Чорабинии иттилоотии «Конститутсияи худро бидон!» (Моддаи 88) Эътилофи зидди шиканҷа оғози чорабинии иттилоотии «Конститутсияи худро бидон!»-ро эълон мекунад!

Судяҳо парвандаҳоро ба таври дастҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунанд.

Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад.

Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.

Мурофиа ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд.

NotortureTj