Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
9-уми декабри соли 2024, аз соати 16:00 то 18:00 дар платформаи Jitsi Meet вебинари “Ҳуқуқи инсон: Нигоҳи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ зиёда аз 15 нафар ҷавонон ширкат варзиданд. Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право»), ки узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, ташкил карда шуд.
Ҳадафҳои вебинар инҳо буданд:
- Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон дар бораи ҳуқуқи инсон.
- Баррасии масъалаҳои актуалии вобаста ба ҳуқуқи инсон.
- Ҳавасмандгардонии ҷавонон барои иштироки фаъолона дар ҳифзи ҳуқуқи инсон.
Вебинар бо сухани ифтитоҳӣ оғоз гардида, дар он ташкилкунандагон аҳамияти мавзӯи ҳуқуқи инсонро барои ҷавонон баён намуданд. Иштирокчиён бо мафҳумҳои асосии ҳуқуқи инсон ва таърихи инкишофи онҳо шинос шуданд. Зимни баррасии масъалаҳои мубрами рӯз масоили калидии марбут ба озодӣ аз шиканҷа, ҳуқуқи занон, кӯдакон, шахсони дорои маъюбият, инчунин ҳуқуқҳои экологӣ ва манзилӣ муайян карда шуданд.
Дар анҷоми вебинар иштирокчиён барои омӯзиши минбаъдаи мавзуъ ва имкони иштирок дар лоиҳаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон тавсияҳо гирифтанд. Саволу ҷавоб чорабиниро ба поён расонида, ба иштирокчиён имкон доданд, ки дар бораи мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳ тавзеҳоти бештар гиранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиёни вебинар ба ташкилкунандагон изҳори сипос намуда, тавсияҳои зеринро пешниҳод намуданд:
- Ташкили силсилавебинарҳо оид ба ҷанбаҳои мушаххаси ҳуқуқи инсон.
- Гузаронидани чорабиниҳои офлайнии мавзӯӣ бо пешниҳоди платформа барои баҳсу баррасиҳо.
- Эҷоди платформа барои мубодилаи иттилоот ва идеяҳо дар байни ҷавонон.
Вебинар таваҷҷуҳи баланди ҷавононро ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва омодагии онҳо барои иштирок дар ҳифзи ин ҳуқуқҳо нишон дод. Иштирокчиён изҳор намуданд, ки хоҳиш доранд баррасии мавзӯро идома дода, ба ҳимояи фаъолонаи ҳуқуқи инсон машғул шаванд.
Гузаронидани чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид Раузинг ва лоиҳаи «Ҳамоҳангсозии кӯшишҳо барои инъикоси иттилоот дар бораи озодӣ аз шиканҷа», ки аз ҷониби International Partnership for Human Rights - IPHR маблағгузорӣ мешавад, имконпазир гардид.