Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ барои ҳар як сарбоз бояд аз муоинаи тиббӣ оғоз шавад. Духтур бояд картаи амбулатории даъватшавандаро омӯзад ва боз якбор ба шикоятҳои даъватшаванда оиди саломатиаш гӯш андозад.
Дар қисмҳои ҳарбӣ барои ҳар як сарбоз картаи тиббӣ кушода мешавад, ки дар он ҳама натиҷаҳои муоинаи тиббӣ қайд карда мешаванд. Барои духтурони қисмҳои ҳарбӣ аз ҳама зарураш дар он аст, ки сарбозони қобили хизматро ба қисми ҳарбӣ қабул намоянд.
Барои ҳамин, агар дар вақти даъват духтурҳои комиссариати ҳарбӣ ба шикоятҳои даъвашаванда оид ба саломатӣ аҳамияти зарурӣ надода бошанд, сарбоз бояд ба духтурони қисмҳои ҳарбӣ ҳама арзу шикоятҳои худро гӯяд. Духтур дар қисмҳои ҳарбӣ ҳуқуқи навдаъватшавандаро ба комиссияи тиббии ҳарбӣ барои муоинаи тиббӣ фиристонданро дорад.
Ҳифзи саломатии хизматчиёни ҳарбӣ бо ташкил кардани шароити хуби зиндагӣ ва бо андешидани чораҳо оиди паст намудани омилҳои хатарноки хизмати ҳарбӣ таъмин карда мешавад. Ин маъракаҳо бояд бо командирҳои қисмҳои ҳарбӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳукумати давлатӣ гузаронида шавад.
Ғамхорӣ оиди нигоҳдорӣ ва барқарор кардани саломатии сарбозон вазифаи командир аст. Ба ӯҳдаи онҳо вазифа оид ба тахмин намудани чораҳои бехатарӣ дар вақти гузаронидани машқҳо ва дигар чорабиниҳои ҳарбӣ, истифодаи яроқҳои оташфишон, корҳои истеҳсолӣ гузошта шудааст.
Шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи маъюби (ярадорӣ, зарбхӯрӣ, контузия) ё ҳангоми иҷрои ӯҳдадории хизмати ҳарбӣ бемор шудаанд ва аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, метавонанд дар муассисаҳои тиббии ҳарбӣ бо тартиби муайяннамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст) муоина шаванд ва табобат ёбанд.
Хизматчиёни ҳарбие, ки мувофиқи даъват хизмати ҳарбиро адо менамоянд ва курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ мувофиқи хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ бо табобати санаторию фароғатӣ бепул таъмин карда мешаванд.