Кӣ бояд наздикони боздоштшударо дар бораи боздошти ӯ огоҳ кунад?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Кӣ бояд наздикони боздоштшударо дар бораи боздошти ӯ огоҳ кунад?

ПОСУХ: Дар бораи боздошти шахс ва маҳали қарордоштаи боздоштшуда ё тағйир ёфтани маҳали қарордорӣ мақомоти боздошткунанда, ки истеҳсолоти судии ҷиноятиро пеш мебарад ва боздоштро анҷом медиҳад, уҳдадор аст ба ягон аъзои болиғи оила ё хешовандони наздики ӯ фавран хабар диҳад ва ё чунин онгоҳсозиро барои худи боздоштшуда фароҳам орад.

Дар бораи боздошти шаҳрванди давлати хориҷӣ мақомоти пешбарандаи истеҳсолоти судии ҷиноятӣ ва аҷомдиҳандаи боздошт аз лаҳзаи боздошти воқеӣ бояд ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳад ё дар ин хусус сафорат ва ё консулгарии ин давлатро огоҳ созад (моддаи 100-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Дар сурати поймол шудани ҳуқуқҳоятон шумо метавонед ба мақомоти дахлдор шикоят кунед ё барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ баҳри дарёфти ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат намоед.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

 +992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube:   https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj