Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар давоми моҳи август расонаҳо аз ваъдаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавриди ташкил кардани мониторинги ҳолатҳои шиканҷа ёдовар шуданд, аммо мавзӯи аз ҳама пурсарусадо қазияи ду маҳбуси шаҳри Хуҷанд Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев буд, ки барои марги маҳбус Ҳамза Икромзода шоҳидӣ додаанд.
Нашрияи «Азия-Плюс» рӯзи 1-уми август бо чопи як хабари васеъ таҳти унвони «Тошев ва ҳимоятгари ӯ аз иштирок дар суд даст кашиданд» (№58 (843)) навишт, ки баргузории ин мурофиа ба рӯзи якуми август дар тавқифгоҳи муваққатии №2-и шаҳри Хуҷанд муқаррар гардида буд. Нашрия аз қавли ҳимоятгари маҳбус Садриддин Тошев - Файзинисо Воҳидова менависад, ки «бо гузаронидани мурофиа паси дарҳои баста мақомот намехоҳанд ҷомеа донад, ки имрӯз дар зиндонҳои кишвар чиҳо мегузарад».
Дар ин бора рӯзи 2-юми август Оҷонсии иттилоотии TojNews гузорише бо номи «Адвокат: Cуди маҳбусон дар Хуҷанд шармовар аст» нашр кард. Дар он гуфта мешавад, ки Суди шаҳри Хуҷанд барои сабти аудиоии мурофиаи судии шоҳидони марги маҳбус Ҳамза Икромзода - Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, ки дар СИЗО-и Хуҷанд идома дорад, иҷоза надода, ҳамчунин ба вуруди журналистон ба мурофиаи судӣ монеъ шудааст. Дар ин бора Абӯбакр Қулматов, адвокати Суннатулло Ризоев ба TojNews иттилоъ дода, мегӯяд, ки мурофиа бо нақзи пурраи ҳуқуқи иштирокдорони мурофиа, аз ҷумла, шоҳидон ва наздикони судшавандаҳо сурат мегирад.
Баъдан ҳафтаномаи «Озодагон» хабаре таҳти унвони «Судяи парвандаи Тошев иваз мешавад» (№31 (291)), аз 7-уми августи соли 2013) чоп карда, аз ҷумла, навиштааст: «Мурофиаи судии Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду маҳбуси зиндони Хуҷанд, ки дар паҳн намудани иттилои бардурӯғ оид ба шиканҷа дар зиндонҳо муттаҳам мешаванд, ба вақти номаълум ба таъхир гузошта шуд. Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев дар шарҳи ин таъхиргузорӣ гуфт, ки додрас Мусалмон Шарипов, раисикунандаи парвандаи маҳбусҳо барои кор ба дигар минтақа интиқол дода шудааст ва то таъин гардидани ҷойгузини ӯ баррасии парванда мавқуф гузошта мешавад».
Чанде баъд ҳафтаномаи «Озодагон» дар ҳамин маврид гузориши муфассале бо номи «Файзинисо Воҳидова: Мақомот мехоҳанд ҷомеа аз мавҷудияти шиканҷа огоҳ нашавад» (№34 (294), аз 28-уми августи соли 2013) ба дасти чоп супурд. «Мурофиаи додгоҳии Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, ки рӯзи 26-уми август дар толори СИЗО 2-и шаҳри Хуҷанд паси дарҳои баста сурат гирифт, бе натиҷа анҷом ёфта, раисикунанда то 28-уми август танаффус эълон кардааст», - хабар дода шудааст дар оғози гузориш. Вакили мудофеъ Ф. Воҳидова зимни сӯҳбат бо хабарнигор гуфтааст, ки дар толори боздоштгоҳи муваққатӣ сурат гирифтани мурофиа имкон намедиҳад, ки онҳо аз васоили техникӣ истифода баранд. «Қонунгузор фармудааст, ки иштирокчиёни мурофиа метавонанд бе розигии раисикунанда аз магнитафон истифода баранд, ки ин як ибораи давраи шӯравӣ буда, имрӯз дар корбарии ягон шахс ё мақомот вуҷуд надорад. Ҳатто ман хулосаи Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузории парлумонро дорам, ки ибораи магнитафон дар таҷрибаи ҳуқуқӣ ба маънои диктафон» истифода бурда мешавад. Аммо раисикунанда ба ман иҷозат надод, ки аз диктафон истифода кунам ва ин боиси он гардид, ки ман аз мурофиаи судӣ ба нишони эътироз берун шудам ва гуфтам, ки то замоне, ки мурофиаи судӣ ба толори суд бурда нашавад, дар мурофиа иштирок нахоҳам кард», - мегӯяд М. Воҳидова.
Ба назари ӯ, «мақомот дар якҷоягӣ бо суд мехоҳанд баррасии парванда паси дарҳои баста сурат гирад ва ҷомеа дар бораи он, ки дар зиндонҳо шиканҷа ҷой дорад, иттилоъ нагирад».
- Маврид ба зикр аст, ки баъди дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ҷобаҷокунии додрасҳо, судяи баррасикунандаи парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев низ иваз шуда, ба ҷои Мусалмон Шарипов додраси дигари Хуҷанд Улуғбек Мустафоқулов раисикунандаи парванда таъин шудааст. Аммо дар аҳди раисикунандаи нав низ бори чандум аст, ки баррасии парванда ба таъхир гузошта мешавад. Ин ду маҳбус барои паҳн кардани иттилои бардурӯғ дар мавриди шиканҷа дар зиндонҳо муттаҳам мешаванд, - хулоса шудааст дар анҷоми гузориш.
Роҷеъ ба қазияи маҳбусони Хуҷанд ҳафтаномаи «Нигоҳ» низ сӯҳбати муфассалеро бо падари Суннатулло Ризоев, яке аз маҳбусон - шоҳиди марги Ҳамза Икромзода таҳти унвони «Маҳмурод Одинаев: Ба президент 120 савол дорам» (№20 (348), аз 6-уми августи соли 2013) ба табъ расонидааст. Маҳмурод Одинаев дар ин сӯҳбат бори дигар аз қазияи интиқол ёфтани маҳбусон ба муассисаи ислоҳии №3-и шаҳри Хуҷанд баъд аз шоҳидӣ додан дар марги Икромзода ёдовар шуда, меафзояд, ки сарфи назар аз муроҷиатҳои зиёдашон ба мақомот оид ба шиканҷа шудани онҳо, касе ҷавоби дақиқ намегардонад: «Муроҷиати ахири ман ба вазири адлияи Тоҷикистон ҳамчун раҳбари Кумитаи ҷамъиятии мубориза бо шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва муассисаҳои ислоҳӣ дар назди Эътилофи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон буд. Мо расман ба вазири адлияи Тоҷикистон муроҷиат кардем, ки бинобар бад будани вазъи нигоҳдории маҳбусон ва шоҳидони марги Ҳамза Икромзода дар СИЗО-и Хуҷанд, ба Комиссияи кумитаи мо иҷозати вуруд ба маҳбасҳои Душанбе ва СИЗО-и Хуҷандро диҳанд. Аммо бо гузаштани беш аз як моҳ, ин одам ҳатто ба мактуби мо ҷавоб надодааст. Вақте вазири адлия қонуни одии кишварашро дар бораи муроҷиати шаҳрвандон риоя намекунад, ман ба чунин вазиру қонуну мақомот бовар надорам».
Одинаев дар посух ба суоли хабарнигор, ки муроҷиатҳои матбуотӣ ба президенти кишвар дар боби шиканҷа шудани маҳбусон чӣ натиҷа додааст, мегӯяд: «Он чӣ дар шаш моҳи ахир рух медиҳад, маро ба як хулоса овардааст, ки президент аз ҳамаи ин корҳо огоҳ нест. Вай як бор супориш дод, ба назарам, дигар аз пасаш нашуд. Ман фикр мекунам, ки вай ба хондани тамоми нашрияҳо вақт намеёбад. Инро фаҳмидан мумкин. Аммо аз тарафи дигар, ин вазифаи президент нест. Ин вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, ки адолатро таъмин кунанд. Шояд вай мушовироне дорад, ки ба ӯ мегӯянд, дар нашрияҳои хусусӣ гапҳои дурӯғ ва муғризона нашр мешавад ва ӯ танҳо ба расонаҳои давлатӣ ва телевизионҳо бовар мекунад? Ба ҳар ҳол, ба президент ман ҳанӯз эътимод дорам, ки агар ӯ огоҳ шавад, ҳатман қазия ранги дигар мегирифт. Ман ба Эмомалӣ Раҳмон 120 савол дорам, ки Худо хоҳад, ба воситаи расонаҳои мустақил ба ӯ пешкаш мекунам».
Би-би-сӣ ҳам рӯзи 27-уми август хабаре таҳти унвони «Эътироз ба додгоҳи марбут ба видеои шиканҷа дар Хуҷанд» нашр карда, аз суханони Маҳмурод Одинаев иқтибос овард. Ба иттилои ин хабаргузорӣ, ду маҳбус, ки дар иртибот бо нашри видеои шиканҷа дар Хуҷанд муҳокима мешаванд, нисбат ба баргузории ҷаласоти додгоҳӣ дар сохтмони боздоштгоҳи ин шаҳр эътироз кардаанд. Одинаев - падари яке аз онҳо гуфтааст, ки дар сурати шаффофияти муҳокима бисёре аз расвоиҳои мақомоти умури зиндон ифшо хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, писараш Суннатулло ва Садриддин Тошев, маҳбуси дигар, дар ҷаласаи додгоҳ, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, аз раисикунандаи парванда хостаанд, ки ҷаласоти додгоҳӣ дар бинои додгоҳ баргузор шавад, то мардум ва рӯзноманигорон ҷараёни ин қазияро аз забони худи маҳбусон шунаванд, аммо посухи мусбат нагирифтаанд.
Маҳмурод Одинаев ҳамзамон меафзояд: «Барои он намехоҳанд дар толори додгоҳ муҳокимаро баргузор кунанд, ки мардум дар бораи фармони Иззатулло Шарипов (раиси идораи умури зиндонҳо) иттилоъ пайдо мекунанд, чунки маҳбусон бо фармони ӯ ба Хуҷанд интиқол дода шуданд ва мавриди латукӯб қарор гирифтанд».
Радиои «Озодӣ» низ дар робита ба ин мавзӯъ гузорише бо номи «Эътирози Тошев ва Ризоев. Мурофиа барпо нашуд» пахш кард. Ба иттилои он, Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, маҳбусони зиндони Хуҷанд ва вакилони дифои онҳо ба нишони эътироз толори боздоштгоҳи муваққатиро тарк карданд ва мурофиа барпо нагардид.
- Раисикунандаи мурофиа Улуғбек Мустафоқулов, додраси додгоҳи Хуҷанд гуфтааст, ки посухи ниҳоии худро дар бораи ҷойи баргузории мурофиа субҳи 29-уми август эълон хоҳад кард, - омадааст дар гузориш.
Аммо ҳанӯз ин масъала ҳалли худро наёфта, рӯзи 28-уми август Хабаргузории «Азия-Плюс» зери унвони «Сардори муассисаи ислоҳии ЯС №3/1 Рустам Тоштемиров аз мансаб сабукдӯш шуд» иттилоъ нашр кард. Дар он гуфта мешавад, Рустам Тоштемиров, ки номаш дар робита ба қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода зикр гардида буд, аз вазифа озод ва сардори муассисаи ислоҳии №3/7, ки дар он собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ адои ҷазо мекунанд, таъин карда шуд. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» як манбаъи муътамад аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ маълумот дода, сабаби ҷойивазкунии ин мансабдорро шарҳ надодааст.
Дар робита як масъули Идораи умури зиндонҳои Вазорати додгустарии Тоҷикистон ин хабарро ба Би-би-сӣ низ таъйид кард ва гуфт, ки барканории Рустам Тоштемуров ва муъовини ӯ дар чорчӯби тағйироти кодрии ин ниҳод сурат мегирад. Дар ҳамин ҳол, пайвандони Ҳамза Икромзода, яке аз маҳбусони кушташуда дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе, раҳбари собиқи ин зиндонро ба даст доштан дар қатли Ҳамза муттаҳам кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки муҷозоти Рустам Тоштемуров ва Музаффар Раҳимов, яке дигар аз кормандони ин муассисаро аз мақомоти зирабт тақозо хоҳанд кард.
Ин мавзӯъро 29-уми август рӯзномаи «ИмрӯзNews» бо чопи мақолаи ««Сюрприз»-и Иззатулло Шарипов» ва зерсарлавҳаи «Дар арафаи 1-солагии фавти Ҳамза Икромзода роҳбари зиндони ЯС №3/1 вазифаи нав гирифт» (№147 (686)) пайгирӣ кард. Дар он аз ҷумла омадааст:
- Исми Рустам Тоштемиров баъди марги маҳбус Ҳамза Икромзода дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе расонаӣ шуд. То охирин лаҳзаҳои ҳукми суд наздикони марҳум Икромзода яке аз муҷримони куштор маҳз ҳамин Тоштемировро медонистанд… Иззатулло Шарифов, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия он замон ба наздикони Ҳамза Икромзодаи ҳалокшуда ваъда кард, ки новобаста аз натиҷаҳои ташхиси тиббӣ, сардори муассисаи ислоҳии №1 Рустам Тоштемиров аз мансаб сабукдӯш мегардад. Ин кор амалӣ шуд, аммо бо шеваи дигар ва ин тағйироти кадрӣ ном гирифт, - менависад рӯзнома.
Илова бар ин, «ИмрӯзNews» бо чопи ҳамин матлаб ба қазияи шоҳидони марги Ҳамза Икромзода дахл карда, навишт: «Бо пахши наворҳое дар Интернет маҳбусон дар бораи муҷозоти худ барои пахши хабари марги Ҳамза Икромзода нақл намуда, изи шиканҷаро дар баданашон нишон доданд. Баъди ин, мақомот нисбати ду нафар зиндонӣ - Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев парвандаи нави ҷиноӣ боз карда, онҳоро дар пахши «маълумоти дурӯғин аз дохили муассисаҳои ислоҳотӣ» гунаҳгор кард. Мурофиаҳои судии ин ду нафар, бино ба қавли адвокатҳои маҳбусон, ғайриқонунӣ дар СИЗО-и Хуҷанд идома дорад. Талаби адвокатҳо дар бораи ба суди Хуҷанд интиқол додани мурофиа бо баҳонаи набудани нақлиёт ва посбонҳо рад карда шудааст. Дар ин миён ҷониби дифоъ тавонистанд, ки айбдоркунандаи давлатӣ ва судяи ин парвандаро иваз кунанд».
Дар фарҷоми матлаби худ ин нашрия иттилоъ додааст, ки тибқи ҳушдори маҳбус Садриддин Тошев, дар сурати рад шудани минбаъда дархостҳояш, ӯ гурӯснанишинии бемӯҳлат эълон мекунад.
Ҳолати наве ҳам ҳаст дар мавриди шиканҷа, ки онро ҳафтаномаи «Фараж» матраҳ кардааст. Ин нашрия бо чопи мақолае таҳти унвони «Шаҳрванди тоҷик - асири Ӯзбекистон» (№35 (352), аз 28-уми августи соли 2013) аз боздошт шудани як нафар муҳоҷири тоҷик дар Ӯзбекистони ҳамсоя хабар додааст.
- Ба наздикӣ Созмони мудофеи ҳуқуқи инсон Amnesty International дар мавриди эҳтимоли шиканҷа шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар Ӯзбекистон изҳорот пахш кард. Дар изҳороти ин созмон омадааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон Абдумавлон Абдураҳмонов аз охири моҳи апрел ба ин сӯ дар боздоштгоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорад ва ӯро хатари шиканҷа таҳдид мекунад. Тақдири марди тоҷик ин созмони байналмилалиро хеле нигарон кардааст, - менависад муаллиф.
Гуфта мешавад, ки Абдумавлони 38-сола рӯзи 25-уми апрел барои дидорбинӣ бо фарзандаш ба Ӯзбекистон рафта, дигар барнагаштааст. Тибқи нақшааш, ӯ бояд рӯзи 28-уми апрел дубора ба Тоҷикистон бармегаштааст. Аммо рӯзи 29-уми апрел бародараш, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, аз телефони ҳамсари собиқи додараш рақами телефоние ёфта, занг мезанад. Вақте бародараш бо ҳамсари собиқи ӯ сӯҳбат мекунад, янгааш мегӯяд, ки Абдумавлон рӯзи 27-уми апрел аз ҷониби Хадамоти амнияти миллии ин кишвар боздошт шудааст. Тибқи фарзияи Афви байналмилал, Абдумавлон Абдураҳмонов ду рӯзи аввал дар як дафтари полиси ноҳияи марзии Бекобод нигоҳдорӣ шудааст. Рӯзи 10-уми июн нафаре ба хонаводаи Абдураҳмоновҳо занг зада мегӯяд, ки дар як боздоштгоҳи шаҳри Тошканд ҳамроҳ бо Абдумавлон нигоҳдорӣ мешавад. Аммо ҳанӯз номаълум аст, ки ӯро бо кадом иттиҳом боздоштаву нигаҳдорӣ мекунанд.
Ба навиштаи «Фараж», як ходими сафорати Тоҷикистон дар Тошканд Шароф Раҳимов гуфтааст, ки аризаи шикоятии хонаводаи Абдураҳмоновҳоро мақомоти тоҷик дарёфт карда, аз ҷониби Ӯзбекистон хостаанд, ба қазияи шаҳрванди Тоҷикистон равшанӣ андозанд.
Вале ин на танҳо як қазияи нав дар бораи шиканҷа аст, ки инъикос ёфтааст. Рӯзи 28-уми август хабаргузории «Озодагон» таҳти унвони «Арзи модари як маҳбуси 21-сола ба Эмомалӣ Раҳмон» муроҷиати як нафар сокини шаҳри Кӯлоб Гулчеҳра Мӯъминоваро пахш кард. Номбурда аз президент хоҳиш кардааст, ки ба қазияи фарзанди 21-солааш, ки ба гуфтаи модар, «говсуд» шудааст, расидагӣ кунад. Ин модар дар хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфтааст: «Кӯтоҳи қисса ин, ки писарам Шарипов Далер Пӯлодович (соли таваллудаш 1988) дар курси чоруми Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб, факултаи иқтисодӣ таҳсил намуда, бо дарёфти шароит вобаста ба ихтисоси интихобкардааш машқи «бизнес» мекард. Дар иртибот бо тиҷорат ба Душанбею вилояти Суғд рафтуомад дошт. Дар яке аз рӯзҳои наҳс барои оилаи мо, пагоҳии барвақт коргарони милитсия ба хонаамон омаданд. Бе ҳеҷ гуна огоҳию хабарнома утоқҳоямонро тагурӯ карда, хуб кофтанд. Ҳеҷ чизи шубҳанок пайдо ки нашуд, маро пешандоз карда, милисахона бурданд. Он ҷо камаш 15 соат дашному истинтоқам карда, оқибат гуфтанд, ки сурати бачаатро деҳ. Дар байни суратҳои дар пешашон буда акси Далери хурдҷуссаи оромтабиатро дида, гӯё таспашон андаке паст шуду огоҳамон намуданд, ки ӯ дар ҷинояте гумонбар мебошад. Аз тафтишот баргаштан баробар бо телефон Далерро ба дуою дабара ба хона хондам. Ӯ бе ҳеҷ гуна таъхир расида омад. Ҳамаи азоби ба сарамон дар милисахона овардаро ба бача нақл карда, барои бизнеси мошин намуданаш ҷанҷоли зиёдаш кардам. Чун педагоги аз илми равоншиносӣ ҳаматарафа огоҳ дурудароз аз воқеа кунҷуковаш кардам. «Оча, хавотир нашавед, ман дар ягон ҷиноят на шарикаму на гуноҳе дорам. Ягона беэтиётие дар ин миён кардам, ҳуҷҷат надоштани ҳамон мошини фурӯхтагиам буд. Парво накун, ман худам ба милиса рафта, буду шуди корро мефаҳмонам» гуфт. Ҳамин тавр, бо дили пур ихтиёрӣ ҳамроҳи Далер милисахона рафтем. Ба хотири он рафтем, ки ба кори тафтишот дар кушодани ҷиноят кӯмак расонем. Аз ба пойи худаш ҳозир шудани Далер ҷинояткобро Худо дод. Дарҳол ба дасти бача наручник зада, дар ҳалқаи посбонҳо ба милисахонаи Душанбе равонаш намуданд. Дар Душанбе нисбати Далери 21-сола чунон приёмҳои азобу шиканҷаро истифода намудаанд, ки дигар сабру таҳаммулро набераи ҳар ду бобояш иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва аз қаҳрамониҳояшон хуб огоҳу худ дар рӯҳияи шуҷоату ҷасурӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбияёфта ба манқурти беидрок табдил меёбад ва ба диктаи онҳо дар нишондодҳояш ва имзогузорӣ ҷинояти вазнинро ба зимма мегирад. Ҳамин тариқ, Далери аз ҳодисаи куштор бехабару саҳнаи иҷрои ин ваҳшониятро ҳатто нодида, бе таҳлилу тадқиқи боварибахши прокурорию судӣ бо тамғаи қотилӣ ба мӯҳлати 25 сол маҳкум гардид».
Модар дар муроҷиат ба президент гуфтааст, ки «имрӯз аз бесалоҳиятии мақомоти марбута садҳо ҷавонони ҳаёташон дар ҳукми гул мисли Далери номуроду бегуноҳи ман ба ҷои дуздону ҷаллодони асосӣ зиндонианд. Бинобар он ҳамчун модари ҷигаррехтаи фарзандаш ноҳақ маҳкуми зиндонгашта аз Шумо кафили асосии ҳуқуқу озодии шаҳрвандони Тоҷикистон илтиҷо ва дархост мекунам, ки аз шумури ҳуқуқшиносони Дастгоҳи Президент, парлумони мамлакат ва созмони байналмилалии ҳуқуқи башар комиссияи дастҷамъона ташкил кунед ва таҳти назорати бевоситаи Шумо парвандаи Далерро аз сари нав омӯзанд, санҷишу тафтишоти мӯшикофона гузаронанд. Ин услуби кор боварӣ дорам, ки бегуноҳии бачаро собит мекунад ва ғунчаҳои орзую умеди дар ҷавонӣ пажмурдашудаи ӯ аз нав дар озодӣ мешукуфанд».
Вақте сухан атрофи боздошту шиканҷаи ноболиғон давр мезанад, ду қазияи ҳаммонанд ба хотир меояд. Нахуст, Хабаргузории «Азия-Плюс» рӯзи 13-уми август иттилоъ дод, ки ҳимоятгари ноболиғи шиканҷашуда аз болои таъиноти хусусии Суди ноҳияи Ёвон дар доираи баррасии парвандаи ҷиноятии собиқ нозири минтақавии милиса Машраф Алиев ба Суди вилояти Хатлон шикоят бурдааст. Вакили дифои ноболиғи ҷабрдида Умед Ниёзов, ки хизмати ройгони ӯро Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» таъмин кардааст, мегӯяд, таъиноти Суди ноҳияи Ёвон аз 24-уми июли соли равон, ки дар асоси он судя Иброҳим Қурбонов худро аз баррасии парванда канор гирифтааст, ғайриқонунӣ аст.
- Ҳимоятгари судшаванда дар дархости пешниҳодкардааш банди 6-и қисми 1-и моддаи 61-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ (Ҳолатҳое, ки иштироки судяро дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ истисно мекунанд)-ро асос оварда, мегӯяд, ки судяи ноҳияи Ёвон дар баррасии парвандаи мазкур наметавонад объективӣ бошад. Чунки раисикунандаи қаблии парванда раиси суди ноҳия буд ва раисикунандаи навбатӣ зертобеи ӯст. Аммо ин даъво асос надорад, чунки тибқи муқаррароти моддаи 87-и Сарқонуни ҶТ судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст, - таъкид мекунад Умед Ниёзов.
Хабаргузорӣ ёдовар мешавад, ки сокини ноболиғи деҳаи Кулободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон 29-уми апрел дар манзили истиқоматиаш аснои худро ба дор овехтан пайдо карда шуд. Наздиконаш писарбачаро аз банд берун оварда, дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Тафтишот муайян сохт, ки чанде қабл корманди милисаи маҳаллӣ бо гумони даст доштан дар дуздӣ, ӯро ба утоқи кориаш даъват намуда, таҳқиру дашном додааст ва ба хотири гирифтани гувоҳии иқрорӣ латукӯб кардааст. Бино ба маълумоти тафтишот, ноболиғ баъд аз муносибати дағалонаи корманди милиса даст ба худкушӣ задааст. 7-уми сентябри соли 2012 Суди ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро гунаҳкор дониста, ба 7 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Аммо Суди вилояти Хатлон дар асоси эътирози раиси Суди Олии ҶТ ҳукми додгоҳи Ёвонро бекор кард, зеро ба ақидаи ӯ, чунин ҳукм нисбат ба Машраф Алиев сабук аст. Бо назардошти эътирози мазкур парвандаи ҷиноятӣ ба тафтиши дубора фиристода шуд.
Қазияи дуввум рӯзи 28-уми август дар торнамои TojNews таҳти унвони «Милиса барои шиканҷаи ноболиғ ду сол шартан зиндонӣ шуд» пахш гардидааст. Ба иттилои оҷонсии мазкур, Суди шаҳри Қӯрғонтеппа Нусрат Ёдгоров, собиқ корманди бахши кофтукови ҷиноии Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Сарбандро ба мудати 2,5 соли зиндон бо нигоҳдорӣ дар низоми пурзӯр маҳкум кардааст. Суд ҷавонӣ ва вазъи оилавии судшавандаро ба инобат гирифта, ба Нусрат Ёдгоров 2 соли шартии маҳрумият аз озодиро сазовор медонад.
Хабаргузорӣ хотиррасон мекунад, ки 6-уми марти соли равон Прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Нусрат Ёдгоров, барои шиканҷаи Ҷ.С., сокини ноболиғи шаҳри Сарбанд, тибқи моддаҳои 143, дараҷаи 1 (Шиканҷа) ва 358, қисми 1 (Боздошти ғайриқонунӣ ва ба ҳабс гирифтан) Кодекси ҷиноятии ҶТ парванда оғоз карда буд.
Чӣ тавре ки дар оғози ин матлаб зикр кардем, яке аз паҳлӯҳои муҳими шиканҷа, ки дар ВАО инъикос ёфт, ваъдаи Омбудсмени тоҷик барои гузаронидани мониторинг буд. Аммо қабл аз он, ки ин хабарҳо пахшу нашр шаванд, рӯзи 1-уми август Хабаргузории «Азия-Плюс» таҳти унвони «Омбудсмен: Чеҳраҳои маҳкумшудагон аз шароити хуби будубош гувоҳӣ медиҳанд» иттилоъ нашр кард. Ба навиштаи ин расона, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода зимни як нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки тибқи мушоҳидаҳояш, дар муассисаҳои пӯшида тамоми шароит, аз ҷумла, ҳаммом, оби гарму хунук мавҷуд аст. Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ шиканҷа зиёд нашудааст. Тибқи маълумоти ахири Омбудсмен, соли равон дар мавриди далели шиканҷа 2 парванда ва болоравӣ аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ 1 парванда боз шудааст. Дар ҳамин нишаст Зариф Ализода фаъолияти гурӯҳи махсуси кориеро хотиррасон кардааст, ки дар муассисаҳои ислоҳии кишвар ҷиҳати ошкор сохтани далелҳои истифодаи шиканҷа мониторингҳо баргузор мекунад ва намояндагони Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон низ аъзои ин гурӯҳ мебошанд.
Дар робита торнамои NoTorture.Tj рӯзи 6-уми август изҳороти Эътилофро нашр кард, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон чунин мавқеъ дорад, ки фаъолияти гурӯҳи мониторингӣ бояд пурра ба Принсипҳои Порисӣ ва талаботи Протоколи факултативӣ мутобиқат кунад, аз ҷумла, мустақилӣ, холисӣ, ворид кардани коршиносони мустақил ба гурӯҳ. Дар робита ба ин Эътилоф пешниҳод кардааст, ки ба гурӯҳи мониторингӣ набояд кормандони мақомоти ҳокимияти давлатие, ки фаъолияташон мавриди санҷишу омӯзиш қарор мегирад (намояндагони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, Вазорати корҳои дохилӣ ва ғ.), шомил гарданд. Ҳамчунин зарур аст, ки фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба мониторинги муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ тавассути Низомномаи ҷудогона, ки дар он ҳаҷми ваколатҳои аъзои гурӯҳи мониторингӣ ба таври дақиқ муайян гардидааст, танзим карда шавад.
Айни замон гурӯҳи кории ибтидоӣ созмон дода шуда, ҳамчунин Низомнома оид ба фаъолияти гурӯҳи мониторингӣ таҳия мешавад. Ба гурӯҳи корӣ намояндагони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, парлумон, судяҳо, олимон, мутахассисони ҷудогона ва кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ шомил хоҳанд шуд. Аз созмонҳои аъзои Эътилоф дар фаъолияти гурӯҳи мониторингӣ 3-4 нафар иштирок мекунанд.
Бояд гуфт, ки гурӯҳи корӣ ҳанӯз ба фаъолият шурӯъ накардааст. Мо умедворем, ки нахустин мониторингҳо дар авоили тирамоҳи соли 2013 гузаронида мешаванд».
Дар ҳамин ҳол, радиои «Озодӣ» рӯзи 9-уми август гузорише бо номи «Дари зиндонҳо барои ҳомиёни ҳуқуқи инсон боз мешавад?» пахш кардаву навишт: «Хабаре ҳаст, ки орзуи деринаи ҳомиёни ҳуқуқ - боздид аз маҳбасҳои Тоҷикистон ба зудӣ ҷомаи амал хоҳад пӯшид, аммо хатаре ҳаст, ки коғазбозиҳо он рӯзро ба дарозо хоҳанд кашид. Дар ҳоле, ки Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии зидди шиканҷа мегӯяд, гурӯҳи кории муштарак дар аввалҳои сентябр аз зиндонҳо дидан хоҳад кард, нақши Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлия дар кори ин гурӯҳ мояи баҳси ҷонибҳо шудааст».
Дар ин замина, ҳафтаномаи «Озодагон» бо чопи мақолае таҳти унвони «Шиканҷа дар маҳбасҳо имиҷи давлатро поин мебарад» (№33 (293), аз 21-уми августи соли 2013) дар бораи талошҳо баҳри ташкили гурӯҳи махсуси боздид аз зиндонҳо ёдовар шуда, менависад: «Ҳанӯз моҳи декабри соли 2012 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода эълон кард, ки барои таҳқиқи вазъи зиндонҳо ва маҳбусини кишвар гурӯҳи вижае таъсис меёбад. Зариф Ализода замоне аз ин азм хабар дод, ки сарусадоҳо атрофии шиканҷа дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон зиёд шуд. Ҷаноби Ализода дар ҳоле ваъдаи гузаронидани мониторинг аз вазъи зиндонҳоро дод, ки солҳост созмонҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла Салиби Сурх дастрасӣ ба ин муассисаҳоро надоранд».
Зимнан чанде аз коршиносонро ба дарозо кашидани боздиди ҳуқуқшиносон аз маҳбасҳо нигарон кардааст. Раҳбари созмони ҷамъиятии «Перспектива+» Ойниҳол Бобоназарова дар сӯҳбат бо «Озодагон» гуфтааст, ки ин масъала набояд зиёд тӯл кашад: «Ман ҳайронам, ки чаро ин масъаларо ин қадар кашол медиҳанд. Ваколатдор ваъда кард, тамом, бояд мониторинг гузаронида шавад. Аслан, дар тамоми ҷомеаи демократӣ дари зиндонҳо танҳо барои ҷинояткорон пӯшида буда, ҷомеаи шаҳрвандӣ дастрасии озод ба ин муассисаҳоро доранд. Ин боздиду мониторинг бояд хеле қаблтар сурат мегирифт, аммо кашолкорӣ мекунанд».
Дар ҳамин ҳол, директори иҷроияи Лигаи занҳои ҳуқуқшинос ва узви Ҳаракати муштарак оид ба мониторинг ва назорати шиканҷа дар маҳбасхонаҳо ба хабарнигори нашрия гуфтааст, ки бо як боздид намешавад тамоми мушкилоти маҳбасхонаҳоро ошкор кард.
- Аслан шиканҷа бар зарари давлат аст. Он нуфузи кишварро коста мекунад. Бояд тамоми чораҳо андешида шавад, то ин мушкил бартараф гардад, - афзудааст ӯ.