Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар соли 2024 Гурӯҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 849 маводро бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ дар ҳамкорӣ бо дигар аъзо ва гурӯҳҳои Эътилоф омода кардаву дар сомонаи худ ҷой дод.
Дар давраи ҳисоботӣ Гурӯҳи расонаӣ медиа-стратегияи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ то соли 2030-ро таҳия намуд, ки ба инъикоси васеи масоили озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори оммаи миллӣ, минтақавӣ ва хориҷӣ, вокуниш ба ҳолатҳои мушаххаси истифодаи шиканҷа, мусоидат ба тағйироти системавӣ дар мубориза бар зидди шиканҷа равона шудааст.
Дар давоми сол Гурӯҳи расонаӣ чорабиниҳои Эътилофро бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа инъикос намуд. Масалан, дар пойтахт ва манотиқи кишвар машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ гузаронида шуд, ки ба ҳамаи муроҷиаткунандагон ёрии ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд.
Эътилоф бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ маъракаи иттилоотии «Конститутсияи худро бидон!»-ро баргузор намуд. Дар сомонаи Эътилоф ҳамарӯза як моддаи Конститутсия, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст, нашр гардид.
Моҳи апрел ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар ҶТ ба шумор меравад, дар радиои «Ватан» барномаи «Ёрии аввалия ба қурбониёни шиканҷа», дар моҳи июн бошад, дар ШТР «Азия» барномаи «Нақши давлат, ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма дар пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа»-ро гузаронид.
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мешавад, Гурӯҳи расонаӣ матолиби махсус омодаву нашр кард. Аз ҷумла, яке аз онҳо “Шикоятҳо аз шиканҷа: асосан нисбати мақомоти корҳои дохилӣ” аст, ки дар он муроҷиатҳои ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар се соли охир воридгашта таҳлил шуда, шаҳодат аз он медиҳанд, ки аз ҳама бештар шаҳрвандон дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шикоят мекунанд (https://notorturetj.org/news/zhaloby-na-pytki-v-osnovnom-na-organy-vnutrennih-del).
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар доираи маъракаи соли 2024 «Ҳуқуқи мо, ояндаи мо, ҳозир», ки аз ҷониби СММ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон эълон шуда буд, аксияи 30-рӯзаро амалӣ намуд: машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ дар шаҳри Душанбе, Бохтари вилояти Хатлон ва Хуҷанди вилояти Суғд, викторина барои аҳолӣ дар мавзӯи ҳуқуқи инсон, вебинари «Ҳуқуқи инсон: назари ҷавонӣ». Инчунин, ёддошти «Ҳуқуқи шумо!», ки дорои маълумот барои тамос, мафҳуми шиканҷа ва алгоритми амалҳоест, ки ба исботи мавҷудияти шиканҷа ва муносибати бераҳмона мусоидат мекунанд ва буклети «Ҳуқуқдон бошед!», ки дар он саволҳо ва ҷавобҳо дар мавзӯи ҳуқуқҳои инсон ҷой гирифтаанд, омода карда шуданд.
Илова бар ин, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маҳсулоти дорои логотипи Эътилоф - тақвимҳои деворӣ бо рақамҳои телефони боварии Гурӯҳи ёрии ҳуқуқиро тақсим намуд. Ҳангоми расонидани машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ҳудуди 100 чатр ва 64 адад термоистакон бо логотипи Эътилоф тақдим карда шуд.
Мақсад аз тақсим кардани маҳсулот бо логотипи Эътилоф ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба фаъолияти Эътилоф ва дар маҷмуъ ба масъалаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона тавассути ашёи барои истифодаи ҳаррӯза мувофиқ мебошад.