Курси электронӣ барои ҳуқуқшиносони ҷавон

Дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, барои ҳуқуқшиносони ҷавон оид ба ҳимоя, пешбурди ҳуқуқи инсон ва мубориза бо шиканҷа, курси электронӣ омода карда шудааст.

Курси электронӣ аз 7 модулҳо дар мавзӯъҳои зерин иборат аст:

-Стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона.

-Озодӣ аз шиканҷа ва муносибат аз ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф. Мафҳуми шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона.

-Ҳуқуқ ба дастрасӣ ба адолати судӣ ва баробарӣ дар назди қонун ва суд. Нақши адвокат;

- Механизмҳои ҳуқуқии миллӣ барои ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона

- Хизматрасониҳо барои қурбониёни поймолкунии ҳуқуқи инсон, қурбониёни муносибати бераҳмона ва шиканҷа

- Омодасозии шикоятҳои инфиродӣ ба мақомоти шартномавии

Курси электронӣ дар сомонаи ТҶ «Дунёи ҳуқуқ» ҷойгир шудааст, ба истиноди зерин пайравӣ кунед: https://course.worldlawtj.org/?lang=ru&option=login

Курси электронӣ инчунин дар сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷойгир карда шудааст.

ТҶ «Дунёи ҳуқуқ»