«Протоколи Истанбул» ва баҳси шиканҷа дар Тоҷикистон

«Протоколи Истанбул» ва баҳси шиканҷа дар Тоҷикистон

Дар давоми моҳи сентябри соли 2013 қазияи идомадори маҳбусин - шоҳидони марги Ҳамза Икромзода баҳси расонаҳои ватаниро гарм кард. Аммо дар мавриди шиканҷа боз чанд ҳолати дигар расонаӣ шуд, ки то ҷое ғайриинтизор буданд.

Рӯзи 4-уми сентябр Оҷонсии иттилоотии TojNews таҳти унвони «Латукӯби капитани мустаъфии амният дар ШКД-и Шоҳмансур» хабаре пахш карда, аз ҷумла, навишт: «Аскар Одинаев, ки рӯзе пеш ӯро Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба авбошӣ ва таҳдид ба ҷони талабаи мактаби миёна айбдор карда буд, корманди собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ будааст».

Капитани мустаъфии амният, ки феълан дар озодӣ қарор доштааст, ба TojNews ҷузъиёти ҳодисаи 2-юми сентябрро дар мактаби миёнаи рақами 35-и шаҳри Душанбе ва баъдан латукӯб шуданашро дар ШКД-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт чунин нақл мекунад: «Ман ним соат кӯдакони худро дар назди мактаб дар дохили мошинам интизор шудам, то онҳоро ба хона барам. Баъди дарс, аввал духтари ман, ки дар синфи 11 мехонад, аз мактаб берун шуд. Ӯ бо духтарон, бо ҳамсинфонаш буд. Ман ба пешвози ӯ рафтам. Ҳамин вақт як ҷавон ба онҳо наздик шуда, хирагӣ кардан гирифт. Ман ҳамчун падар овоз баланд кардам, ки «Чӣ кор мекунӣ? Тез даф кун худатро аз ин ҷо! Шарм намедорӣ?». Вай гурехта, дуртар рафт ва бо дӯстонаш ба ман таҳдид карданд, ки ҳоло ист, бо ту чӣ кор мекунем! Ман кӯдаконамро гирифта ба хона омадам. Мошинро ба автомойка бурдам. Баъди чанд лаҳза одамони ношинос аз хонаи ман занг зада гуфтанд, ки зуд хона биёям. Ман мошинро гирифта омадам. Дар назди хонаи ман чор мошин буд. Дар дуртар як ҶИП ҳам меистод. Баъд фаҳмидем, ки ин падари “ҷабрдида” Асадулло Раҷабов, корманди милиса будааст. Аз мошин 10-15 нафар берун шуданд, ки либоси омиёна доштанд. Онҳо маро ба ҳар сӯ кашола карда, талаб мекарданд, ки “пистолетро куҷо кардӣ?”. Ман ҳайрон шудам, чунки силоҳ надорам, зеро ман нафақахӯр ҳастам. Онҳо маро латукӯб карданд. Ҳамсояҳо берун шуданд. Пурсиданд, ки чӣ гап аст. Онҳо бо ҳамсояҳо ҷанҷол карданд, ҳамсояҳоро заданд. Мо гумон кардем, ки инҳо авбошҳои кӯча ҳастанд, чунки ба мо худро муаррифӣ накарданд. Баъд дар Шӯъбаи корҳои дохилӣ фаҳмидем, ки падари “ҷабрдида” Асадулло Раҷабов будааст. Падари ҷабрдида рост истода, ҳамаи ин саҳнаи латукӯб ва ҷанҷолро тамошо мекард. Фақат мегуфт, ки «қати мошин-пошинш бардорен, баренаш...». Онҳо ба хонаи ман даромаданд. Зани ман ва писари 15-солаамро заданд. Ба гапҳои ман бовар накарданд, ки 20 сол дар мақомоти амниятӣ кор кардаам. Ман капитани мустаъфии амният ҳастам. Маро ба мошин бор карда, ба ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур бурданд. Ман дар замин шиштам, чунки сарам чарх мезад. Соле пеш захми мағзи сарамро ҷарроҳӣ карда буданд. Боз маро заданд. Ба кабинет дароварданд, панҷ соат ҳар сари чанд вақт задаву кӯфта нигоҳ доштанд. Баъд аз муроҷиати зани ман ба прокуратура ва пешниҳоди шаҳодатномаи ташхиси тиббии экспертӣ маро раҳо карданд. Гуфтанд, ки рафта аз падари “ҷабрдида” узр пурсам. Гуфтанд, ки “мо ҳам мардем-ку, кора хапу дам ҳал мекунем”. Тамоми шаб хоб накардам. Ин саҳар ба духтур рафтам. Маълум шуд, ки ду қабурғаамро шикастаанд ва боз чанд ҷароҳати дигар бардоштаам».

А. Одинаев дар сӯҳбат бо хабаргузорӣ гуфтааст, ки аз кормандони милиса ба суд шикоят хоҳад бурд. Аммо аз ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур ба ин расона изҳор доштаанд, ки гӯё Аскар Одинаев дар ҳолати мастӣ қарор доштааст ва баъд аз он ки аз ҳозир шудан ба ШКД “ба хубӣ” розӣ намешавад, ӯро зӯран овардаанд.

Дар ҳоле ки А. Одинаев нияти аз болои милисаҳо ба суд муроҷиат карданро дорад, қазияи дигари судӣ оид ба шиканҷаи маҳбусони шаҳри Хуҷанд моҳҳо боз идома меёбад. Дар ин замина, рӯзи 3-юми сентябр Хабаргузории «Азия-Плюс» зери унвони «Мурофиаи судии маҳбусон Ризоев ва Тошев пушти дарҳои пӯшида мегузарад» хабар пахш кардаву навишт: «Дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати судяи суди шаҳр Улуғбек Мустафоқулов мурофиаи судӣ нисбат ба маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев идома дорад, вале бо иваз шудани судя вазъ тағйир наёфта, ҷаласаи судӣ мисли пешин дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Хуҷанд пушти дарҳои пӯшида мегузарад ва ба ҳузури журналистон дар мурофиа роҳ намедиҳанд».

Хабаргузорӣ ёдовар мешавад, ки нисбат ба маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев мутобиқи моддаҳои 21, қ. 1 (Ретсидиви ҷиноят), 332, қ. 2 (Кирдорҳое, ки шахси адокунандаи ҷазо дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ содир намудаааст) ва 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Як рӯз баъд аз пахши ин хабар ҳафтаномаи «Самак» гузориши муфассале таҳти унвони «Шоҳиди мадҳуш дар суди Ризоев ва Тошев» (№36 (96), аз 4-уми сентябри соли 2013) ба табъ расонида, чунин иттилоъ дод: «Фирӯз Хоҷамуродов, шоҳиди қазияи марги Ҳамза Икромзода, ки аз тарафи роҳбарияти маҳбаси №3-и шаҳри Хуҷанд ба суд даъват шуда буд, бинобар дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштанаш пурсида нашудааст».

Ба иттилои ин нашрия, адвокати Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев - Файзинисо Воҳидова гуфтааст, ки шоҳиди ҷониби айбдоркунӣ барои нишондоди даркорӣ додан мадҳуш карда шудааст.

- Барои он ки Фирӯз Хоҷамуродов дар ҳоли мадҳушии наркологӣ қарор дошт, ташхиси наркологӣ талаб кардем. Ин талаби мо аз тарафи суд ба инобат гирифта шуд. Вақте фишори шоҳиди ҷониби айбдоркунандаро санҷидем, маълум шуд, ки фишори ӯ номӯътадил аст, - афзудааст Ф. Воҳидова.

Худи ҳамин рӯз, яъне 4-уми сентябр дар ҳафтаномаи «Озодагон» мақолае бо номи ««Сенария»-и додрасҳо дар баррасии парвандаи ду маҳбус» ба нашр расидааст, ки бо чунин сарсухан оғоз мешавад: «Чил рӯз боз баррасии парвандаи додгоҳии Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду маҳбуси зиндони Хуҷанд, ки дар паҳн намудани иттилои бардурӯғ оид ба шиканҷа дар зиндонҳо муттаҳам мешаванд, идома дорад. Ин моҷаро имрӯз дар расонаҳои хабарӣ яке аз «машҳуртарин» баҳсҳои додгоҳӣ ба шумор меравад».

Ба қавли нашрия, «сенария»-и додрасҳо ин будааст, ки аввал раисикунанда барои ба толори мурофиа ворид кардани воситаҳои техникӣ иҷозат додааст, аммо баъдан кор ранги дигар мегирад. Ба гуфтаи вакилони мудофеъ, ҳангоми ворид шудан ба толор кормандони боздоштгоҳ воситаҳои техникиашонро мегиранд. Аз ҷумла, вакили мудофеъ Ф. Воҳидова гуфтааст, ки ҳатто нетбукашро аз дасташ гирифтаанд.

Баъд аз таҳлили мавзӯъ нашрия ба чунин хулоса омадааст: «Ин қазияи ба қавле «гӯшти уштурхӯрда» кай ва ба фоидаи кӣ ба анҷом мерасад, вақт нишон медиҳад. Мо онро пайгирӣ хоҳем кард, зеро дар он шиканҷаи маҳбусин ва ҳолатҳои дигари нақзи ҳуқуқи зиндониён ба назар мерасад».

Аз нашри ин матолиб муддате нагузашта, рӯзи 14-уми сентябр Оҷонсии иттилоотии TojNews таҳти унвони «Падари маҳбус: Ба писарам марг таҳдид мекунад» хабари фаврӣ пахш карда, навишт: «Маҳмадшариф Зоҳидов, падари Маҳмадтолиб Зоҳидов, яке аз маҳбусон - шоҳидони қазияи марги Ҳамза Икромзода, ки ба маҳбасхонаи Хуҷанд интиқол ёфтааст, мегӯяд, ба писараш прокурор таҳдид кардааст, ки дар ҳолати аз баёноташ даст накашидан ӯро таҷовуз хоҳанд кард. Вай мегӯяд, ки беш аз як сол аст наметавонад бо писараш вохӯрад ва мегӯяд ба фарзандаш хатари таҷовуз ва марг таҳдид мекунад. Вай мегӯяд, ғайр аз ин ки писарашро бе огоҳӣ ба Хуҷанд интиқол додаанд, масъулини маҳбас ӯро ба паҳн кардани наворҳои видеоӣ, ки дар он маҳбусон аз латукӯби кормандони маҳбасхона шикоят мекарданд, муттаҳам карда, мавриди латукӯб қарор медиҳанд».

Вале баҳс атрофи қазияи марги Ҳамза Икромзодаро эътирози навбатии шоҳид С. Тошев шиддатноктар кард. Рӯзи 19-уми сентябр хабаргузории «Озодагон» бо номи «Гуруснанишинии “Қорӣ” ва рӯзи шиканҷа дар зиндони Хуҷанд» хабаре пахш кард, ки дар он гуфта мешавад: «Бино ба иттилои Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев, нафари таҳти ҳимояташ се рӯз гуруснанишинӣ карда, 21-уми сентябрро Рӯзи шиканҷа дар маҳбасхонаҳои кишвар унвон кардааст».

- Аз имрӯз сар карда Садриддин Тошев ба хотири марги Икромзода эълом кард, ки се рӯз гуруснанишинӣ мекунад ва рӯзи 21-уми сентябрро рӯзи шиканҷа ва маргу мири маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон эълон кард, - гуфтааст Ф. Воҳидова.

Аммо баъд аз ин ҳодиса маводе таҳти унвони «Гардиши нав дар мурофиаи маҳбусони Хуҷанд» рӯзи 19-уми сентябр дар Оҷонсии иттилоотии TojNews интишор шуд. Дар ин хабар гуфта мешавад, ки яке аз шоҳидон дар мурофиаи судии Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев шоҳидӣ дода, гуфтааст, маҳбусонро бо супориши Иззаттуло Шарифов, сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон латукӯб кардаанд ва ин наворҳо сохта набуданд.

- Илҳом Рустамов ба ҳайси шоҳид дар мурофиаи дирӯза, ки дар маҳбаси №3-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, гуфтааст, наворҳое, ки ба расонаҳо роҳ ёфтаанд, сохта нашудаанд, балки маҳбусонро ҳангоми интиқол ба Хуҷанд дар ҳақиқат латукӯб карда буданд. Дар мурофиаи қаблӣ Илҳом Рустамов бино ба надоштани вакили дифоъ, аз шоҳидӣ додан даст кашида буд ва танҳо баъд аз он ки суд ба вай вакил таъмин намуд, дар мурофиаи дирӯза чанд ҷузъиёти онрӯзаро ошкор кард. Бино ба гуфтаи Илҳом Рустамов, рӯзи 5-уми ноябр як гурӯҳ маҳбусон бо роҳбарии Иззатулло Шарифов, cардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Тоҷикистон бурда шуда, ҳангоми расидан ба маҳбасхонаи шаҳри Хуҷанд, Изpатулло Шарифов Садриддин Тошевро ҳамроҳи худ бурдааст. Маҳбус шоҳидӣ дод, ки онҳоро ба утоқи мутобиқгардонӣ (карантин) бурда, ҳангоми кофтукови либос ва моли дар даст будаашон латукӯб кардаанд. Илҳом Рустамов гуфт, вақте Садриддин Тошев наздамон омад, аҳволи моро дида хандид ва гуфт, ки чаро ба мисли гӯсфандон дар як ҷой ҷамъ шудед?! Баъд аз ин вайро низ бурда латукӯб карданд. Дар ин байн, касе ин корҳоро навор гирифт. Наворҳоро онҳо на ба падари маҳбус Тошев, балки ба омбудсмен Ҳусниддин Нидоев супоридаанд, - гуфтааст вакили дифоъ Ф. Воҳидова ба хабаргузорӣ.

Рӯзи 20-уми сентябр ҳамин хабаргузорӣ иттилои дигаре таҳти унвони «Қазияи Тошев ва Ризоев: Прокурор барои таҳдид ба шоҳидон иваз шуд» пахш карда, дар сархати он навишт: «Файзинисо Воҳидова, вакили Садриддин Тошев аз суд талаб кард, то прокурор Диловар Алиев бино ба сабаби таҳдид карданаш ба ҷабрдидагону шоҳидон ва дар натиҷа ба даст овардани нишондоди дурӯғ, иваз карда шавад».

- Ин дувумин прокурор аст, ки дар мурофиаи судии Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду маҳбус - шоҳидони марги Ҳамза Икромзода, ки дар маҳбасхонаи №3-и шаҳри Хуҷанд давом дорад, бо истифода аз ваколатҳои худ ба шоҳидону ҷабрдидагон таҳдид карда, ба рафти мурофиа халал мерасонад. Дар мурофиаи дирӯза Маҳмадтолиб Зоҳидов зимни шоҳидӣ додан дар мурофиаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ки ба паҳн кардани навори бардурӯғ бо роҳи сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ, бо истифода аз воситаҳои ахбори омма айбдор мешаванд, шоҳидӣ дода, гуфт, прокурори қаблӣ Парвиз Қосимов низ ба онҳо таҳдид мекардааст, ки аз баёнот дар бораи латукӯби кормандони маҳбас даст кашанд,- овардааст аз қавли адвокат хабаргузорӣ.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки гӯё Парвиз Қосимов дар гирифтани пора ҳам даст дошта бошад, аммо посухи радкунандаи ӯро низ худи ҳамин расона рӯзи 25-уми сентябр бо пахши хабаре таҳти унвони «Прокурор пора гирифтанашро аз маҳбус дар суд рад кард» пешкаши хонанда кардааст. Хабаргузорӣ бо такя ба суханони вакили мудофеъ Ф. Воҳидова навиштааст: «Дирӯз зимни мурофиаи судӣ Илҳом Рустамов, яке аз маҳбусоне, ки пас аз шоҳидӣ додан дар қазияи марги Ҳамза Икромзода аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол ёфта ва мавриди латукӯби шадид қарор гирифтаанд, иқрор шуд, ки Парвиз Қосимов ба ивази оғоз накардани парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ дар робита ба паҳн шудани наворҳои видеоӣ ба расонаҳо ду ҳазор доллар талаб карда, вай тавонистааст ба прокурор ҳамагӣ ҳазор доллар пора диҳад. Аммо Парвиз Қосимов иддаои маҳбусонро дар бораи пора гирифтанаш дар ҳаҷми ҳазор доллари ИМА рад кард».

Дар ҳамин ҳол Би-Би-Сӣ рӯзи 23-юми сентябр таҳти унвони «Баёноти ғайримунтазираи "ҷабрдидагон" дар додгоҳи Тошев ва Ризоев» хабар нашр кард, ки дар он гуфта мешавад: «Муҳокимаи додгоҳии парвандаи ду маҳбус дар Хуҷанд, ки дар тӯҳмат алайҳи маъмурони зиндон ва тарҳрезии нооромӣ дар инҷо муттаҳам шудаанд, бо баёноти ғайримунтазираи “ҷабрдидагони” парванда алайҳи маъмурони зиндонӣ ранги дигар гирифт. Қарор буд чаҳор зиндонӣ, ки ҷониби додситонӣ онҳоро ба унвони ҷабрдидаҳо ба ҷаласаи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд даъват карда буд, алайҳи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду зиндонии дигар баёнот медоданд, аммо баръакс, дар пуштибонӣ аз онҳо алайҳи маъмурони зиндон баёнот доданд. Маъмурони додситонӣ аз Давлатов Неъмат, Рустамов Илҳом, Аслиддин Маҳмадов ва Маҳмадтолиб Зоҳидов дар бораи рафтори Тошев ва Ризоев баёнот гирифтаанд. Аммо дар ҷаласаи додгоҳӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки дар охири ҳафтаи гузашта сурат гирифт, ин афрод гуфтанд, ки баёнотро таҳти таҳдид ва озори зиндонбонҳо имзо гузоштаанд. Ин афрод дар рӯ ба рӯи мақомоти додситонӣ ва зиндонбонони худ ба қозии парванда гуфтанд, ки дар натиҷаи таҳдидҳо, латукӯби бераҳмона ва таҷовуз нишондодҳоро имзо кардаанд ва барои ҳамин он гувоҳӣ доданҳо воқеӣ нестанд».

Чунин як воқеаи ғайримунтазира рӯзи 24-уми сентябр аз ҷониби хабаргузории «Озодагон» низ бо номи ««Абумуслим: «Таҳти фишори раис зидди Тошеву Ризоев ҳарф задам» пахш гардидааст:

- Абумуслим Раҷабов, як маҳбуси зиндони Хуҷанд, ки дар парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев - ду шоҳиди марги Ҳамза Икромзода ҳамчун “ҷабрдида” муаррифӣ шуда, зидди онҳо баёнот дода буд, рӯзи 24-уми сентябр онро рад кардааст. Вай гуфта, ки ин баёнотро таҳти фишор ва шиканҷаи Диловар Арабов, сардори зиндони сеюми Хуҷанд додааст.

Чӣ тавре ки қаблан зикр кардем, дар моҳи сентябр ба ҷуз идомаи марги Ҳамза Икромзода ва шикояти собиқ корманди КДАМ аз шиканҷа, дигар ҳодисаҳои ғайриинтизор ҳам аз ҷониби ВАО инъикос ёфтанд. Яке аз ин ҳолатҳо шикояти намоядагони созмони «Дасти ёрӣ» буд. Озодӣ рӯзи 29-уми сентябр бо истинод ба як навори видеоии торнамои NoTorture.Tj, ки дар он Комил Арешов ва Комрон Асозода ҷузъиёти моҷарои ба сарашон омадаро қисса мекунанд, хабаре таҳти унвони «Боздошти 3 ҷавон ҳангоми гузаштани кортежи президент» пахш карда, аз ҷумла навиштааст: «Раҳбар ва ду корманди созмони хайрияи "Дасти ёрӣ"-ро дар Душанбе бо ҷурми "авбошӣ" панҷрӯзӣ маҳкум ба ҳабс кардаанд. Ин се ҷавон ба он айбдор мешаванд, ки мошини худро қабл аз гузаштани корвони мошинҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз кӯчаҳои маркази Душанбе нигоҳ доштаанд.

Ба гуфтаи муфаттишон, кормандони созмони хайрия рӯзи 27-уми сентябр дар минтақаи “Садбарг”, ки марбут ба ноҳияи Шоҳмансур аст, “авбошӣ” кардаанд. Аммо Комил Арешов ва ҳамкорони ӯ худро бегуноҳ медонанд ва мегӯянд, ки баръакс, кормандони милиса бе ҳеҷ асосе ба онҳо дарафтода, бадрафторӣ кардаанд ва онҳоро бо иттиҳоми авбошӣ ба шӯъбаи умури дохилӣ бурдаанд.

- Комил Арешов ва Комрон Асозода қабл аз мурофиа ба ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки ҳеҷ кори ғайриқонуние накардаанд. Баръакс, маъмурони милиса бо дашному ҳақорат ба онҳо дарафтода, дар назди мардум, дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе, дар назди маркази тиҷории «Садбарг» калтаккӯб кардаанд. Комил Арешов мегӯяд, маъмурони милиса, ки ба онҳо дарафтоданд, маст буданд ва бо истифода аз алфози хеле қабеҳ дар мазҳари омма онҳоро зери мушту лагад гирифтаанд, - менависад Озодӣ.

Мувофиқи нишондоди ин хабар, Комил Арешов мехост рӯзи 28-уми сентябр ба хадамоти амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва додситонӣ расман аз рафтори бади маъмурони милиса шикоят барад, вале дар ҳамон рӯз ба сурати оҷил мурофиаи парвандаашонро баргузор ва ҳарсеро панҷрӯзӣ ҳабс карданд.

Созмони хайрияи «Дасти Ёрӣ» моҳи майи соли гузашта таъсис ёфта, то кунун бо ҷалби кӯмакҳои хайрияи сокинони дохилу хориҷи Тоҷикистон ба ятимхонаҳои кишвар ва даҳҳо нафар аз занону кӯдакон ва афроди пиру барҷомонда кӯмак кардааст. Ба гуфтаи Комил Арешов, онҳо аз тарафи маъмурони милиса низ замоне дастгир ва латукӯб шуданд, ки мехостанд боз як қуттии хайрияи ин созмонро дар яке аз фурӯшгоҳҳои воқеъ дар минтақаи “Садбарг” гузоранд.

Яке аз қазияҳои дигар ин аст, ки ҳафтаномаи «Фараж» бо чопи мақолае таҳти унвони «Баёнот зери «ломка»?» (№39 (356), аз 25-уми сентябри соли 2013) онро ба баҳсу баррасӣ кашид. Дар оғози ин мақола навишта мешавад, ки Суди ноҳияи Вахш ду нафар сокини ин ноҳияро бо ҷурми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир айбдор намуда, ба мӯҳлати тӯлонӣ равонаи зиндон намудааст. Аммо яке аз судшавандаҳо изҳор доштааст, ки ӯро мавриди латукӯб қарор дода, бо истифода аз шиканҷа баёноти худиқрорӣ гирифтаанд.

- Аҳлиддин Назаров, судяи Суди ноҳияи Вахш, ки раисии ин мурофиаро бар дӯш дошт, Абди Ишқобилов ва Ҷонмаҳмад Ашӯровро бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноят бо моддаи 200 қисми 3 КҶ ҶТ гунаҳгор дониста, ба мӯҳлати 8 солу 10 моҳ ҳар кадомро равонаи зиндон кард. Зафар Маҳмудов, ҳимоячии Ҷонмаҳмад Ашӯров мегӯяд, ки ҳукми суд ғайриқонунӣ ва беадолатона буда, дар мӯҳлати пешбининамудаи қонун аз болои ин ҳукм шикоят хоҳанд бурд. Дар рафти муофиаи судӣ судшаванда Ашӯров гуфт, ки ӯро рӯзи 14-уми апрел бегоҳ кормандони шӯъбаи кофтукови ҷиноии ШВКД-и ноҳияи Вахш аз назди манзили зисташ боздошт карда, ба ШВКД-и ноҳия оварда, тайи се рӯз мавриди латукӯб қарор додаанд, - менависад нашрия.

Ҷ. Ашӯров гуфтааст, ки «вақте маро ба ШВКД рӯзи 14-уми апрел оварданд, ман чизеро намефаҳмидам, чаро ва барои чӣ маро овардаанд. Дар утоқи кории корманди гурӯҳи фаврӣ Қурбоналӣ Неъмонов аввал киссаҳоямро кофтуков намуда, телефони мобилӣ, айнак ва 70 сомониамро гирифтанд. Баъдан маро Қурбоналӣ Неъмонов ва Далер Кӯлобиев мавриди латукӯб қарор дода, маҷбур карданд, то иқрор шавам, ки маводи мухаддире, ки аз мошин ва хонаи Ишқобилов пайдо кардаанд, гӯё аз ман харида бошад. Аз сарам об мерехтанд, ба тамоми аъзои баданам махсусан Далер мезад. Ман ба латукӯби онҳо тоқат накарда, маҷбур шудам ба баёноте, ки худи онҳо навишта буданд, имзо гузорам».

Ба иттилои нашрия, дар маводи парванда омадааст, ки кормандони ШВКД-и ноҳияи Вахш рӯзи 15-уми апрели соли равон дар ҳудуди хоҷагии Кирови ноҳия Абди Ишқобиловро дастгир мекунанд. Ҳангоми дастгиркунӣ аз автомашинаи ӯ 41 адад қуттии вазелин, ки дохилашон маводи мухаддири навъи афюн пур карда шуда буд, дарёфт мекунанд. Баъдан, дар ШВКД-и ноҳия номбурда иқрор мешавад, ки дар хонааш боз як миқдори дигари маводи мухаддир дорад. Кормандони милиса боқимондаи маводи мухаддирро низ аз хонаи Ишқобилов дарёфт намуда мегиранд, ки ҷамъ 1,5 килоро ташкил мекунад. Ишқобилов дар баёноти аввалияаш гуфтааст, ки 1 кг маводи мухаддири афюнро аз Ҷонмаҳмад Ашӯров ва 1 килограми дигарашро аз Абдусалом ном ронандаи КАМАЗ харидорӣ кардааст. Баъдан Ишқобилов аз ин баёноташ даст кашида, гуфтааст, ки ҳангоме кормандони милитсия аз ӯ баёнот гирифтаанд, дар ҳолати "ломка"-и маводи мухаддир будааст ва ӯ ба Ҷонмаҳмад Ашӯров ва Абдусалом тӯҳмат кардааст.

- Вақте аз ман бегоҳи ҳамон рӯзе, ки дастгирам карданд, баёнот мегирифтанд, маро мавриди латукӯб қарор доданд ва ман, ки беш аз 20 сол аст маводи мухаддир истеъмол мекунам, дар ҳолати "ломка" будам. Намедонистам чӣ мегӯяму чӣ мекунам. Барои ман бефарқ буд, ки ба чӣ имзо мекунам. Ман ба Ҷонмаҳмад Ашӯров тӯҳмат кардам. Маводи мухаддирро на аз Ҷонмаҳмад Ашӯров, балки аз як ронандаи КАМАЗ аз назди бозори Ҳоҷӣ Шарифи шаҳри Қӯрғонтеппа барои истеъмоли худам харидорӣ намудам, - гуфтааст Ишқобилов.

Абӯбакр Қулматов, адвокати судшаванда Абди Ишқобилов аз ҳукми суд розӣ набуда, ният дорад аз болои он ба Суди вилояти Хатлон шикоят барад.

Аммо дар ҳамин ҳол, корманди фаврии шӯъбаи кофтукови ҷиноии ШВКД ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Неъмонов дар рафти мурофиаи судӣ бо роҳи шиканҷа гирифтани баёноти судшавандаҳоро беасос ва тӯҳмат номидааст.

Рӯзномаи «Азия-Плюс» низ дар ҳамин маврид хабаре бо номи «Судшавандаҳо боз дар бораи шиканҷа мегӯянд» (№72 (857), аз 26-уми сентябри соли 2012) нашр карда, менависад, ки адвокати судшаванда Ҷонмаҳмад Ашӯров ҳам ният дорад тибқи мӯҳлати муқарраргардида ба Суди вилояти Хатлон шикоят барад.

Дар ҳоле, ки сарусадо оид ба истифода шудани шиканҷа аз ҷониби намояндагони алоҳидаи мақомот ҳанӯз ҳам ба гӯш мерасад, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон фаъолияти худро дар самти гузаронидани давраҳои омӯзишӣ афзоиш медиҳанд. Масалан, торнамои NoTorture.Tj рӯзи 18-уми сентябр хабаре пахш кардаву аз баргузории давраи омӯзишии махсус иттилоъ дод: «Семинар барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамкории ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ» рӯзҳои 17-18-уми сентябр дар толори меҳмонхонаи Ҳаятт Риҷенсии Душанбе баргузор шуд… Иштирокдорон зарурати ҳамкории Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро бо Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон барои мониторинги муштараки муассисаҳои пӯшидаи кишвар иброз доштанд».

Баъдтар NoTorture.Tj гузоришеро бо номи «Кормандони муассисаҳои ислоҳӣ масоили озодӣ аз шиканҷа ва принсипҳои протоколи Истанбулро меомӯзанд» пахш кард. Дар гузориш омадааст, ки «ба кормандони муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон рӯзҳои 26-28-уми сентябр дар ҷараёни як давраи омӯзишӣ механизмҳои миллӣ ва байнулмилалии озодӣ аз шиканҷаву муносибати бераҳмона ва принсипҳои протоколи Истанбулро таълим медиҳанд. Чорабинии мазкур дар бинои Маркази такмили ихтисоси назди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» дар ҳамбастагӣ бо Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) гузаронида мешавад».

Дар ҷараёни ин семинари серӯза санадҳои байнулмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон, меъёрҳои миллию байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, тафтишу санадсозии муассири далелҳои шиканҷа ва муносибату ҷазои бераҳмона тибқи принсипҳои протоколи Истанбул, меъёрҳои ахлоқии фаъолияти тиббӣ ва ҳуқуқӣ, далелҳои равонии истифодаи шиканҷа, инчунин пешгирии фишору шиканҷаи равонӣ мавриди таҳлилу баррасии иштирокдорону тренерон қарор гирифтаанд.

NoTorture.Tj айни хулосабарорӣ аз аҳамияти чунин давраҳои омӯзишӣ менависад, ки «ба ин тариқ, Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати ҳуқуқии кормандони муассисаҳои ислоҳӣ ва пешгирии шиканҷаю муносибати бераҳмона кӯшиш ба харҷ медиҳанд».

Хабаргузории «Азия-Плюс» низ рӯзи 24-уми сентябр гузориши муфассале таҳти унвони «Табибон барои ҳуқуқи инсон: Мо ба тағйироти мусбат дар Тоҷикистон бовар дорем» пахш кард. Хабаргузорӣ аз баргузории як тренинги муфид ёдовар шуда, аз ҷумла менависад: «Трениги чаҳоррӯза, ки аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсони ҶТ» бо дастгирии Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон созмон дода шуд, барои аз наздик ошно гардидани мутахассисон бо тарзу усули асосии тафтиши пурсамар ва ҳуҷҷатгузории маълумот оид ба далелҳои истифодаи шиканҷа равона гардида буд».

Ин расона ҳамзамон сӯҳбатеро бо доктори улуми тиббӣ, сармушовири тиббии шӯъбаи амрикоии созмони «Табибон барои ҳуқуқи инсон» Винсент Ҷакопино ба гузориш пайванд додааст, ки мухтасари андешаҳои номбурда ин аст:

- Ҳадафи асосии тренинги Душанбе кӯмак баҳри хотима бахшидан ба таҷрибаи истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароит барои минбаъд ғайриимкон гардидани истифодаи он аст. Созмони «Табибон барои ҳуқуқи инсон» дар ИМА воқеъ буда, қариб муддати 15 сол мо дар ин самт фаъолият дорем. Баҳри роҳандозии меъёри байналмилалии ҳуҷҷатгузории пурсамари далелҳои шиканҷа мо кӯшишҳои зиёд ба харҷ додем. Барои ҳуҷҷатгузории пурсамари чунин ҳолатҳо мо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон корҳои зиёде ба сомон расонидем. Аллакай соли сеюм аст, ки мо дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон фаъолият дорем, то ки ин ҳуҷҷати байналмилалӣ бо номи «Протоколи Истанбул» ва принсипҳои асосии онро дар таҷрибаи ин кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷорӣ созем. Дар ин ҷо мо бо Маркази ҳуқуқи инсон, Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ, Прокуратураи генералӣ, Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судиву тиббии ҶТ ҳамкорӣ дорем, то барои омӯзиши коршиносон бо тарзҳои кор тибқи меъёрҳои байналмилалӣ шароитҳои мусоид муҳайё карда шавад. Мебояд гуфт, ки айни замон дар Тоҷикистон маҳз чунин марҳилаи таърихие фаро расидааст, ки барои аз байн бурдани таҷрибаи истифодаи шиканҷа метавон ба тағийроти муҳим даст зад. Ҳукумат иқдомоти зиёди мусбатро рӯйи даст гирифт ва аз ҳама муҳимаш, дар сатҳи баланд мавҷуд будани шиканҷаро эътироф намуда, ҷонибдории худро дар мубориза бо ин падида тасдиқ кард. Бозбинии ҳуҷҷатҳои байналмилалие сурат гирифтанд, ки барои тағйироти мусбат дар кишвар аз аҳамияти вижа бархӯрдоранд. Ман нишонаҳои муҳими ҳамкории мусбати ташкилотҳои давлативу ғайридавлатиро дар ин самт мушоҳида мекунам.

NoTorture.Tj