Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзҳои 23 ва 24-уми октябр ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас», ки узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аст, барои аҳолии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон машваратҳои ҳуқуқӣ гузарониданд.
Чорабинӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии оммаи васеи аҳолӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон баргузор гардид.
Дар маҷмуъ, 15 нафар аз хизматрасонии адвокатҳо истифода бурданд, ки ба саволҳои марбут ба муносибатҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ, манзилӣ ва гражданӣ таваҷҷуҳ доштанд.
Аз ҷумла, муроҷиаткардагон доир ба дахлнопазирии манзил, асосҳои озод кардан аз ҷазо, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима, шикоят аз амали (беамалии) шахси мансабдор ҳангоми истифодаи шиканҷа, имкониятҳо барои шаҳрвандони ҶТ, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои хориҷӣ бо адои ҷазо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд, ҳуқуқи ариза ё шикоят пешниҳод кардан аз ҷониби онҳое, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ маҳбусанд, ҳолатҳои ҳуқуқи судя барои боздоштани истеҳсолот аз рӯйи парвандаи ҷиноятӣ ва ғайра саволҳо пешниҳод намуданд.