телефони мобилӣ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст, рад мекунанд. Пайвандон гуфтаанд, ки вай аз маҳбас бо телефонҳои дигарон бо онҳо сӯҳбат мекард.

«Қаблан гуфта мешуд, ки масъулини маҳбас аз ӯ баъди кашф шудани телефони мобилӣ барои халосӣ аз боздоштгоҳи ҷаримавӣ (ШИЗО) ҳазор сомонӣ талаб кардаанд. Вақте маҳбус гуфтааст, ки маблағ надорад ва хонаводаи онҳо хеле фақир ҳастанду намехоҳад болои онҳо ҷабр кунад, мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор гирифтааст», - менависад ҳафтаномаи «Нигоҳ».

Ҳафтаномаи «Чархи гардун» низ атрофи ҳамин қазия мақолаи таҳлилие таҳти унвони «Боз худкушӣ. Боз дар маҳбас!» (№6 (857), 6-уми феврали соли 2013) ба табъ расонидааст. Таҳиягари мақолаи мазкур аз «худкушӣ»-ҳои мармуз дар маҳбасхонаҳо изҳори нигаронӣ карда, ҳамзамон ёдовар мешавад, ки «рӯзи 21-уми сентябри соли 2012 ҷасади маҳбуси 27-солаи ҳамин маҳбасхона (маҳбаси №1-и пойтахт) Ҳамза Икромзода, сокини деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор бо ҷароҳатҳои зиёд ва изи сӯхта дар бағал ва қафаси сина ба наздиконаш супорида шуд. Ҳарчанд мақомоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ изҳорот доданд, ки Ҳамза Икромзода худкушӣ кардааст, вале наздикони ӯ дар латукӯб ва шиканҷаи марҳум кормандони маҳбас, аз ҷумла, роҳбари ин муассиса Рустам Тоштемировро айбдор медонанд».

Як рӯз баъд аз чопи ин мақолаҳо, яъне 7-уми феврал торнамои «Озодӣ» бо пахши хабаре таҳти унвони «Додхоҳии волидайни маҳбусҳо аз президенти Тоҷикистон» иттилоъ дод, ки чанд тан аз волидайни зиндониёни шаҳри Хуҷанд бо нигаронӣ аз сарнавишти фарзандони худ дар рӯ ба рӯйи Қасри президент ҷамъ шудаанд. Ба навиштаи хабаргузорӣ, ин падару модарон аз президент тақозо кардаанд, то таҳқиқи парвандаи шиканҷаи фарзандони маҳсубашон ба таври мунсифона сурат бигирад.

«Файзалӣ Икромов, падари Ҳамза Икромзода, ки моҳи сентябри соли гузашта дар зиндони рақами аввали Душанбе фавтида буд, ба «Озодӣ» гуфт, ки онҳо ҳамроҳ бо волидони дигар маҳбусон мехоҳанд арзу доди худро нисбат ба ноодилона баррасӣ шудани парвандаи марбут ба шиканҷаи фарзандонашон ба президент Эмомалӣ Раҳмон расонанд. Меҳрнигор Ризоева, модари Суннат Ризоев, як маҳбуси дигар низ, ки барои додхоҳӣ омадааст, мегӯяд фарзандашро ахиран аз маҳбаси рақами аввали шаҳри Душанбе ба маҳбаси шаҳри Хуҷанд бурда, се рӯз пеш дар ШИЗО маҳкам кардаанд. Дар ҳамин ҳол, як масъули арзу шикоятҳо дар қабулгоҳи Дастгоҳи иҷроияи президент гуфт, ки Файзалӣ Икромов ва Меҳрнигор Ризоеваро қабул карда, аризаи хаттии онҳоро гирифтаанд. Ин масъул афзуд, ки номаи шикоятии падару модарони маҳбусон ба шӯъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи президент фиристода хоҳад шуд, то мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор бигирад», - менависад «Озодӣ».

Аммо бояд гуфт, ки ин охирин бор ҷамъ омадани волидони маҳбусон дар назди Дастгоҳи иҷроияи президент набудааст. Масалан, хабаргузории TojNews 12-уми феврали соли ҷорӣ бо номи «Президент аз шиканҷа иттилоъ надорад?» хабаре пахш карда, аз ҷумла, навишт: «Беш аз 20 нафар шаҳрвандоне, ки имрӯз ба қабули Мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи шаҳрвандон омада буданд, баъди интизории панҷсоата бо Ҷумъахон Давлатов сӯҳбат кардаанд. Ҷумъахон Давлатов, Мушовири давлатии Президент оид ба ҳуқуқи шаҳрвандон, ба онҳо гуфтааст, сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи шиканҷаи маҳбусон дар маҳсабҳо иттилоъ надорад ва ҳатман ба ин қазия расидагӣ хоҳад шуд. Маҳмурод Одинаев, падари яке аз маҳбусон, ки ба ӯ ваъда дода буданд, имрӯз бо Мушовири Эмомалӣ Раҳмон - Ҷумъахон Давлатов вохӯрад, баъди панҷ соати интизорӣ аз Қасри Президент бо умед ба хона баргаштааст».

Вале падари маҳбус Ризоев Сунатулло - Маҳмурод Ризоев дар як сӯҳбат бо «Фараж» таҳти унвони «Ризоев: Президент! Писари маро мекушанд!!!» (№8 (325), 20-уми феврали соли 2013) чунин изҳор доштааст: «Ман аз худи Ҷумъахон Давлатов талаб кардам, ки фарзандамро аввал муолиҷа намуда, баъдан комиссия ташкил карда, бегуноҳии ӯро исбот намуда, ба озодӣ бароранд».

- Ҳоло фарзандам дар ҳолати вазнин қарор дорад. Ҳама ҷояшро буридааст ва дар болои дилаш Арабов Диловар навиштааст. Ин номи сардори муассисаи 3/3-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мебошад. Яъне дар ҳолати ҳалок гардидани писарам бояд ӯ айбдор дониста шавад. Ин бозгӯи он аст, ки он навори видеоие, ки дар интернет паҳн гардид, сохтакорӣ нест. Ҳафтаи охире, ки ӯро хабар гирифтам, 11 дандонаш набуд. Зарби латукӯбе, ки дар бадани ӯ дидам… Ончунон задаанд, ки ҳатто ҳайвонро чунин намезананд, - изҳори ташвиш кардааст ӯ.

Бояд зикр кард, ки ин ягона қазияи давомдори марбут ба шиканҷа нест. Ба ин нукта хабари чопкардаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо номи «Ҷазо барои шиканҷа не, балки…» (№7 (14-уми феврали соли 2013)) бозгӯ буда метавонад. Ба иттилои нашрия, Суди ноҳияи Шоҳмансур собиқ муфаттиши Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур Абдураҳмон Додовро, ки дар хунукназарӣ дар марги Баҳромиддин Шодиев айбдор дониста мешуд, ба 2 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кардааст. Аммо ҳафтанома ҳамзамон зикр мекунад, ки «ба гуфтаи адвокати Баҳромиддин Шодиев, аз ибтидо оҳанги айбгузорӣ ба муфаттиши Шӯъбаи корҳои дохилӣ нодуруст буд. Зеро наздикони Баҳромиддин Шодиев мегӯянд, ки фарзанди 28-солаи онҳоро кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур латукӯб кардаанд ва ӯ бар асари шиканҷаву озор ҷон додааст».

Тавре дар оғози матлабамон қайд карда будем, моҷарои милисаҳо байни ҳамдигар яке аз воқеаҳои марбути шиканҷа дар моҳи феврал буд. Дар ин бора хабаргузории TojNews бо пахши хабаре таҳти унвони «Милисаҳои тоҷик ҳамкасби худро латукӯб карданд» иттилоъ дод. «Қудратулло Хамедов, сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби ҳамкасбонаш, кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Сомонии пойтахт мавриди боздошт ва латукӯби шадид қарор гирифтааст. Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои ҷабрдида, ба ТоjNews ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, ки 3-юми феврали соли ҷорӣ кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ зерҳимояашро боздошт карда, чор шабонарӯз ғайриқонунӣ нигоҳ доштаанд», - навишт ин хабаргузорӣ.

Вакили дифоъ Б.Ёров дар сӯҳбат бо TojNews афзудааст, ки «Қудратулло Хамедов бо яке аз ҳамсояҳояш аз сабаби рафторҳои ахлоқӣ баҳс мекунанд. Вай зан гуфтааст, ки «ман дар боло криша дорам», бин, ки чӣ кор мекунам. Баъд кормандони мақомоти корҳои дохилии Сомонӣ ҳамроҳи он зан ба сари Қудратулло Хамедов рафта, дар шоҳидии ҳамсараш ва дигарон сардори шӯъбаи корҳои кофтуковии Рӯдакиро латукӯб карда, илова бар ин, гирифта мебаранд».

Ҳамсари Қудратулло Хамедов - Гулчеҳра Ташрифова бошад, гуфтааст: «Ҷигари шавҳарам аз зарби лат варам кардааст, қабурғаҳояш аз зарби латукӯб шикастаанд... Наход барои оромӣ ва риояи одобу ахлоқ ҳарф задан шаҳрвандро мавриди латукӯб қарор диҳанд... Ҳоло шавҳарам аз пайи муолиҷаи саломатиаш аст ва ҳуқуқҳои худро назди қонун ҳимоя мекунад...».

Вале баъдан, рӯзи 18-уми феврал, торнамои «Озодӣ» бо пахши як хабар бо номи «Капитани шикоятгар боздошт шуд» навишт: «Як маъмури пулис, ки иддао карда буд, аз ҷониби ҳамкоронаш мавриди латукӯб қарор гирифтааст, бо ҳукми додгоҳ ба боздоштгоҳ интиқол дода шуд».

Барот Беков, вакили мудофеи капитани милиса Қудратшоҳ Хамедов ба «Озодӣ» гуфтааст, ки бо пешниҳоди Додситонии шаҳри Душанбе, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор ё санксияи боздошти зерҳимояашро содир карда, ӯ ба боздоштгоҳи муваққатии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ интиқол дода шудааст. Ба қавли вакили мудофеъ, капитани милиса Қудратшоҳ Хамедов ба содир кардани амали авбошӣ айбдор карда шудааст.

Чунин ба мушоҳида мерасад, ки таваҷҷӯҳи масъулин ба шиканҷа ва талош барои пешгирии он бештар шудааст. Масалан, рӯзи 12-уми феврал хабаргузории «Азия-Плюс» бо нашри хабари «Вакилони парлумон ба муроҷиати роҳбари ҲУСДТ оид ба мушкили шиканҷа дар кишвар таваҷҷӯҳ карданд» иттилоъ дод, ки ахиран раиси ҲУСДТ Раҳматилло Зойиров муваффақ шудааст, бо вакилони парлумон дар мавзӯи шиканҷа гуфтугӯ кунад.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, раисони кумитаҳои палатаи поёнии парлумон Амирқул Азимов ва Маҳмадалӣ Ватанов пешниҳоди Р.Зойировро дар бораи зарурати ташкил ва гузаронидани баррасии парлумонӣ доир ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ бо ҷалби масъулини ин соҳа ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан, дар самти иҷрои қонунгузории кишвар оид ба шиканҷа дастгирӣ карда, гуфтаанд, ки ояндаи наздик ин масъала таҳти баррасии роҳбарияти парлумон қарор мегирад.

Инчунин торнамои «Озодӣ» бо пахши хабаре таҳти унвони «Дар Женева вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад» иттилоъ дод, ки аз 25-уми феврал то 22-юми марти соли равон Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар Женева иҷлосияи 22-юми худро баргузор мекунад. «Тибқи барномаи ин иҷлосия, қарор аст 4-уми март Хуан Эрнесто Мендез - гузоришгари вижаи Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ оид ба шиканҷа роҷеъ ба натиҷаҳои боздиди нӯҳрӯзаи худ аз Тоҷикистон гузориш диҳад. Ин боздид моҳи майи соли 2012 сурат гирифта буд. Вале як манбаи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон ба «Озодӣ» гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар ин барнома тағйирот пеш хоҳад омад. Ҳоло пешнависи гузориши ҷаноби Мендез роҷеъ ба шиканҷа дар Тоҷикистон ба ҳукумати ин кишвар фиристода шудааст ва он дар вазоратхонаҳои зидахли Тоҷикистон мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дорад», - навиштааст «Озодӣ».

Бо ишора ба ин навгонӣ ҳафтаномаи «Нигоҳ» низ мақолаи таҳлилиеро бо номи «Баҳси шиканҷаи тоҷик» (№49 (325), 27-уми феврали соли 2013) ба табъ расонидааст. Муаллифи мақола вазъияти имрӯзаи амнияти шаҳрвандон ва ҳолатҳои шиканҷаву сарусадо атрофи онро таҳлил карда, ба чунин хулоса расидааст:

- Дар чунин вазъ муҳим нест, ки ду намояндаи Тоҷикистон дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар Женева чӣ мегӯянд. Онҳо бояд ин ҷо назди мардум, ё ҳадди ақал назди роҳбари давлат посух гӯянд, ки бо дур кардани шиканҷа ва латукӯб дар тавқифгоҳу зиндонҳои Тоҷикистон, ба қавли мардум, «ягон ҷояшон кам мешавад?».

NoTorture.Tj