Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 14-15 октябр – Ду тренинги якрӯза барои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба таҳкими муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути таҳияи системаи ҷамъоварии маълумот баргузор мегардад. Муҳимияти таҳкими иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷамъоварии маълумот оид ба ҳуқуқи инсон аз монеаҳои мавҷуда бармеояд. Мақомоти давлатӣ аксаран ба маълумоти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бовар намекунанд ва онро қабул намекунанд, ғайр аз ин, дар маълумоти омори мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тафовутҳо ба назар мерасанд. Барои пешбурди ҳуқуқҳои инсон зарур аст, ки системаи шаффоф ва устувори ҷамъоварии маълумот таъсис дода шавад.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаҳои «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва «Пешбурди ҳуқуқи инсон ва тобеиятҳо дар маҳбасҳои Тоҷикистон аз нигоҳи гендерӣ: тадқиқот, муколама ва баланд бардоштани огоҳӣ», ки аз ҷониби Фонди Канада барои ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI) маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳаҳо аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» дар ҳамкорӣ бо Фонди Ҳолландӣ “Perspectivity Challenge” амалӣ карда мешаванд.
Ҳадафи лоиҳаҳо баланд бардоштани иқтидори созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносони ҷавон, мақомоти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони маҳбасҳои Тоҷикистон дар самти пешгирии шиканҷа, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва мусоидат ба низоми одилона ва муассири зиндонҳо равона карда шудааст.
Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан бо Анел Тлеукеш, Менеҷер оид ба робита, тавассутӣ почтаи электронӣ communications.manager.pr@worldlawtj.org тамос гиред.