Барои маҷбуркунӣ ҷазо вуҷуд дорад?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Барои маҷбуркунӣ ҷазо вуҷуд дорад?

ПОСУХ: Бале, барои маҷбуркунӣ тибқи моддаи 134-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, ки дар он гуфта мешавад: Маҷбур намудани шахс барои иҷро кардан ё иҷро накардани ягон ҳаракат, ки бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбати ӯ ё нисбати дигар шахсони ба ӯ наздик, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки онҳо, паҳн кардани маълумоти туҳматангез ё ифшо намудани дигар маълумоте, ки онҳо онро ниҳон доштан мехоҳанд ва ё бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ин шахсон, бидуни аломатҳои ҷиноятҳои нисбатан вазнин содир шуда бошад,- ба корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад».

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

 

NotortureTj