Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳамкории Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ оид ба таъсиси гурӯҳи корӣ барои мониторинги муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ
6-уми августи соли 2013
Дар моҳи декабри соли 2012 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба мониторинги муассисаҳои маҳрумият аз озодиро пешниҳод кард. Гурӯҳи мониторингӣ мутобиқи Протоколи факултативии Конвенсияи зидди шиканҷа барои роҳандозии Механизми пешгирикунандаи миллӣ асос шуда метавонад, ки назорати доимии муассисаҳои маҳрумият аз озодиро бо мақсади пешгирии шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибати бераҳмона дар назар дорад.
Аз моҳи феврал то майи соли 2013 Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ роҷеъ ба шартҳои воридшавии аъзои худ ба гурӯҳи мониторингӣ гуфтушунидҳо гузаронид.
Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа чунин мавқеъ дорад, ки фаъолияти гурӯҳи мониторингӣ бояд пурра ба Принсипҳои Порисӣ ва талаботи Протоколи факултативӣ мутобиқат кунад, аз ҷумла, мустақилӣ, холисӣ, ворид кардани коршиносони мустақил ба гурӯҳ. Дар робита ба ин Эътилоф пешниҳод кардааст, ки ба гурӯҳи мониторингӣ набояд кормандони мақомоти ҳокимияти давлатие, ки фаъолияташон мавриди санҷишу омӯзиш қарор мегирад (намояндагони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, Вазорати корҳои дохилӣ ва ғ.), шомил гарданд. Ҳамчунин зарур аст, ки фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба мониторинги муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ тавассути Низомномаи ҷудогона, ки дар он ҳаҷми ваколатҳои аъзои гурӯҳи мониторингӣ ба таври дақиқ муайян гардидааст, танзим карда шавад.
Айни замон гурӯҳи кории ибтидоӣ созмон дода шуда, ҳамчунин Низомнома оид ба фаъолияти гурӯҳи мониторингӣ таҳия мешавад. Ба гурӯҳи корӣ намояндагони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, парлумон, судяҳо, олимон, мутахассисони ҷудогона ва кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ шомил хоҳанд шуд. Аз созмонҳои аъзои Эътилоф дар фаъолияти гурӯҳи мониторингӣ 3-4 нафар иштирок мекунанд.
Бояд гуфт, ки гурӯҳи корӣ ҳанӯз ба фаъолият шурӯъ накардааст. Мо умедворем, ки нахустин мониторингҳо дар авоили тирамоҳи соли 2013 гузаронида мешаванд.
Маълумот:
Протоколи факултативии Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳкиркунандаи шаъну шараф санади байнулмилалие мебошад, ки таъсис додани механизми назорати доимии муассисаҳои маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. Тоҷикистон ҳанӯз узви Протоколи факултативӣ нест, аммо айни замон Ҳукумати ҶТ имкони тасвиби санади мазкурро омӯхта истодааст. Маълумоти бештарро оид ба Протоколи факултативӣ аз ин сарчашма дастрас карда метавонед.
Присипҳои Порисӣ ба вазъи муассисаҳои миллие, ки машғули ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон ҳастанд, дахл дошта, тавассути Қатъномаи 48/134 аз 20-уми декабри соли 1993 пазируфта шудаанд.